https://sputnik.tj/20211127/shavharam-ba-man-khiyonat-1043799243.html
Чаро шавҳарам ба ман хиёнат мекунад?
Чаро шавҳарам ба ман хиёнат мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Хиёнат – аз нишонаҳои нобоварӣ ба худ аст, мегӯяд равоншиноси тоҷик Марям Давлатова. Ин коршинос шарҳ дод, ки сабабҳои хиёнати мардон дар чист
2021-11-27T16:40+0500
2021-11-27T16:40+0500
2021-11-29T12:23+0500
иҷтимоъ
хиёнат
равоншинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1c/1031648944_28:0:1905:1056_1920x0_80_0_0_eda2ea89ba931eaf6585cedfeec22352.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Хиёнатро боиси бесуботӣ ва ҷанҷол дар хонавода, ноором шудани муҳити оила, таъсири манфӣ ба ҳолати равонии фарзандон, хонавайронӣ ва ҳатто ҷиноят медонанд.Моҳе пеш хабари шиканҷа шудани Мадина Мамадҷонова ном зани ҷавоне дар Душанбе аз ҷониби ҳамсари маъшуқаш Азиза Давлатова ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.Ҳодиса боиси баҳсу мунозираҳои зиёд байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид: кӣ бештар дар он гунаҳкор аст? Ҳамсари бадрашк, марди хиёнаткор ва ё зане, ки ба худ иҷоза дод, ба оилаи дигар по халад?Spunik Тоҷикистон дар мисоли қазияи Мадина омилҳои хиёнатро аз равоншиноси тоҷик, узви Ҷамъияти равоншиносони Тоҷикистон, коршиноси мустақили соҳаи гендерӣ Марям Давлатова пурсид.Равоншинос ба суоли чаро мардон хиёнат мекунанд, чунин посух гуфт:Хиёнати мардҳо – чун ҳама гуна масъалаҳое, ки матраҳ мешавад, як тараф надорад. Чаро мардон хиёнат мекунанд?Ман дар симои Лутфулло Давлатов, аз рӯи маълумоти ахбори омма, мардеро дидам, ки шояд истиқлол мехост. Яъне сайр кардани мардон аз як зан ба зани дигар ҳамеша даъвои қудрат аст.Онҳо мехоҳанд дар ҷои дигар тавоноиашонро ба қадри кофӣ татбиқ кунанд, худашонро қодиру қаҳрамон ҳис кунанд.Тарафи дигари масъала ин аст, ки ин мард шояд мушкилии равонии даврони кӯдакӣ дошт.Аслан дар рӯи замин инсоне нест, ки зарбаи равонии кӯдакӣ надошта бошад. Ҳамаи мо дар даврони тифлӣ, аз 4-5-солагӣ қабули зарбаҳои равонии муайянеро сар мекунем. Он зарбаҳо трамплин месозанд. Дар асоси он одамон муқтадир мешаванд.Зарбаҳои равонии кӯдакӣ ҳам ҳамин аст, онҳо як намуди ваксина ҳастанд, ки одам тавассуташ ё боло меравад, ё дармемонад.Ман гумон мекунам, ки шояд ин мард ҳамин мушкилро дошт.Хиёнат на ҳамеша нишонаи норизогии мардон аз ҳамсаронашон аст. Мо гуфта наметавонем, ки Лутфулло аз занаш норизо буд, агар аз занаш норизо мебуд, ҷудо мешуд.Як чизи аҷиб аст, ин мард дар ҳуҷҷатҳояш Лутфулло ном дорад ва дар маърази ом худашро Парвиз гуфтааст, яъне ӯ аз номи гузоштаи волидон ризо набуд?Суолҳои зиёде пайдо мешаванд. Муносибати инсон бо номи худаш ин масъалаи хеле бузург аст, инсон номашро дӯст медорад ё не, агар не, чаро?Як сабаби хиёнати мардон ин қасд гирифтан аз ҳамсар аст, яъне байни зану шавҳар нофаҳмӣ сар мезанад ва мард бо ҳамин роҳ мехоҳад қасд гирад.Ин посухҳо нисбӣ буда, барои пурра муайн кардани омили ин мушкилӣ бояд равоншинос бо худи мард суҳбат анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20211127/shamil-alyautdinov-qaziyai-madina-1043786992.html
https://sputnik.tj/20211102/se-alomat-noravshan-khiyonat-1043230973.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1c/1031648944_262:0:1670:1056_1920x0_80_0_0_54f8e625fe226bc163fb0ecb3406f385.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хиёнат, мардҳо, иҷтимоъ
Чаро шавҳарам ба ман хиёнат мекунад?
