Ихтиёрӣ ё "облава"? Омӯзгоронро аз дарс ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд

© AFP 2023 / XAVIER LEOTYУчитель во время урока. Архивное фото
Учитель во время урока. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Обуна шудан
Бархе аз сокинони вилояти Суғд мегӯянд, дар шаҳру навоҳии шимоли кишвар раванди аз дарс ба хидмат бурдани омӯзгорон ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и ноҳияи Деваштич дар бораи ба хидмат бурдани ду омӯзгори ин мактаб хабар доданд. Муаллимонро замоне ба хидмат бурдаанд, ки онҳо ба хонандаҳои мактаб дарс мегуфтанд.
Бино ба гуфтаи муаллимони ин мактаб, рӯзи ҷумъаи 26 ноябр, кормандони комиссариати ҳарбӣ ва чанд нафари дигар бо либоси мулкӣ ба мактаби № 7 омада, ду омӯзгорро ба хидмат бурдаанд.

“Онҳо бо баҳонаи иштирок дар маҷлиси ҷамоат омӯзгорон - Санҷар Ёров ва Фирдавс Бобоевро, ки яке аз фанни забони англисӣ ва дуюмӣ информатикаро дарс медод, ба ҷамоат бурда, аз он ҷо ба ноҳия ва баъдан ба комиссариати ҳарбии Суғд бурданд”, - гуфт яке аз омӯзгорон ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, он рӯз ҳамроҳи ин ду омӯзгор Зикрилло Юсупов ном як омӯзгори дигар ҳам будааст, ки то бинои комиссариати ноҳияи Деваштич бурда шудааст. Танҳо баъди дидани он ки ин муаллими ҷавон чанд дафъа ҷарроҳӣ шудааст, раҳояш кардаанд.
Проводы в армию таджикских новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Парванда алайҳи 50 нафаре, ки аз рафтан ба хидмат саркашӣ карданд: шарҳи додситонӣ
Омӯзгорони ҷалбшуда ба хидмат ба ҳамкорони худ иброз доштаанд, дар комиссариати ҳарбӣ аз онҳо барои ду аризаи қаблан омодашуда, яке барои бо хоҳиши худ аз кор рафтан ва дигаре барои бо хоҳиши худ ба хидмат рафтан иҷборан имзоро гирифтаанд.

Аз норасоӣ то иҷборан ба хидмат бурдани омӯзгорон

Муаллимони мактаби №7-и деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич мегӯянд, иҷборан ба хидмат бурдани омӯзгорон дар ҳолест, ки ҳоло норасоии муаллимони ҳирфаӣ мушкили рақами аввали макотиб дар деҳот ба ҳисоб меравад.

"Барои мисол, тибқи ҷадвал, 54 соат дарси забони англисӣ дар як ҳафтаро ду омӯзгор мегузаронданд. Ҳоло баъди ба артиш бурдани Санҷар Ёров 54 соати дарсиро як омӯзгор ба иҷро расонида наметавонад. Ҳоло ҷадвали тартибдодаи дарсӣ вайрон шуд”, - гуфт омӯзгори мактаб.

Манобеъ ҳамчунин гуфтанд, аз дигар макотиби ин ноҳия низ омӯзгорони ҷавон ва волидони онҳоро масъулони комиссияи даъвати ҳарбӣ ба назди худ хондаанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, соли ҷорӣ ба фарқ аз солҳои қаблӣ ҳудуди 800 наваскар ба нақшаи даъвати ҳарбии вилояти Суғд зам карда шудааст.

Волидон дар бораи "облава"-и донишҷӯён дар Панҷакент

Дар пайи оғози барномаи ҷалби наваскарон рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуи “облава” ё иҷбори ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз ҳар вақти дигар дида доғтар шудааст.
Ду рӯз қабл корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба нақл аз қавли волидон дар бораи "облава"-и донишҷӯёни донишкада ва коллеҷи шаҳри Панҷакент хабар нашр намуданд.
Умрӣ Кенҷаев, падари яке аз донишҷӯёни шаҳри Панҷакент иброз намудааст, ки писараш дар курси якум таҳсил мекард, аммо ӯро иҷборан ба хидмат бурдаанд.
Открытие мечетей в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Оё муллобачаҳо аз хидмати ҳарбӣ мегурезанд? Шарҳи Кумитаи дин
“Дарсба даромада писарам Ансориро бо се ҳамкурсаш ба зурӣ гирифта бурдаанд. Ӯ курси якум дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил мекард. Ман барои шикоят ба донишгоҳ рафтам, лекин ба ман гуфтанд, ки Ансорӣ бемор асту дарсба нест, баъдтар маълум шуд, ки ба комиссариат бурдаанд”- гила дорад Кенҷаев.
Даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли баҳору тирамоҳ амалӣ шуда, масъулин бисёр ба шеваи ғайриқонунии "сарбозшикор" ё худ "облава" даст мезананд. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавзуи ҷалби ҷавонон ба хидмат гуфта буд, ки дар ин росто қабл аз ҳама писарони фарзандони мансабдорони давлатӣ бояд намунаи ибрат бошанд.
Дар маъракаи даъвати тирамоҳии имсола ҷавонони солҳои таваллуди 1994-2003, ки ҳуқуқи ба таъхир ва ё озодшавӣ аз хидматро надоранд, ба артиш ҷалб мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0