https://sputnik.tj/20211023/komilov-uzbekiston-panohandagon-afghon-1043052635.html
Комилов: Ӯзбекистон тасмими қабули паноҳандагони афғонистониро надорад
Комилов: Ӯзбекистон тасмими қабули паноҳандагони афғонистониро надорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мегӯяд, мавқеи ин кишвар расонидани кумак ба интиқоли шаҳрвандони афғон ба қаламрави кишварҳои сеюми ҷаҳон аст, на дар нигоҳубини онҳо ҳамчун гуреза
2021-10-23T11:10+0500
2021-10-23T11:10+0500
2021-10-24T15:25+0500
афғонистон
ӯзбекистон
абдулазиз комилов
гурезаҳо
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042832586_229:575:2847:2048_1920x0_80_0_0_2f62f5375073a6001614d70ab743a7a3.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ӯзбекистон паноҳандаҳои афғонистониро қабул намекунад ва мавҷи вуруди онҳо ҳоло ба назар намерасад, гуфтааст вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов, хабар медиҳад РИА "Новости".Ба гуфтаи вазир, манзури Ӯзбекистон расонидани кумак дар транзит ва баровардани шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави кишварҳои сеюм аст, на пазируфтани онҳо ҳамчун гуреза.Дар авоили моҳи август ҷонибдорони "Толибон"* амалиёти худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд. Он 15 август бидуни ҷанг Кобулро ғасб кард ва худи ҳамон рӯз аз анҷоми ҷанг хабар дод. Сипас давоми ду ҳафта шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, ба кишварҳои дигар интиқол дода шуданд. Ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон дар авоили моҳи сентябр эълон шуд. Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад. Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон"* қудратро дар даст дорад, фақр рӯз ба рӯз дар ин кишвар бештар мешавад, иқтисод сукут мекунад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст. * - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211022/timi-millii-kriketi-afghoniston-kobul-bargardad-1043039998.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042832586_638:437:2786:2048_1920x0_80_0_0_ff9efb93f46af4117d3501a000b091e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
комилов ӯзбекистон паноҳандагон афғон
комилов ӯзбекистон паноҳандагон афғон
Комилов: Ӯзбекистон тасмими қабули паноҳандагони афғонистониро надорад
11:10 23.10.2021 (Навсозишуда: 15:25 24.10.2021) Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мегӯяд, манзури ин кишвар расонидани кумак дар раванди интиқоли шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави кишварҳои сеюм аст, на қабули онҳо ба унвони паноҳанда дар ин ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ӯзбекистон паноҳандаҳои афғонистониро қабул намекунад ва мавҷи вуруди онҳо ҳоло ба назар намерасад, гуфтааст вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Дарҳол мегӯям: ҷараёни вуруди фирориён мушоҳида намешавад. Умуман паноҳанда нест. Мо дар аввал изҳор доштем, ки гурезаҳоро қабул намекунем", - гуфт Комилов.
Ба гуфтаи вазир, манзури Ӯзбекистон расонидани кумак дар транзит ва баровардани шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави кишварҳои сеюм аст, на пазируфтани онҳо ҳамчун гуреза.
Дар авоили моҳи август ҷонибдорони "Толибон"* амалиёти худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд.
Он 15 август бидуни ҷанг Кобулро ғасб кард ва худи ҳамон рӯз аз анҷоми ҷанг хабар дод.
Сипас давоми ду ҳафта шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, ба кишварҳои дигар интиқол дода шуданд.
Ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон дар авоили моҳи сентябр эълон шуд.
Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон"* қудратро дар даст дорад, фақр рӯз ба рӯз дар ин кишвар бештар мешавад, иқтисод сукут мекунад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон