Суоли сокинони Суғд: Барф бориду сардиҳо расид, аммо барқ кай мерасад?

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Обуна шудан
Сокинони шаҳру навоҳии Суғди Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди боридани барф ва фаро расидани сардиҳо ҳамоно интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳо қатъ мешавад
ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Бино ба гуфти сокинони деҳоти Суғд, ҳамоно реҷаи барқрасонӣ муайян набуда, шабона ва ҳам гоҳо рӯзона ғайриинтизор барқ қатъ мегардад. Абдулҳаким Усмонов, сокини ҷамоати Яхтани ноҳияи Деваштич мегӯяд, то ҳанӯз қатъкунии интиқоли барқ дар деҳоти онҳо идома дорад.

“Шабона аз соати 23:00, гоҳе 22:00 то саҳар, соати 05:00, гоҳе 06:00 барқ қатъ мешавад. Гоҳ-гоҳ рӯзона ҳам, соатҳои 11:00 ва 12:00 то 14:00 барқ хомӯш мешавад”, - гуфт Усмонов.

Дигар сокинони шаҳру навоҳии Суғд ҳам дар бораи мушкили хомӯшкунии барқ таъкид меварзанд.
Суҳроб Раҳимов, як сокини ноҳияи Шаҳристон мегӯяд, бо вуҷуди боридани барф ва фаро расидани сардиҳо қатъи барқ идома дорад. Ӯ мегӯяд, чунин вазъ кору зиндагии онҳоро дар шароити русто мушкилтар месозад.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Душанбе ба Афғонистон барқ медиҳад? Аз шарҳи лимиту музокирот бо толибҳо то шартҳои фурӯш
“Ба ҳама маълум аст, ки шароити русторо бе парвариши чорво тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳама дар хонааш гову гӯсфанд парвариш намуда ва аз ҳамин ҳисоб бори зиндагиро кашола мекунанд. Аммо дар шароити бебарқӣ чорводорӣ мушкил аст. Барои мисол, шаб, дар торикӣ расонидани хӯрок назди чорво кори басо мушкил аст”, - иброз намуд ин сокини русто.
Чанде қабл Рустам Пӯлотов, раиси ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқи ҳама шаҳру навоҳии Суғдро ҳамин идора зери назорат дорад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, барои муайян намудани реҷаи барқрасонӣ дар шимоли кишвар ба унвонии роҳбарони “Барқи Тоҷик” мактуб ироа намудааст, вале бо гузашти ду ҳафта ҳамоно аз масъулин посухе нагирифтааст.

“Реҷаи барқрасониро Хадамоти фаврӣ-таъминотии ширкати “Барқи Тоҷик” муайян мекунад. Аз сабаби хомӯш намудани барқ сокинони зиёд ба мо муроҷиат мекунанд”, - зикр намуд, раиси ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан.

Рӯзи 17-уми ноябр дар пайи барфрезӣ ва сардшавии ҳаво роҳу кӯчаҳои навоҳии Суғд як баст.
Электросчетчик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Нагаронии мақомот аз зиёдшавии қарзи барқ дар Кӯлоб
Қатъи интиқоли барқ дар кишвар аз нимаҳои моҳи сентябр шуруъ шуда, то ҳоло идома дорад.
Масъулони идораҳои тақсимоти барқ қаблан хомӯшкунии барқро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои интиқоли барқ шарҳ дода, мегуфтанд, ин ҳама корҳои профилактикӣ буда, барои дар фасли сармо бе мушкил расонидани барқи доимӣ ба аҳолии роҳандозӣ аст.
Сокинон мегӯянд, барф ҳам бориду ҳаво ба таври қобили мулоҳиза сард шуд, вале ҳамоно мушкили қатъи барқ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0