https://sputnik.tj/20211124/siyosat-tolibon-taghyir-1043730046.html
Коршинос: Сиёсати толибон тағйир ёфтааст
Коршинос: Сиёсати толибон тағйир ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос сиёсати толибони то соли 2001 ва сиёсати толибони кунуниро муқоиса кард
2021-11-24T12:30+0500
2021-11-24T12:30+0500
2021-12-22T19:40+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
тағйирот
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_00291b7935310065b1f0b29ae3268f2a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Таалатбек Масодиқов гуфт, сиёсати толибон аз он чӣ, ки қабл аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон буд, фарқ мекунад.Ӯ ин андешаро дар ҳошияи конфронси Қирғизистону Русия таҳти унвони “Вақеъияти нави Афғонистон: таҳдидҳо ва чолишҳо барои Осиёи Марказӣ ва Русия” иброз дошт. Ба қавли коршинос, пешрафт вуҷуд дорад, аммо он қадар бузург, тавре ки дигар кишварҳо мехоҳанд, нест.Вай афзуд, ин масъала боз боқӣ мемонаду мардуми Афғонистон ва ҳукумати феълӣ роҳҳои қобили қабули ҳалли онро пайдо хоҳанд кард.Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибонДар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт. "Ҳукумати паштуншумул": тору пуди ҳукумате, ки "Толибон"* эълон карданд Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Регистонӣ: Толибон мехоҳанд Афғонистонро иёлоте аз Покистон бисозанд Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда дорад.
https://sputnik.tj/20211123/kumak-ittihod-avrupo-tolibon-1043710748.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_99:0:2830:2048_1920x0_80_0_0_44e9f1bc2aef9094fae1432335b4892c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, сиёсат,
толибон, афғонистон, сиёсат,
Коршинос: Сиёсати толибон тағйир ёфтааст
12:30 24.11.2021 (Навсозишуда: 19:40 22.12.2021) Коршинос сиёсати толибони то соли 2001 ва сиёсати толибони кунуниро муқоиса кардааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Таалатбек Масодиқов гуфт, сиёсати толибон аз он чӣ, ки қабл аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон буд, фарқ мекунад.
Ӯ ин андешаро дар ҳошияи конфронси Қирғизистону Русия таҳти унвони “Вақеъияти нави Афғонистон: таҳдидҳо ва чолишҳо барои Осиёи Марказӣ ва Русия” иброз дошт.
"Агар Толибони кунуниро бо онҳое, ки қабл аз ҳамлаи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар соли 2001 буданд, муқоиса кунем, табиист, ки бисёр чиз тағйир ёфтааст. Ҳоло толибон дар муносибат бо ВАО, таҳсили духтарон, ҳуқуқи занон назари дигар доранд", - гуфт ӯ.
Ба қавли коршинос, пешрафт вуҷуд дорад, аммо он қадар бузург, тавре ки дигар кишварҳо мехоҳанд, нест.
Вай афзуд, ин масъала боз боқӣ мемонаду мардуми Афғонистон ва ҳукумати феълӣ роҳҳои қобили қабули ҳалли онро пайдо хоҳанд кард.
Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибон
Дар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда дорад.