https://sputnik.tj/20211130/habs-javonzan-sangvor-modarandar-1043844300.html
Ҳабси ҷавонзане дар Сангвор бо иттиҳоми тела додани модарандараш ба дарё
Ҳабси ҷавонзане дар Сангвор бо иттиҳоми тела додани модарандараш ба дарё
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳасби як ҷавонзан бо иттиҳоми одамкушӣ хабар дод
2021-11-30T13:35+0500
2021-11-30T13:35+0500
2021-11-30T18:52+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
куштори одам
марги нобаҳангом
кодекси ҷиноят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893799_0:149:3077:1880_1920x0_80_0_0_7b0c01521afd4650424da3ee39eba20e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Зани 29-сола, сокини ноҳияи Сангвор дар шарқи Тоҷикистон дар куштори модарандараш муттаҳам мешавад, хабар дод Вазорати умури дохилии кишвар. Мақомоти милиса дар пайи таҳқиқи ғарқшавии зани 43-сола ҳамчун гумонбар дар марги ӯ духтарандари 29-соларо боздошт кардаанд. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муайян шудааст, ки 26-уми ноябри соли равон, тахминан соати 15:00 ҷавонзан модарандари 43-солаашро бо роҳи фиреб ба соҳили дарёи Хингоб бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҳамсари падараш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, феълан алайҳи муттаҳам бо моддаи 104, қисми 1, Кодекси ҷиноӣ, барои қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани нафари дигар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ то 15 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бисёре аз ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла куштор дар пайи муноқишаи оилавӣ рух медиҳанд ва ба ин хотир шаҳрвандонро ба таҳаммулпазирӣ даъват намуданд.
https://sputnik.tj/20211129/zanon-badrashk-chi-boyad-1043820778.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893799_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_21a6c9f6f4e8dc42f4871b356150b4c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати умури дохилӣ, тоҷикистон, ҳабс, ҷавонзан, одамкушӣ
вазорати умури дохилӣ, тоҷикистон, ҳабс, ҷавонзан, одамкушӣ
Ҳабси ҷавонзане дар Сангвор бо иттиҳоми тела додани модарандараш ба дарё
13:35 30.11.2021 (Навсозишуда: 18:52 30.11.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як ҷавонзан бо иттиҳоми одамкушӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Зани 29-сола, сокини ноҳияи Сангвор дар шарқи Тоҷикистон дар куштори модарандараш муттаҳам мешавад, хабар дод Вазорати умури дохилии кишвар.
Мақомоти милиса дар пайи таҳқиқи ғарқшавии зани 43-сола ҳамчун гумонбар дар марги ӯ духтарандари 29-соларо боздошт кардаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муайян шудааст, ки 26-уми ноябри соли равон, тахминан соати 15:00 ҷавонзан модарандари 43-солаашро бо роҳи фиреб ба соҳили дарёи Хингоб бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҳамсари падараш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Мақомот мегӯянд, феълан алайҳи муттаҳам бо моддаи 104, қисми 1, Кодекси ҷиноӣ, барои қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани нафари дигар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ то 15 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бисёре аз ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла куштор дар пайи муноқишаи оилавӣ рух медиҳанд ва ба ин хотир шаҳрвандонро ба таҳаммулпазирӣ даъват намуданд.