https://sputnik.tj/20211116/barq-tojik-tojikiston-afghoniston-barq-mefurushad-1043581140.html
Душанбе ба Афғонистон барқ медиҳад? Аз шарҳи лимиту музокирот бо толибҳо то шартҳои фурӯш
Душанбе ба Афғонистон барқ медиҳад? Аз шарҳи лимиту музокирот бо толибҳо то шартҳои фурӯш
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон "лимит" нест, ширкат омодагӣ мебинад, ки аҳолӣ дар зимистон бетанқисӣ бо барқ таъмин шавад ва “Барқи тоҷик” бо толибҳо ягон гуфтушунид накардааст
2021-11-16T19:35+0500
2021-11-16T19:35+0500
2021-11-16T23:46+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
афғонистон
осиёи марказӣ
ширкати "барқи тоҷик"
маҳдудият
мусоҳиба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:4288:2412_1920x0_80_0_0_8596f8c0c825d490b71a0bb00913e61f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ширкати холдингии “Барқи тоҷик” бори дигар таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон ягон "лимит" ё маҳдудияти барқрасонӣ дар назар набуда, қатъи барқ вобаста ба шабакаҳои интиқоли барқ аст. Аммо ин ширкат аз мардум хоҳиш мекунад, ки барқро сарфакорона истифода баранд.Аз оғози моҳи октябр сокинони Тоҷикистон аз набудани барқ дар маҳалҳояшон мегуфтанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қариб аз тамоми минтақаҳо шикоят аз он мекарданд, ки дар маҳалҳояшон барқро хомӯш мекунанд. Изҳори норизоиятии онон аз ин буд, ки далели қатъи барқро таъмир мегӯянд, аммо барқ шабона қатъ мешавад. “Оё дар шаб ҳам таъмир идома меёбад?” - мепурсиданд, корбарон.Бархеи дигар менавиштанд: “Оё намешуд, таъмир дар фасли гармо, ки нисбатан талабот ба барқ камтар аст, анҷом шавад?”.Хабарҳои дигар дар бораи фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, ки вазъ дар ин кишвар печида аст, низ паҳн мегардиданд ва ин боиси шубҳаи бештари сокинон мешуд.Sputnik Тоҷикистон бо намояндаи ширкати барқрасонӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ мусоҳибаи муфассал анҷом дод ва ба суолҳо посух гирифт.Ёдгорӣ ҳама гуна “лимит”-ро қотеона рад мекунад, муҳлати анҷоми корҳои таъмириро “ба наздикӣ” мегӯяд ва таъкид мекунад, ки Тоҷикистон дар зимистон барқашро пеш аз ҳама ба аҳолии худаш медиҳад, на кишварҳои ҳамсоя.Чаро барқ хомӯш мешавад?Ширкати мазкур моҳе пеш низ пас аз рад кардани сарусадоҳои баргашти дубораи лимит ба Тоҷикистон сабаби қатъ шудани барқро шарҳ дода буд.Ёдрас менамоем, лимит дар Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2008 ҷорӣ шуда, ҳар сол, зимистон амалӣ мешуд ва ин ҳол то моҳи январи соли 2017 идома пайдо кард. 14 январи ҳамон сол раисҷумҳури Тоҷикистон расман ба аҳолӣ муроҷиат карда, хабар дод, ки кишвар, хушбахтона, аз мушкили норасоии барқ баромад ва минбаъд ҳама гуна маҳдудиятҳои барқрасонӣ аз миён бардошта хоҳанд шуд.Ҳарчанд Ёдгорӣ лимитро рад мекунад, вай иқрор мешавад, ки ду соли охир дар Тоҷикистон камобӣ ба назар мерасад.Ба қавли вай, 90 дарсади системаи гидроэнергетикии Тоҷикистон тавассути об аст, ки арзонтарин нерӯи тавлиди барқ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.“Ҳар сол дар оғози зимистон ба мо лозим меояд, ки дастгоҳҳои калони барқӣ, аз нерӯгоҳҳо сар карда то зеристгоҳҳо ба таъмир фаро гирфта шаванд. Худ аз худ маълум аст, ки вақте дастгоҳҳои энергетикӣ таъмир мешаванд, онҳо бояд хомӯш карда шаванд. Ин ҳама ба он хотир аст, ки чун дар фасли зимистон ҳаво хеле сард мешавад, мардум беҳтару хубтар бо барқ таъмин бошанд. Ин дар доираи ягон лимит ё маҳдудият нест”, - мегӯяд намояндаи ширкат дар посух ба суоли "чаро барқ хомӯш мешавад?".