https://sputnik.tj/20211128/alyautdinov-quron-tojikiston-zani-duum-1043810115.html
Аляутдинов гирифтани зани дуюм дар шароити Тоҷикистонро аз нигоҳи шариат шарҳ дод
Аляутдинов гирифтани зани дуюм дар шароити Тоҷикистонро аз нигоҳи шариат шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Руҳонӣ Алятутдинов дар бораи шарти Қуръон барои мардҳое гуфт, ки мехоҳанд зани дувум гиранд ва фаҳмонд, ки чаро дар Тоҷикистон ва Русия аз нигоҳи шаръӣ ҳам... 28.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-28T13:15+0500
2021-11-28T13:15+0500
2021-11-28T16:00+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
иҷтимоъ
ислом
зан
шамил аляутддинов
оила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102095/27/1020952705_0:50:960:590_1920x0_80_0_0_6068b6462f3306f42ba98ff210e3a4b6.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Шамил Аляутдинов, рӯҳони маъруфи Русия, имомхатиби Масҷиди мемориалии Маскав, муаллифи даҳҳо китоби диниву психологӣ бар он аст, ки дар кишвари дунявӣ гирифтани ҳамсари дувум ғайриимкон аст.Ӯ мегӯяд, дар ин кишварҳо мафҳуми зани дувум вуҷуд надорад. Бо ҳамин сабаб, зани дувум беҳуқуқ мемонад ва шарти асосии ислом барои иҷозати никоҳи дигар – таъмини адолат нақз мешавад.Аслан, зани дувум кист? Кӣ ҳуқуқи гирифтани ҳамсари дувумро дорад? Дар давлати дунявӣ дин иҷозат медиҳад, ки мардон зани дувум гиранд? Шавҳар бе иҷозати зан ҳамсари дувум гирифта метавонад?Ба ин ва дигар суолҳои марбут ба мавзӯи мазкур Sputnik Тоҷикистон аз Шамил Аляутдинов посух гирифт.Аляутдинов мегӯяд, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ то ҳол фарҳанги ташкили оилаи мусалмонӣ, ҳатто дар ҳолати як зан ва як шавҳар рушд накардааст.“Чӣ монад ба сари бисёрҳамсарӣ”, - таъкид кард вай.Ба қавли имомхатиб, дар ҷомеаҳои мусалмонӣ, имрӯзҳо мардонеро низ метавон дучор шуд, ки на танҳо дар фикри таъмини хонаводаи худ нестанд, балки афзун бар ин, ҳамсари дувум мекобанд.Ба қавли имом, дар сӣ соли озодии эътиқоди динӣ ҷамъият натавонист марди мусалмонеро ба даст орад, ки арзишҳои Қуръон ва суннатро дар заминаи ахлоқи ҳамида риоя кунад.“Аммо, баробари ин, ҳодисаҳои зиёде буданд, ки амалҳои ғайриахлоқӣ ва ҷиноятҳо бо тарҷумаи сатр ба сатри Қуръон ва суннат рӯйпӯш мешуданд”, - меафзояд олим.Аляутдинов мегӯяд, дуруст аст, ки ислом ба чор зан иҷозат медиҳад, аммо як талаботи қотеона ва ҷиддиро бояд риоя кард, ки он адолат мебошад.Дар ҳолати кӯчактарин эҳтимоли ноадолатӣ мард танҳо ба як зан ҳуқуқ дорад.Масъалаи нозуки дигар дар кишварҳои дунявист – яъне дар қонунгузории чунин кишварҳо на танҳо мафҳуми зани дувум вуҷуд надорад, балки барои ҳамзистӣ бо ду зан дар як вақт муҷозот ҳам пешбинӣ шудааст.“Мувофиқи қонунгузории кишварҳои мо – Русия ва Тоҷикистон зани дувум доштан, хело мушкил аст, зеро бинобар набудани сабти никоҳ ҳуқуқҳои вай ҳамарӯза поймол мешаванд”, - мегӯяд имом.