https://sputnik.tj/20211126/qallob-kharidufurush-moshin-pul-1043775306.html
Боз қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин: "Инфинити"-ро гирифту пулашро надод
Боз қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин: "Инфинити"-ро гирифту пулашро надод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳолати дигари қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст 26.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-26T12:09+0500
2021-11-26T12:09+0500
2021-11-26T17:05+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
мошин
вкд
қаллобӣ
боздошт
харидуфурӯш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043775702_0:60:3427:1988_1920x0_80_0_0_d1548f0c7c7b3347e140345771bce675.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, як мард мошини "Инфинитие"-ро аз сокини шаҳри Турсунзода гирифта, онро фурӯхтааст, аммо маблағашро ба соҳибаш барнагардондааст.Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 36-солаи сокини Дӯстиро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд.Манбаъ афзуд, ки номбурда моҳи августи соли равон дар шаҳри Бохтар бо марди 43-солаи сокини шаҳри Турсунзода шинос шуда, ба боварии ӯ даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи "Инфинити"-ро ба маблағи 120 000-сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифтааст.Мақомот мегӯянд, ин нафар ба соҳиби мошин ваъда додааст, ки маблағашро рӯзҳои наздик бармегардонад, аммо мошинро фурӯхта, пули онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.ВУД таъкид намуд, алайҳи номбурда аз тарафи шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Вақтҳои охир аз тарафи мақомоти умури дохилӣ дар бораи ҳолатҳои қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин зиёд иттилоъ дода мешавад.Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағро аз худ мекунанд.
https://sputnik.tj/20211125/qallobi-dushanbe-pul-khona-mvd-1043764108.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043775702_349:0:3078:2047_1920x0_80_0_0_25a41a8721dd7330970ad1f3163d39e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, мошин, вкд, қаллобӣ, боздошт, харидуфурӯш
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, мошин, вкд, қаллобӣ, боздошт, харидуфурӯш
Боз қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин: "Инфинити"-ро гирифту пулашро надод
12:09 26.11.2021 (Навсозишуда: 17:05 26.11.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳолати дигари қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, як мард мошини "Инфинитие"-ро аз сокини шаҳри Турсунзода гирифта, онро фурӯхтааст, аммо маблағашро ба соҳибаш барнагардондааст.
Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 36-солаи сокини Дӯстиро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки номбурда моҳи августи соли равон дар шаҳри Бохтар бо марди 43-солаи сокини шаҳри Турсунзода шинос шуда, ба боварии ӯ даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи "Инфинити"-ро ба маблағи 120 000-сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифтааст.
Мақомот мегӯянд, ин нафар ба соҳиби мошин ваъда додааст, ки маблағашро рӯзҳои наздик бармегардонад, аммо мошинро фурӯхта, пули онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
ВУД таъкид намуд, алайҳи номбурда аз тарафи шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Вақтҳои охир аз тарафи мақомоти умури дохилӣ дар бораи ҳолатҳои қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин зиёд иттилоъ дода мешавад.
Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағро аз худ мекунанд.