Нозирҷон Ёдгорӣ ба суоли он ки "чаро маҳдудият маҳз бо оғози тирмоҳ сар мешаваду таъмир ҳам дар ин давра сурат мегирад?", чунин посух дод:“Системаи энергетикӣ ҳама вақт дар зери шиддат аст, тамоми сол мо ба таъмир сарукор дорем, аммо дар зимистон якбори дигар ҷиддан таъмир мекунем. Мисол хатти бландшиддати Ҷануб - Шимол дар релефи бисёр мушкил аст ва агар дар зимистон вайрон шавад, боз мушкилтар мешавад”.Ёдрас менамоем, дар Тоҷикистон бо оғози сардиҳо ниёз ба нерӯи барқ бештар мешавад, зеро аҳолӣ дар гарм кардани хонаҳову омода кардани хӯрок низ бештар аз нерӯи барқ вобаста мебошанд.Ёдгорӣ низ мегӯяд, агар солҳои аввали истиқлол дар як шабонарӯз як хонавода 2,5 -3 киловатт-соат нерӯи барқ истифода мебурд, ҳоло дар зимистон ҳар як муштарӣ то 20 киловатт барқ истифода мекунад.“Дар шароити кишвари мо дар фасли зимистон истифодаи барқ хеле зиёд мешавад, аз рӯи ҳисобҳои мо, дар солҳои 1990-1991 аҳолии кишвар ба қадри 1 миллиард киловатт-соат дар як сол истифода мебурд, ҳоло бошад, аҳолӣ дар тобистон то 35-40 дарсад ва зимистон то 50 дарсади барқи истеҳсолшударо истифода мебарад”, - таъкид мекунад ӯ. Шумораи мизоҷон бошад, ба 1,5 миллион расидааст.Баробари ин, ба иттилои ширкат, дар давраи истиқлол дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ 2 ҳазор мегаватт бештар шудааст. “Дар ин давра нерӯгоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуданд”, - меафзояд вай.Ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз то 50 миллион киловатт-соат аз ин нерӯ истеҳсол мешавад, ки он агар сарфакорона истифода шавад, талаботи аҳолиро мепӯшонад. Афзун бар ин дар тобистон ҳам истеҳсолот зиёд асту ҳам талаботи дохилӣ камтар. Агар дар солҳои 90 дар ҷумҳурӣ то 17 миллиард киловат-соат дар як сол истеҳсол мешуд, ҳоло истеҳсоли барқ 20-21 миллиард киловатт-соат дар як сол аст. Ва ин камтар аз 5 фоизи захираҳои энергетикии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.Аммо новобаста аз ин, ба қавли Ёдгорӣ, то пурра ба кор даромадани “Роғун” ва пур кардани обанбори он таъмини барқ дар Тоҷикистон ҳар зимистон аз табиат вобаста мешавад.“Ҳоло захираи ягонаи мо обанбори "Норак" мебошад, ки он барои таъминоти яксола аст. Яъне мо “Норак”-ро пур мекунем фақат барои як сол. Мо ба нерӯгоҳи "Норак", ки манбаи асосии барқи Тоҷикистон аст, аз нуқтаи 910 метр то нуқтаи 857 метр, ҳамагӣ 53 метр оби захираи зимистон дорем, ки инро бояд пурра ҳисобу китоб карда, ба мардум расонем”, - тавзеҳ медиҳад ӯ.Ширкати “Барқи тоҷик” аз сокинон хоҳиш мекунад, ки қувваи барқро сарфакорона истифода баранд.“Ман ҳамчун намояндаи расмии "Барқи тоҷик" ба истифодабарандагон муроҷиат мекунам, ки агар мо барқро сарфакорона истифода барем, аз он танқисӣ намекашем. Он тадбирҳое, ки ҳукумат ва Вазорати энергетика андешида истодаанд, имконият фароҳам меоранд, мардуми мо бо ин нерӯ таъмин бошанд”, - мегӯяд вай.Ба қавли Ёдгорӣ, ҳоло қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон барқ хомӯш мешавад (ғайр аз ВМКБ, ки таъминот аз ҷониби ширкати “Помир-энержӣ” ба роҳ монда мешавад).Ба гуфти вай, вақте хатти 500-киловаттии интиқоли барқи Ҷануб - Шимол таъмир мегардад, Суғд пурра аз таъминоти “Норак” берун мешавад ва дар минтақа танҳо аз тариқи нерӯгоҳи “Қайроққум” барқ тақсим карда мешавад, ки он иқтидори таъмини 20 дарсади вилоятро дораду халос.Ёдгорӣ дар посух ба суоле ки ҳамарӯза ва ҳамагонро нигарон кардааст - "кай маҳдудият ба анҷом мерасад?", мегӯяд, “феълан кам шуда истодааст маҳдудият ва дар назар аст, ки то давраи оғози зимистон таъмир ба анҷом расида, аҳолӣ пурра бо барқ таъмин шавад”."Барқи тоҷик" феълан барои рафъи маҳдудият дар интиқоли барқ ба коркарди тамоми роҳҳо омодааст. Ёдгорӣ мегӯяд, “агар ширкате ё соҳибкори инфиродие барои бунёди нерӯҳои бодӣ ё офтобӣ камар бандад, “Барқи тоҷик” ӯро дастгирӣ хоҳад кард”.Ёдорвар мешавем, аз 1 январи соли равон, мувофиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, шикати “Барқи тоҷик” ба се корхона - ширкати “Барқи тоҷик”, ки масъули истеҳсоли барқ аст, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” тақсим шуд.Ёдгорӣ мегӯяд, мақсад аз ин иқдом беҳтару хубтар ба роҳ мондани кор буд ва натиҷаҳои он дар ҷамъбасти сол, баъди як соли фаъолият маълум хоҳад шуд.Тоҷикистон ба толибҳо барқ мефурӯшад?Тоҷикистон яке аз кишварҳои содиркунандаи барқ ба ҳисоб меравад. Кишвар бо Ӯзбекистону Афғонистону Қирғизистон ҳамкориҳои танготанги энержӣ дорад.Ба қавли намояндаи ширкати “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон дар ҳақиқат бо ҳамсояҳо энержӣ додугирифт мекунад, вале он танҳо дар тобистон сурат мегирад, ки аҳолӣ то 35 дарсади барқи истеҳсолшударо истифода мебараду бештар аз он ба хориҷ меравад.Дар мавриди Афғонистон бошад, Тоҷикистон чанд сол аст, ки бо ширкати “Брешно” шартнома дорад, на бо толибҳо, қайд мекунад ӯ.“Ба Афғонистон дар тобистон то 500 мегаватт ва зиёда аз он барқ интиқол медиҳем, ҳоло бошад, ҳамагӣ 25-30 мегаватт интиқол дода мешавад, то таҷҳизоти энергетикӣ намонад. Ин ба таъмини як ноҳияи кишвар ҳам намерасад”,- мегӯяд вай.Ёдгорӣ ба суоли он ки "оё Афғонистон аз “Барқи тоҷик” қарзе дорад?", гуфт, “ширкате, ки мо ҳамкорӣ дорем ва шартнома дорем, ба мо ваъда додааст, ки маблағи онро пардохт мекунад”.Дар ҳамин ҳол аввали моҳ хабар дода шуд, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон барқ хариданист ва барои ин як ҳайат ба Тоҷикистон сафар кардааст.Нозирҷон Ёдгорӣ дар бораи натиҷаҳои ин гуфтушунид изҳор дошт, ки “ягон санаде имзо нашудааст, зеро Тоҷикистон иқтидори дар зимистон фурӯхтани барқро надорад ва дар фасли сармо пеш аз ҳама талаботи дохилиро таъмин мекунад”.Ин фармони ҳукумати кишвар аст, меафзояд ӯ.
https://sputnik.tj/20211113/qarz--barqi-tojik-sangtuda-2-milliar-1043528047.html
https://sputnik.tj/20211013/barqi-tojik-qat-intiqol-quvva-barq-1042818128.html
https://sputnik.tj/20211027/qarz-barq-tojik-sangtuda-1-1043112339.html
https://sputnik.tj/20211004/tojikiston-sodirot-barq-afghoniston-qirghiziston-1042639340.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:3797:2848_1920x0_80_0_0_2bff13b9389cd5376f39ef6f672c13f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, барқ,
тоҷикистон, афғонистон, барқ,
Душанбе ба Афғонистон барқ медиҳад? Аз шарҳи лимиту музокирот бо толибҳо то шартҳои фурӯш
19:35 16.11.2021 (Навсозишуда: 23:46 16.11.2021) Дар Тоҷикистон "лимит" нест, ширкат омодагӣ мебинад, ки аҳолӣ дар зимистон пурра бо барқ таъмин шавад ва “Барқи тоҷик” бо толибҳо ягон гуфтушунид накардааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ширкати холдингии “Барқи тоҷик” бори дигар таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон ягон "лимит" ё маҳдудияти барқрасонӣ дар назар набуда, қатъи барқ вобаста ба шабакаҳои интиқоли барқ аст. Аммо ин ширкат аз мардум хоҳиш мекунад, ки барқро сарфакорона истифода баранд.
Аз оғози моҳи октябр сокинони Тоҷикистон аз набудани барқ дар маҳалҳояшон мегуфтанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қариб аз тамоми минтақаҳо шикоят аз он мекарданд, ки дар маҳалҳояшон барқро хомӯш мекунанд.
Изҳори норизоиятии онон аз ин буд, ки далели қатъи барқро таъмир мегӯянд, аммо барқ шабона қатъ мешавад. “Оё дар шаб ҳам таъмир идома меёбад?” - мепурсиданд, корбарон.
Бархеи дигар менавиштанд: “Оё намешуд, таъмир дар фасли гармо, ки нисбатан талабот ба барқ камтар аст, анҷом шавад?”.
Хабарҳои дигар дар бораи фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, ки вазъ дар ин кишвар печида аст, низ паҳн мегардиданд ва ин боиси шубҳаи бештари сокинон мешуд.
Sputnik Тоҷикистон бо намояндаи ширкати барқрасонӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ мусоҳибаи муфассал анҷом дод ва ба суолҳо посух гирифт.
Ёдгорӣ ҳама гуна “лимит”-ро қотеона рад мекунад, муҳлати анҷоми корҳои таъмириро “ба наздикӣ” мегӯяд ва таъкид мекунад, ки Тоҷикистон дар зимистон барқашро пеш аз ҳама ба аҳолии худаш медиҳад, на кишварҳои ҳамсоя.
Ширкати мазкур моҳе пеш низ пас аз рад кардани сарусадоҳои баргашти дубораи лимит ба Тоҷикистон сабаби қатъ шудани барқро шарҳ дода буд.
Ёдрас менамоем, лимит дар Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2008 ҷорӣ шуда, ҳар сол, зимистон амалӣ мешуд ва ин ҳол то моҳи январи соли 2017 идома пайдо кард. 14 январи ҳамон сол раисҷумҳури Тоҷикистон расман ба аҳолӣ муроҷиат карда, хабар дод, ки кишвар, хушбахтона, аз мушкили норасоии барқ баромад ва минбаъд ҳама гуна маҳдудиятҳои барқрасонӣ аз миён бардошта хоҳанд шуд.
Ҳарчанд Ёдгорӣ лимитро рад мекунад, вай иқрор мешавад, ки ду соли охир дар Тоҷикистон камобӣ ба назар мерасад.
“Маҷрои дарёи Вахш аз соли 1932 ҳар шабонарӯз ба ҳисоб гирифта мешавад, дар 12-13 сол як сикли камобӣ пайдо мешавад ва ин сикл дар мо соли гузашта ва соли равон ба назар расид”, - мегӯяд ӯ.
Ба қавли вай, 90 дарсади системаи гидроэнергетикии Тоҷикистон тавассути об аст, ки арзонтарин нерӯи тавлиди барқ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
“Ҳар сол дар оғози зимистон ба мо лозим меояд, ки дастгоҳҳои калони барқӣ, аз нерӯгоҳҳо сар карда то зеристгоҳҳо ба таъмир фаро гирфта шаванд. Худ аз худ маълум аст, ки вақте дастгоҳҳои энергетикӣ таъмир мешаванд, онҳо бояд хомӯш карда шаванд. Ин ҳама ба он хотир аст, ки чун дар фасли зимистон ҳаво хеле сард мешавад, мардум беҳтару хубтар бо барқ таъмин бошанд. Ин дар доираи ягон лимит ё маҳдудият нест”, - мегӯяд намояндаи ширкат дар посух ба суоли "чаро барқ хомӯш мешавад?".