Ба гуфтаи Аляутдинов, дар кишварҳое, ки никоҳи дувум сабт намешаванд, аз ҷумла Тоҷикистон ва Русия, ҳамсари дувум барои мардон як ҳаваси муваққатист.“Бақайдгирии ақди никоҳи дувум дар САҲШ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, зани ба истилоҳ дувум аз масъулияти тамоми умр бештар як шуғли муваққатӣ аст”, - таъкид мекунад вай.Аммо, дар ҳамин ҳол, ба қавли ҷаноби Шамил, ба мардон барои гирифтани зани дувум иҷозати зани аввал лозим нест.Доштани зани дуюм дар матни Қуръон иҷозат дода шудааст (ҳарчанд бо қайду шартҳои муайян), аз ин рӯ, ҳеҷ кас наметавонад манъ кунад.“Аммо яке аз бузургтарин гуноҳон дар ислом зулми як нафари дигар аст ва аз ин ҳам бештар агар ин шахс зан ё кӯдак бошад. Нобаробарӣ дар ташкили оилаи дуюм бевосита поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои оилаи якум мебошад”- мегӯяд вай.Ҳамчунин, ислом никоҳи муваққатиро қатъиян манъ кардааст.Аз нигоҳи шариат ҳуқуқҳои ҳамаи ҳамсарони мард баробаранд, мегӯяд имом, аммо меафзояд, ки “аз нигоҳи воқеиятҳои қонунгузории Русия ва Тоҷикистон зани дуюм ягон ҳуқуқ надорад ва аз ин рӯ ташкили оилаи дуюм ба қонунҳои мусулмонӣ комилан мувофиқ нест”.
https://sputnik.tj/20200211/Agentii-muboriza-bo-korrupsiya-yagon-kormandi-mo-duzana-nest-1030697245.html
https://sputnik.tj/20211127/kadom-zan-mashuqa-zani-duvum-1043805164.html
https://sputnik.tj/20211127/shavharam-ba-man-khiyonat-1043799243.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102095/27/1020952705_54:0:907:640_1920x0_80_0_0_cf3b8fe8d59146a51d5ebc07637eed52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, иҷтимоъ, ислом, зан, шамил аляутддинов, оила
дар тоҷикистон, фарҳанг, иҷтимоъ, ислом, зан, шамил аляутддинов, оила
Аляутдинов гирифтани зани дуюм дар шароити Тоҷикистонро аз нигоҳи шариат шарҳ дод
13:15 28.11.2021 (Навсозишуда: 16:00 28.11.2021) Руҳонӣ Алятутдинов дар бораи шарти Қуръон барои мардҳое гуфт, ки мехоҳанд зани дувум гиранд ва фаҳмонд, ки чаро дар Тоҷикистон ва Русия аз нигоҳи шаръӣ ҳам гирифтани зани дуюм иҷозат нест
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Шамил Аляутдинов, рӯҳони маъруфи Русия, имомхатиби Масҷиди мемориалии Маскав, муаллифи даҳҳо китоби диниву психологӣ бар он аст, ки дар кишвари дунявӣ гирифтани ҳамсари дувум ғайриимкон аст.
Ӯ мегӯяд, дар ин кишварҳо мафҳуми зани дувум вуҷуд надорад. Бо ҳамин сабаб, зани дувум беҳуқуқ мемонад ва шарти асосии ислом барои иҷозати никоҳи дигар – таъмини адолат нақз мешавад.
Аслан, зани дувум кист? Кӣ ҳуқуқи гирифтани ҳамсари дувумро дорад? Дар давлати дунявӣ дин иҷозат медиҳад, ки мардон зани дувум гиранд? Шавҳар бе иҷозати зан ҳамсари дувум гирифта метавонад?
Ба ин ва дигар суолҳои марбут ба мавзӯи мазкур Sputnik Тоҷикистон аз Шамил Аляутдинов посух гирифт.
Аляутдинов мегӯяд, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ то ҳол фарҳанги ташкили оилаи мусалмонӣ, ҳатто дар ҳолати як зан ва як шавҳар рушд накардааст.
