Толибон барномаҳои ҳалолу ҳароми телевизионро эълон карданд

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Обуна шудан
Вазорати амри ба маъруф ва наҳй аз мункари гурӯҳи толибон пахши барномаҳои телевизионии мухолиф бо шариати исломро мамнуъ кард
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Вазорати амри ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон ба расонаҳо ҳушдор додааст, аз пахши сериалҳое, ки занон дар он иҷрои нақш карданд, худдорӣ кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон таъкид кардааст, ки расонаҳои телевизионӣ набояд филм ва сериалҳоеро пахш кунанд, ки бар зидди усули шаръӣ ва арзишҳои Афғонистон бошанд.
Ҳамчунин ин ниҳоди ҳукумати толибон илова кардааст, ки пахши филмҳои дохилӣ ва хориҷие, ки дар он фарҳанг ва оини хориҷиҳо бозтоб меёбад ва сабаби бадахлоқӣ дар ҷомеа мешавад, манъ аст.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Коршинос: Сиёсати толибон тағйир ёфтааст
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон ҳамчунин қайд кардааст, барномаҳои тафреҳии телевизионӣ набояд ба тарзе таҳия шавад, ки дар он ба касе таҳқир ва иҳонат шуда бошад.
Дар ҳамин ҳол пахши сериалҳое, ки дар он ба шиорҳои динӣ ва каромати инсонӣ иҳонат шуда бошад, мамнуъ аст.
Толибон пахши сериалҳоеро, ки дар он нақши паёмбарон ва асҳоби Пайғамбари ислом (с) тамсил шуда бошад, мутлақан ҳаром ва мамнуъ эълон кард.
Бар асоси ин дастури толибон, барандаҳои зан бояд ҳиҷоби исломиро риоят ва аз ҳузур дар барномаҳои танзӣ худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0