Кадом занҳо маъшуқа ё зани дувум мешаванд?

© Pexels / Vera ArsicМуж и жена ссорятся
Муж и жена ссорятся - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Обуна шудан
Бонуе, ки худро эҳтиром мекунад, ҳеҷ гоҳ маъшуқа ё ҳамсари дувум шуданро қабул намекунад, мегӯяд равоншиноси тоҷик
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Узви Ҷамъияти равоншиносони Тоҷикистон, коршиноси мустақили соҳаи гендерӣ Марям Давлатова шарҳ дод, ки чаро бархе занон маъшуқа ё ҳамсари дувум буданро қабул мекунанд.
Масоили марбут ба бисёрзанӣ ва паёмадҳои он дар Тоҷикистон ахиран дар пайи қазияи шиканҷа шудани Мадина Мамадҷонова, зани ҷавоне дар Душанбе аз ҷониби ҳамсари маъшуқаш Азиза Давлатова пурбаҳс шуд. Феълан Мадина дар беморхона бистарӣ буда, Азиза бо шавҳараш Лутфулло Давлатов дар боздошт қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол равоншиноси тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон заноне, ки гузинаи ҳамсари дуюм шуданро интихоб мекунанд, бештар мешаванд. Онҳо зиндагиро осонтар гузаронидан мехоҳанд. Мехоҳанд масъалаҳояшонро бидуни андеша, сарсарӣ, бо як усули аз нигоҳи худашон осон ҳал кунанд, изҳор дошт Давлатова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Шамиль Аляутдинов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
"Гумроҳ": Шамил Аляутдинов дар бораи қазияи Мадина гуфт
Аммо ҳар зан ҳам маъшуқа ва ҳамсари дувум намешавад. Ба гуфтаи равоншинос, маъшуқаҳои мардҳои зандор, аслан арзишҳои анъанавиро ба назар намегиранд, ки пайомадҳои хубе надорад.
Бояд ба ин суолҳо посух ҷуст, ки зан чаро ба худаш ҳақ намедиҳад, ки шавҳари қонунӣ, ягона, барои худ мувофиқро пайдо кунад? Чаро арзиши худро намедонанд, ба худ ҳақ медиҳанд, ки зани дуюм ё маъшуқа бошанд ва ҳақ медиҳанд, ки зани дагареро озор бидиҳанд?
Давлатов мегӯяд, ин ҷо зарбаи равонии кӯдакиро мебинад, ки ҳазм нашудааст.

“Нафаре аз ҳисоби бадбахтие дигарон хушбахт намешавад. Инсони баркамол бояд фикр кунад, ки аз амалаш ҳам худаш баҳра биёрад ва ҳам ба атрофиён зарар нарасонад”, - таъкид намуд Давлатова.

Ба гуфтаи равоншинос, вақте инсон аз рӯи ҳамин ниятҳо кор мекунад, ҳам худаш хушбахт мешавад, ҳам дигарон нисбаташ андешаи бад намекунанд. Зеро андешаи мардум, нигоҳи мардум, дуои бад ё нек қувваи хеле муассир аст.
"Аз маломат барои худ ҷома дӯхтан кори хубе нест", таъкид намуд равоншинос.
Лентаи хабарҳо
0