“Чӣ монад ба сари бисёрҳамсарӣ”, - таъкид кард вай.
Ба қавли имомхатиб, дар ҷомеаҳои мусалмонӣ, имрӯзҳо мардонеро низ метавон дучор шуд, ки на танҳо дар фикри таъмини хонаводаи худ нестанд, балки афзун бар ин, ҳамсари дувум мекобанд.
“Мард метавонад роҳат ба худ иҷозат диҳад, ки маъшуқабозӣ кунад ё ба ҷои фикри ояндаи хонавода ва фарзандони худро кардан, дар хона хоб бошаду занаш кор кунад. Ба болои ин, зани дувум ёфта, аз ҳисоби вай зиндагӣ намояд”, - изҳор дошт руҳонӣ.
Ба қавли имом, дар сӣ соли озодии эътиқоди динӣ ҷамъият натавонист марди мусалмонеро ба даст орад, ки арзишҳои Қуръон ва суннатро дар заминаи ахлоқи ҳамида риоя кунад.
“Аммо, баробари ин, ҳодисаҳои зиёде буданд, ки амалҳои ғайриахлоқӣ ва ҷиноятҳо бо тарҷумаи сатр ба сатри Қуръон ва суннат рӯйпӯш мешуданд”, - меафзояд олим.
Аляутдинов мегӯяд, дуруст аст, ки ислом ба чор зан иҷозат медиҳад, аммо як талаботи қотеона ва ҷиддиро бояд риоя кард, ки он адолат мебошад.
Дар ҳолати кӯчактарин эҳтимоли ноадолатӣ мард танҳо ба як зан ҳуқуқ дорад.
“Дар Қуръон гуфта шудаст: “Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед. Ин роҳи беҳтар аст, то муртакиби ситам нагардед”(Қуръон, 4:3)”, - иқтибос овард Аляутдинов.
Масъалаи нозуки дигар дар кишварҳои дунявист – яъне дар қонунгузории чунин кишварҳо на танҳо мафҳуми зани дувум вуҷуд надорад, балки барои ҳамзистӣ бо ду зан дар як вақт муҷозот ҳам пешбинӣ шудааст.
“Мувофиқи қонунгузории кишварҳои мо – Русия ва Тоҷикистон зани дувум доштан, хело мушкил аст, зеро бинобар набудани сабти никоҳ ҳуқуқҳои вай ҳамарӯза поймол мешаванд”, - мегӯяд имом.
Ба гуфтаи Аляутдинов, дар кишварҳое, ки никоҳи дувум сабт намешаванд, аз ҷумла Тоҷикистон ва Русия, ҳамсари дувум барои мардон як ҳаваси муваққатист.
“Бақайдгирии ақди никоҳи дувум дар САҲШ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, зани ба истилоҳ дувум аз масъулияти тамоми умр бештар як шуғли муваққатӣ аст”, - таъкид мекунад вай.
Аммо, дар ҳамин ҳол, ба қавли ҷаноби Шамил, ба мардон барои гирифтани зани дувум иҷозати зани аввал лозим нест.
Доштани зани дуюм дар матни Қуръон иҷозат дода шудааст (ҳарчанд бо қайду шартҳои муайян), аз ин рӯ, ҳеҷ кас наметавонад манъ кунад.
“Аммо яке аз бузургтарин гуноҳон дар ислом зулми як нафари дигар аст ва аз ин ҳам бештар агар ин шахс зан ё кӯдак бошад. Нобаробарӣ дар ташкили оилаи дуюм бевосита поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои оилаи якум мебошад”- мегӯяд вай.
Ҳамчунин, ислом никоҳи муваққатиро қатъиян манъ кардааст.
Аз нигоҳи шариат ҳуқуқҳои ҳамаи ҳамсарони мард баробаранд, мегӯяд имом, аммо меафзояд, ки “аз нигоҳи воқеиятҳои қонунгузории Русия ва Тоҷикистон зани дуюм ягон ҳуқуқ надорад ва аз ин рӯ ташкили оилаи дуюм ба қонунҳои мусулмонӣ комилан мувофиқ нест”.