Ду футболбози тоҷик ба "Персеполис" гузаштанд, аммо ҳоло дар он ҷо бозӣ карда наметавонанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМатч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Обуна шудан
Ахиран ду бозигари тими миллии Тоҷикистон барои идомаи корномаи варзишияшон ба Эрон рафтанд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ду бозигари тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов барои бозӣ дар яке аз дастаҳои қудратманди Эрон – "Персеполис" рафтанд.
Бозигарон аллакай аз муоинаи тиббӣ гузашта, бо бошгоҳ шартнома имзо карданд. Сафаров дар мавсими имсола таҳти рақами 33 бозӣ мекунад. Ҳанонов бошад, шумораи бистумро интихоб кардааст.
Шартномаи футболбозон то моҳи июни соли 2023 ва 2024 амал мекунад. "Истиқлол" ва "Персеполис" дар музокирот барои интиқоли футболбозон ба мувофиқа расиданд.
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Арзиши гузариши ду футболбози тоҷик ба тими "Персиполис" маълум шуд
Дар ҳамин ҳол футболбозони тоҷик ҳанӯз дар ҳайати "Персеполис" бинобар чанд омил бозӣ карда наметавонанд.
Ҳарчанд футболбозони тоҷик бо маҳорати олияшон сармураббии даста Яҳё Гулмуҳаммадиро ба ваҷд оварда бошанд ҳам, аммо бо кушода шудани равзанаи интиқол шартномаи ҳар ду бозигар бо ин бошгоҳ расман фаъол мешавад.
Гузашта аз ин кушодани равзана кифоя нест: бошгоҳ қарздор аст ва ҳоло иҷозати сабти номи бозигарони навро надорад.
Интизор меравад, ки маҳдудият дар моҳи декабр лағв шавад ва баъдан "Персеполис" метавонад ин ду футболбози тоҷикро сабти ном кунад.
Эхсони Панджшанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Футболбози бебаҳо: тоҷик дар ТОП-3 гаронтарин легионерҳои Ӯзбекистон аст
Баромади нахустини Сафаров ва Ҳононов ба бошгоҳи эронӣ шояд рӯзи 4 декабр дар дерби Теҳрон бо “Истиқлол” сурат бигирад.
"Персеполис" бошгоҳи футболи эронӣ аст, ки моҳи декабри соли 1963 дар Теҳрон таъсис ёфтааст. Тим дар лигаи ин кишвар иштирок мекунад ва дар мавсими 2019-20 унвони қаҳрамонро ба даст овардааст. Гузашта аз ин он яке аз маъруфтарин бошгоҳҳои Эрон аст.
Лентаи хабарҳо
0