https://sputnik.tj/20211122/bonu-tojik-futbol-avrupo-madina-1043691535.html
Аз Гурҷистон ба Малдив: тими нави Мадина Фозиловаи футболбоз аниқ шуд
Аз Гурҷистон ба Малдив: тими нави Мадина Фозиловаи футболбоз аниқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз анҷоми қаҳрамонии Гурҷистон варзишгари тоҷик ба бошгоҳи футзали Осиёи Ҷанубӣ рафт
2021-11-22T16:10+0500
2021-11-22T16:10+0500
2021-11-22T20:50+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
футзал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928079_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_f2ed3a9d77a81fa999d3784ea591cf39.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Футболбози тоҷик Мадина Фозилова, ки дар тими "Зебуннисо"-и Душанбе бозӣ мекард, озими Молдив шуд. Намояндаи Тоҷикистон ва роҳбарияти тими нави ӯ – "Малдив Порт Лимитед" расман ба мувофиқа расида, қарордод имзо карданд. Ҳамин тавр Фозилова, ки қаблан дар футболи калон бозӣ мекард, ба футзал гузашт.Ӯ қаблан дар мусобиқоти Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бомуваффақият бозӣ карда, узви тими миллӣ шуд ва сипас аз дастаҳои хориҷӣ пешниҳодҳо дарёфт кард. Мадина Фозилова дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар тими “Зебуннисо” бозӣ карда, унвони қаҳрамонии кишварро низ ба даст овардааст. Ҳамлагари тоҷик ба дарвозаи ҳарифон 58 гол зада, дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои дуюм қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки баҳори соли 2021 Мадина Фозилова, собиқ ҳамлагари бошгоҳи "Зебонисо", барои бозӣ дар тими WFC Nike ба чемпионати Гурҷистон рафта буд. Қобили зикр аст, ки баъди ин гузариш Мадина Фозилова аввалин бонуи футболбози Тоҷикистон шуд, ки барои бозӣ ба тими Аврупо рафт."Ман хеле шодам, ки бо талошу заҳмат тавонистам таваҷҷуҳи бошгоҳҳои дигарро ба худ ҷалб кунам. Ин дар мисоли тими малдивӣ рӯй дод. Маро ба даста даъват карданд, албатта, розӣ шудам. Аз бозиҳои дарпешистода мо дар як мусобиқаи маҳаллӣ, ки дар давоми ду моҳ баргузор мешавад, баромад хоҳем кард”, - гуфт варзишгар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон. Фозилова афзуд, ки барои пирӯзӣ овардан ба бошгоҳи нав тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад.
https://sputnik.tj/20211116/dukhtari-tennisbozi-tojik-ba-ima-raft-1043580974.html
https://sputnik.tj/20211107/dastai-perspolisi-tehron-futbolboz-tojikistoni-kharad-1043303109.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928079_62:0:814:564_1920x0_80_0_0_e194b72705fc744f64f8daaedd0ca8f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гурҷистон малдив тими мадина фозиловаи футбол
гурҷистон малдив тими мадина фозиловаи футбол
Аз Гурҷистон ба Малдив: тими нави Мадина Фозиловаи футболбоз аниқ шуд
16:10 22.11.2021 (Навсозишуда: 20:50 22.11.2021) Пас аз анҷоми Қаҳрамонии Гурҷистон варзишгари тоҷик ба бошгоҳи футзали Осиёи Ҷанубӣ рафт
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Футболбози тоҷик Мадина Фозилова, ки дар тими "Зебуннисо"-и Душанбе бозӣ мекард, озими Молдив шуд.
Намояндаи Тоҷикистон ва роҳбарияти тими нави ӯ – "Малдив Порт Лимитед" расман ба мувофиқа расида, қарордод имзо карданд.
Ҳамин тавр Фозилова, ки қаблан дар футболи калон бозӣ мекард, ба футзал гузашт.
Ӯ қаблан дар мусобиқоти Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бомуваффақият бозӣ карда, узви тими миллӣ шуд ва сипас аз дастаҳои хориҷӣ пешниҳодҳо дарёфт кард. Мадина Фозилова дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар тими “Зебуннисо” бозӣ карда, унвони қаҳрамонии кишварро низ ба даст овардааст.
Ҳамлагари тоҷик ба дарвозаи ҳарифон 58 гол зада, дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои дуюм қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки баҳори соли 2021 Мадина Фозилова, собиқ ҳамлагари бошгоҳи "Зебонисо", барои бозӣ дар тими WFC Nike ба чемпионати Гурҷистон рафта буд.
Қобили зикр аст, ки баъди ин гузариш Мадина Фозилова аввалин бонуи футболбози Тоҷикистон шуд, ки барои бозӣ ба тими Аврупо рафт.
"Ман хеле шодам, ки бо талошу заҳмат тавонистам таваҷҷуҳи бошгоҳҳои дигарро ба худ ҷалб кунам. Ин дар мисоли тими малдивӣ рӯй дод. Маро ба даста даъват карданд, албатта, розӣ шудам. Аз бозиҳои дарпешистода мо дар як мусобиқаи маҳаллӣ, ки дар давоми ду моҳ баргузор мешавад, баромад хоҳем кард”, - гуфт варзишгар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Фозилова афзуд, ки барои пирӯзӣ овардан ба бошгоҳи нав тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад.