https://sputnik.tj/20211125/qallobi-dushanbe-pul-khona-mvd-1043764108.html
Қаллобӣ дар Душанбе: сокини пойтахт пули хона доду соҳиби манзил нашуд
Қаллобӣ дар Душанбе: сокини пойтахт пули хона доду соҳиби манзил нашуд
Sputnik Тоҷикистон
Сокини 30 - солаи Душанбе барои соҳиби манзили зист шудан ҳанӯз як сол қабл 41 ҳазор доллар дод, вале ҳамоно соҳиби хона нашуд
2021-11-25T18:30+0500
2021-11-25T18:30+0500
2021-11-25T19:50+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/04/1026170436_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_2e1a3fc717cbcdf576b3a213c462a624.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия аз як ҳодиса қаллобӣ дар пойтахт хабар медиҳанд. Ба иттилои дафтари матбуотии ВУД, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.Ба таъкиди ӯ, ҳанӯз моҳи феврали соли 2020 дар назди бинои истиқоматиаш марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 41 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.Манбаъ меафзояд, бо гузашти қариб як сол сокини пойтахт на соҳиби хона шудаву на маблағи додаашро бозпас гирифтааст.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.Ҳамчунин як ҳодисаи нави қаллобӣ дар шаҳри Конибодом сурат гирифтааст, ки дар натиҷа сокини 36-солаи ин шаҳр аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудааст.Номбурда моҳи августи соли равон аз ҳамдеҳаи 60-солаи худ автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира"-ро 41 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, нася гирифтааст."Аввалҳои моҳи сентябр мошини мазкурро ба марди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр ба маблағи 35 500 сомонӣ фурӯхтаааст, вале маблағи гирифтаро танҳо ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, ба соҳиби мошин пулро барнагардондааст.ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20211115/ojonsi-kapitan-vkd-bozdosht-1043543551.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/04/1026170436_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_6f0c83b784255b0fdf00969080a2c6b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе қаллобӣ
Қаллобӣ дар Душанбе: сокини пойтахт пули хона доду соҳиби манзил нашуд
18:30 25.11.2021 (Навсозишуда: 19:50 25.11.2021) Сокини 30-солаи Душанбе барои соҳиби манзили зист шудан ҳанӯз як сол қабл 41 ҳазор доллар дод, вале ҳамоно соҳиби хона нашудааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия аз як ҳодиса қаллобӣ дар пойтахт хабар медиҳанд. Ба иттилои дафтари матбуотии ВУД, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Ба таъкиди ӯ, ҳанӯз моҳи феврали соли 2020 дар назди бинои истиқоматиаш марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 41 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
"Маслиҳати онҳо чунин буд, ки бар ивази ин маблағ аз кӯчаи И. Сомонӣ як манзили истиқоматиро ба номи корафтода ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, бо гузашти қариб як сол сокини пойтахт на соҳиби хона шудаву на маблағи додаашро бозпас гирифтааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин як ҳодисаи нави қаллобӣ дар шаҳри Конибодом сурат гирифтааст, ки дар натиҷа сокини 36-солаи ин шаҳр аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудааст.
Номбурда моҳи августи соли равон аз ҳамдеҳаи 60-солаи худ автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира"-ро 41 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, нася гирифтааст.
"Аввалҳои моҳи сентябр мошини мазкурро ба марди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр ба маблағи 35 500 сомонӣ фурӯхтаааст, вале маблағи гирифтаро танҳо ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, ба соҳиби мошин пулро барнагардондааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.