https://sputnik.tj/20211126/bonk-milli-safiri-saudi-bonkdorii-islomi-kishvar-1043786774.html
Раиси Бонки миллӣ ва сафири Саудӣ рушди бонкдории исломиро дар кишвар баррасӣ карданд
Раиси Бонки миллӣ ва сафири Саудӣ рушди бонкдории исломиро дар кишвар баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдан, сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-11-26T18:25+0500
2021-11-26T18:25+0500
2021-11-26T19:04+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
сафир
бонки миллӣ
мулоқот
молия
арабистони саудӣ
исломӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043786327_0:53:800:503_1920x0_80_0_0_6b3aa8218b46818ea3520e57a38b1f4e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҳоким Холиқзода ба сафари Саудӣ аз рушди 9-дарсадии ММД-и Тоҷикистон дар даҳмоҳаи соли равон хабар дода, аз сабукиҳои андозбандӣ дар кишвар гуфтааст. Тибқи иттилои БМТ, Ҳоким Холиқзода аз тағйироту сабукиҳо дар бахши андозбандӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зикр намуда, таъкид кардааст, ки барои сармоягузорӣ дар бахши бонкдории исломӣ имкониятҳои васеъ фароҳам гардидаанд. Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдан дар мулоқот ҳавасмандии Арабистони Саудӣ барои тақвияти муносибот бо Тоҷикистонро баён доштааст. "Шароите, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахши бонкдорӣ фароҳам оварда шудааст, қобили таваҷҷуҳ аст ва мо кӯшиш менамоем, ки аз имконияти мазкур барои ҷалби сармоягузорони кишвари худ истифода намоем", - ваъда додаст сафир. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллӣ, ҷонибҳо масъалаи вусъат бахшидани корҳои марбут ба имзои ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявиро таъкид кардаанд. Аз ҷумла ин санад ҳамкориҳо дар бахши муқовимат бар зидди софкории пул, маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқамандро фаро мегирад. Дар охир Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдан мақомдорони Бонки миллии Тоҷикистонро барои боздид аз Бонки марказӣ ва шиносоии бештар бо низоми бонкӣ ба Арабистони Саудӣ даъват намудааст, ки пазируфта шудааст.
https://sputnik.tj/20210903/raisi-bonki-milli-istiqlolyat-nizomi-bonki-peshraviho-1042039907.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043786327_47:0:758:533_1920x0_80_0_0_8991f6c902c6ae249fbff670dc6e853f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳоким холиқзода, сафири саудӣ, раиси бонки миллӣ, навтаъйин, ҳамкорӣ, густариш
ҳоким холиқзода, сафири саудӣ, раиси бонки миллӣ, навтаъйин, ҳамкорӣ, густариш
Раиси Бонки миллӣ ва сафири Саудӣ рушди бонкдории исломиро дар кишвар баррасӣ карданд
18:25 26.11.2021 (Навсозишуда: 19:04 26.11.2021) Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдан, сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҳоким Холиқзода ба сафари Саудӣ аз рушди 9-дарсадии ММД-и Тоҷикистон дар даҳмоҳаи соли равон хабар дода, аз сабукиҳои андозбандӣ дар кишвар гуфтааст.
Тибқи иттилои БМТ, Ҳоким Холиқзода аз тағйироту сабукиҳо дар бахши андозбандӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зикр намуда, таъкид кардааст, ки барои сармоягузорӣ дар бахши бонкдории исломӣ имкониятҳои васеъ фароҳам гардидаанд.
"Аз ин лиҳоз тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни бонкҳои марказӣ ва тиҷоратии ду кишвар ба манфиат хоҳад буд", - изҳор кардааст раиси Бонки миллӣ.
Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдан дар мулоқот ҳавасмандии Арабистони Саудӣ барои тақвияти муносибот бо Тоҷикистонро баён доштааст.
"Шароите, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахши бонкдорӣ фароҳам оварда шудааст, қобили таваҷҷуҳ аст ва мо кӯшиш менамоем, ки аз имконияти мазкур барои ҷалби сармоягузорони кишвари худ истифода намоем", - ваъда додаст сафир.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллӣ, ҷонибҳо масъалаи вусъат бахшидани корҳои марбут ба имзои ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявиро таъкид кардаанд. Аз ҷумла ин санад ҳамкориҳо дар бахши муқовимат бар зидди софкории пул, маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқамандро фаро мегирад.
Дар охир Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдан мақомдорони Бонки миллии Тоҷикистонро барои боздид аз Бонки марказӣ ва шиносоии бештар бо низоми бонкӣ ба Арабистони Саудӣ даъват намудааст, ки пазируфта шудааст.