https://sputnik.tj/20211124/mullobocha-khidmati-harbi-shari-kumitai-din-1043733512.html
Оё муллобачаҳо аз хидмати ҳарбӣ мегурезанд? Шарҳи Кумитаи дин
Оё муллобачаҳо аз хидмати ҳарбӣ мегурезанд? Шарҳи Кумитаи дин
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҷалби фарзандони имомхатибони кишварро ба хизмати ҳарбӣ шарҳ додааст
2021-11-24T14:10+0500
2021-11-24T14:10+0500
2021-11-24T15:11+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
даъват
хизмат
сарбозон
ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738540_0:126:3072:1854_1920x0_80_0_0_b98b3f0aaac2eca21a07ddcb7478b69b.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон фирори фарзандони мансабдорону сарватмандон аз хидмати ҳарбӣ зиёд мавриди баҳс қарор мегирад, нашрияи “СССР” масъалаи ба хидмат рафтани писарони рӯҳониёни кишварро баррасӣ кардааст.Нашрия аз қавли масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додаст, ки феълан наздики 10 нафар аз фарзандони имомхатибони масоҷиди кишвар дар хидмати ҳарбӣ қарор доранд. Манбаъ мисол овардааст, ки феълан фарзандони Карим Розиқов, имомхатиб аз ноҳияи Рашт, Мирмаҳмад Нуров, имомхатиб аз ноҳияи Нуробод, Ҳикматулло Шоев аз шаҳри Ҳисор, Нуруллоҳ Ҳидоятов аз шаҳри Конибодом, Рустам Эгамов аз шаҳри Панҷакент, Муҳиддин Кобулиев аз ноҳияи Тоҷикобод, Одина Сайдамиров аз ноҳияи Сангвор ва Саидҷон Асадуллоев аз ноҳияи Сино дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки феълан даъвати тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон давом дошта, ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, то ҳол ҳудуди 84 дарсади барномаи даъват иҷро шудааст.
https://sputnik.tj/20210930/khizmat-somoni-bileti-qonun-1042577417.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738540_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_144a21010ba1ec65ac8be55cb4828359.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хидмати ҳарбӣ, кумитаи дин, тоҷикистон, шарҳ, муллобача
хидмати ҳарбӣ, кумитаи дин, тоҷикистон, шарҳ, муллобача
Оё муллобачаҳо аз хидмати ҳарбӣ мегурезанд? Шарҳи Кумитаи дин
14:10 24.11.2021 (Навсозишуда: 15:11 24.11.2021) Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон қазияи ҷалби фарзандони имомхатибони кишварро ба хидмати ҳарбӣ шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон фирори фарзандони мансабдорону сарватмандон аз хидмати ҳарбӣ зиёд мавриди баҳс қарор мегирад, нашрияи “СССР” масъалаи ба хидмат рафтани писарони рӯҳониёни кишварро баррасӣ кардааст.
Нашрия аз қавли масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додаст, ки феълан наздики 10 нафар аз фарзандони имомхатибони масоҷиди кишвар дар хидмати ҳарбӣ қарор доранд.
Манбаъ мисол овардааст, ки феълан фарзандони Карим Розиқов, имомхатиб аз ноҳияи Рашт, Мирмаҳмад Нуров, имомхатиб аз ноҳияи Нуробод, Ҳикматулло Шоев аз шаҳри Ҳисор, Нуруллоҳ Ҳидоятов аз шаҳри Конибодом, Рустам Эгамов аз шаҳри Панҷакент, Муҳиддин Кобулиев аз ноҳияи Тоҷикобод, Одина Сайдамиров аз ноҳияи Сангвор ва Саидҷон Асадуллоев аз ноҳияи Сино дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат мекунанд.
"Имомон ва имомхатибон худ ташвиқгару тарғибгари хидмат ба Ватан - модаранд ва борҳо шудааст, ки фарзандони эшон ҳамчун намуна пеш аз ҳама ихтиёрӣ ба сафи артиш пайванданд", - таъкид доштаанд масъулини Кумитаи дин.
Ин дар ҳолест, ки феълан даъвати тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон давом дошта, ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, то ҳол ҳудуди 84 дарсади барномаи даъват иҷро шудааст.