https://sputnik.tj/20211127/tojikiston-badakhshoni-afghoniston-ord-1043794762.html
Аз тариқи Тоҷикистон ба навоҳии дурдасти Бадахшони Афғонистон орд фиристода мешавад
Аз тариқи Тоҷикистон ба навоҳии дурдасти Бадахшони Афғонистон орд фиристода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ин нахустин кумаки башардӯстона ҳаст, ки тариқи Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон фиристода мешавад
2021-11-27T10:40+0500
2021-11-27T10:40+0500
2021-11-29T11:30+0500
дар тоҷикистон
бадахшон
афғонистон
кӯмаки башардӯстона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1b/1043794732_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_3c1ea7c9913cd7f936b7eda55006c6be.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба Афғонистон баргузор гардид.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, кумаки мазкур аз 2,500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон фиристода мешавад.Ин кумаки башардӯстона тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.Расонидани кӯмаки башардӯстона дар ҳоле сурат мегирад, ки бо наздик шудани фасли зимистон дастрасии мардуми Афғонистон, бавижа сокинони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба озуқа душвор мегардад.Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кумакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд.Ёдовар мешавем, ки Комиссариати олии паноҳандагони СММ Ҳанс Фридрих Шоддер теъдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар қаламрави Тоҷикистонро ҳудуди 12 ҳазор нафар гуфта буд.Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо дар пайи дарёфти мақоми паноҳандагӣ ҳастанд.
https://sputnik.tj/20211030/fojiai-bashari-mardum-afghoniston-faqr-1043179705.html
https://sputnik.tj/20211023/komilov-uzbekiston-panohandagon-afghon-1043052635.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1b/1043794732_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_e069a247142ce5f8896f9ee1d5c1cfa2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумаки башардӯстона, бадахшон, афғонистон
кумаки башардӯстона, бадахшон, афғонистон
Аз тариқи Тоҷикистон ба навоҳии дурдасти Бадахшони Афғонистон орд фиристода мешавад
10:40 27.11.2021 (Навсозишуда: 11:30 29.11.2021) Ин нахустин кумаки башардӯстона аст, ки аз тариқи Тоҷикистон дастраси мардуми Бадахшони Афғонистон мегардад
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба Афғонистон баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, кумаки мазкур аз 2,500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон фиристода мешавад.
Ин кумаки башардӯстона тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.
Расонидани кӯмаки башардӯстона дар ҳоле сурат мегирад, ки бо наздик шудани фасли зимистон дастрасии мардуми Афғонистон, бавижа сокинони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба озуқа душвор мегардад.
Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кумакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд.
Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссариати олии паноҳандагони СММ Ҳанс Фридрих Шоддер теъдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар қаламрави Тоҷикистонро ҳудуди 12 ҳазор нафар гуфта буд.
Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо дар пайи дарёфти мақоми паноҳандагӣ ҳастанд.