16:40 27.11.2021 (Навсозишуда: 12:23 29.11.2021) Хиёнат – аз нишонаҳои нобоварӣ ба худ аст, мегӯяд равоншиноси тоҷик Марям Давлатова. Ин коршинос шарҳ дод, ки сабабҳои хиёнати мардон дар чист
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Хиёнатро боиси бесуботӣ ва ҷанҷол дар хонавода, ноором шудани муҳити оила, таъсири манфӣ ба ҳолати равонии фарзандон, хонавайронӣ ва ҳатто ҷиноят медонанд.
Моҳе пеш хабари шиканҷа шудани Мадина Мамадҷонова ном зани ҷавоне дар Душанбе аз ҷониби ҳамсари маъшуқаш Азиза Давлатова ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.
Ҳодиса боиси баҳсу мунозираҳои зиёд байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид: кӣ бештар дар он гунаҳкор аст? Ҳамсари бадрашк, марди хиёнаткор ва ё зане, ки ба худ иҷоза дод, ба оилаи дигар по халад?
Spunik Тоҷикистон дар мисоли қазияи Мадина омилҳои хиёнатро аз равоншиноси тоҷик, узви Ҷамъияти равоншиносони Тоҷикистон, коршиноси мустақили соҳаи гендерӣ Марям Давлатова пурсид.
Равоншинос ба суоли чаро мардон хиёнат мекунанд, чунин посух гуфт:
Хиёнати мардҳо – чун ҳама гуна масъалаҳое, ки матраҳ мешавад, як тараф надорад. Чаро мардон хиёнат мекунанд?
Ман дар симои Лутфулло Давлатов, аз рӯи маълумоти ахбори омма, мардеро дидам, ки шояд истиқлол мехост. Яъне сайр кардани мардон аз як зан ба зани дигар ҳамеша даъвои қудрат аст.
Онҳо мехоҳанд дар ҷои дигар тавоноиашонро ба қадри кофӣ татбиқ кунанд, худашонро қодиру қаҳрамон ҳис кунанд.
Тарафи дигари масъала ин аст, ки ин мард шояд мушкилии равонии даврони кӯдакӣ дошт.
Аслан дар рӯи замин инсоне нест, ки зарбаи равонии кӯдакӣ надошта бошад. Ҳамаи мо дар даврони тифлӣ, аз 4-5-солагӣ қабули зарбаҳои равонии муайянеро сар мекунем. Он зарбаҳо трамплин месозанд. Дар асоси он одамон муқтадир мешаванд.
Зарбаҳои равонии кӯдакӣ ҳам ҳамин аст, онҳо як намуди ваксина ҳастанд, ки одам тавассуташ ё боло меравад, ё дармемонад.
Ман гумон мекунам, ки шояд ин мард ҳамин мушкилро дошт.
Хиёнат на ҳамеша нишонаи норизогии мардон аз ҳамсаронашон аст. Мо гуфта наметавонем, ки Лутфулло аз занаш норизо буд, агар аз занаш норизо мебуд, ҷудо мешуд.
Як чизи аҷиб аст, ин мард дар ҳуҷҷатҳояш Лутфулло ном дорад ва дар маърази ом худашро Парвиз гуфтааст, яъне ӯ аз номи гузоштаи волидон ризо набуд?
Суолҳои зиёде пайдо мешаванд. Муносибати инсон бо номи худаш ин масъалаи хеле бузург аст, инсон номашро дӯст медорад ё не, агар не, чаро?
Як сабаби хиёнати мардон ин қасд гирифтан аз ҳамсар аст, яъне байни зану шавҳар нофаҳмӣ сар мезанад ва мард бо ҳамин роҳ мехоҳад қасд гирад.
Ин посухҳо нисбӣ буда, барои пурра муайн кардани омили ин мушкилӣ бояд равоншинос бо худи мард суҳбат анҷом диҳад.