Парванда алайҳи 50 нафаре, ки аз рафтан ба хидмат саркашӣ карданд: шарҳи додситонӣ

© Пресс-служба администрации Согдийской областиПроводы в армию таджикских новобранцев
Проводы в армию таджикских новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи 50 нафар парванда оғоз кардааст, ки аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи 50 нафар парванда оғоз кардааст, ки аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод даъватномаи комиссариятҳои ҳарбиро дар даъвати баҳорӣ сарфи назар карда, барои рафтан ба артиш ҳозир нашудаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, дар давраи даъвати баҳории соли ҷорӣ 2427 нафар аз нафароне, ки аз даъват ба хидмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, ба қайд гирифта шуда, бо шарҳи талаботи қонунҳои амалкунанда дар мавриди даъват ба аскарӣ ҳузури ин афрод онҳо ба хидмат дар суфуфи артиш ҷазб шудаанд.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2021
Коршинос гуфт, чаро бештари ҷавонони тоҷик майли аскарӣ надоранд: роҳи ҳалро нишон дод
Додситонӣ аз 50 парвандаи бозкардааш дутои онро, ки нисбат ба сокинони навоҳии Мастчоҳ ва Истаравшан аст, мисол овардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, шаҳрванд Турдибоев аз комиссияи даъватии ноҳияи Мастчоҳ гузашта, барои сарбозӣ даъват шуда, аммо номбурда аз рафтан ба хидмат саркашӣ намуда, дар вақти муаяншуда дар комиссариат ҳузур наёфтааст, ки ба ин далел додгоҳ ӯро аз озодӣ маҳрум кардааст.

"Ба ҳамин монанд нисбати истиқоматкунандагони шаҳри Истаравшан И. Ю. Ҷӯраев, С. А. Холиқов, ноҳияи Деваштич Б. Ҳ. Ҳакимзода ва дигарон парвандаҳои ҷиноӣ оғоз ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд", - афзудааст додситонӣ.

Тибқи Қонуи Асосии кишвар, афроде, ки аз рафтан ба сарбозӣ саркашӣ мекунанд, бар асоси моддаи 343-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, муҷозот мешаванд.
Ин модда маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол ва ё аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ мекунад
Ёдовар мешавем, ҳоло дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии наваскарон идома дорад, ки наздик ба анҷомёбист.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон соли ҷорӣ усули хидмати алтернативӣ ҷорӣ шуд.
Президент Таджикистана в учебном центре Погранвойск ГКНБ в Хороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2021
Раҳмон имзо кард: хизмати пулакӣ расмӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0