Нозирҷон Ёдгорӣ ба суоли он ки "чаро маҳдудият маҳз бо оғози тирмоҳ сар мешаваду таъмир ҳам дар ин давра сурат мегирад?", чунин посух дод:
“Системаи энергетикӣ ҳама вақт дар зери шиддат аст, тамоми сол мо ба таъмир сарукор дорем, аммо дар зимистон якбори дигар ҷиддан таъмир мекунем. Мисол хатти бландшиддати Ҷануб - Шимол дар релефи бисёр мушкил аст ва агар дар зимистон вайрон шавад, боз мушкилтар мешавад”.
Ёдрас менамоем, дар Тоҷикистон бо оғози сардиҳо ниёз ба нерӯи барқ бештар мешавад, зеро аҳолӣ дар гарм кардани хонаҳову омода кардани хӯрок низ бештар аз нерӯи барқ вобаста мебошанд.
Ёдгорӣ низ мегӯяд, агар солҳои аввали истиқлол дар як шабонарӯз як хонавода 2,5 -3 киловатт-соат нерӯи барқ истифода мебурд, ҳоло дар зимистон ҳар як муштарӣ то 20 киловатт барқ истифода мекунад.
“Дар шароити кишвари мо дар фасли зимистон истифодаи барқ хеле зиёд мешавад, аз рӯи ҳисобҳои мо, дар солҳои 1990-1991 аҳолии кишвар ба қадри 1 миллиард киловатт-соат дар як сол истифода мебурд, ҳоло бошад, аҳолӣ дар тобистон то 35-40 дарсад ва зимистон то 50 дарсади барқи истеҳсолшударо истифода мебарад”, - таъкид мекунад ӯ. Шумораи мизоҷон бошад, ба 1,5 миллион расидааст.
Баробари ин, ба иттилои ширкат, дар давраи истиқлол дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ 2 ҳазор мегаватт бештар шудааст. “Дар ин давра нерӯгоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуданд”, - меафзояд вай.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз то 50 миллион киловатт-соат аз ин нерӯ истеҳсол мешавад, ки он агар сарфакорона истифода шавад, талаботи аҳолиро мепӯшонад. Афзун бар ин дар тобистон ҳам истеҳсолот зиёд асту ҳам талаботи дохилӣ камтар. Агар дар солҳои 90 дар ҷумҳурӣ то 17 миллиард киловат-соат дар як сол истеҳсол мешуд, ҳоло истеҳсоли барқ 20-21 миллиард киловатт-соат дар як сол аст. Ва ин камтар аз 5 фоизи захираҳои энергетикии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
“Агар дар Тоҷикистон ҳамаи он имкониятҳову захираҳое ки ҳастанд, истифода шаванд, кишвар метавонад дар як сол зиёда аз 527 миллиард киловат-соат барқ истеҳсол кунад”, - мегӯяд намояндаи “Барқи тоҷик”.
Аммо новобаста аз ин, ба қавли Ёдгорӣ, то пурра ба кор даромадани “Роғун” ва пур кардани обанбори он таъмини барқ дар Тоҷикистон ҳар зимистон аз табиат вобаста мешавад.
“Ҳоло захираи ягонаи мо обанбори "Норак" мебошад, ки он барои таъминоти яксола аст. Яъне мо “Норак”-ро пур мекунем фақат барои як сол. Мо ба нерӯгоҳи "Норак", ки манбаи асосии барқи Тоҷикистон аст, аз нуқтаи 910 метр то нуқтаи 857 метр, ҳамагӣ 53 метр оби захираи зимистон дорем, ки инро бояд пурра ҳисобу китоб карда, ба мардум расонем”, - тавзеҳ медиҳад ӯ.
Ширкати “Барқи тоҷик” аз сокинон хоҳиш мекунад, ки қувваи барқро сарфакорона истифода баранд.
“Ман ҳамчун намояндаи расмии "Барқи тоҷик" ба истифодабарандагон муроҷиат мекунам, ки агар мо барқро сарфакорона истифода барем, аз он танқисӣ намекашем. Он тадбирҳое, ки ҳукумат ва Вазорати энергетика андешида истодаанд, имконият фароҳам меоранд, мардуми мо бо ин нерӯ таъмин бошанд”, - мегӯяд вай.
Ба қавли Ёдгорӣ, ҳоло қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон барқ хомӯш мешавад (ғайр аз ВМКБ, ки таъминот аз ҷониби ширкати “Помир-энержӣ” ба роҳ монда мешавад).
Ба гуфти вай, вақте хатти 500-киловаттии интиқоли барқи Ҷануб - Шимол таъмир мегардад, Суғд пурра аз таъминоти “Норак” берун мешавад ва дар минтақа танҳо аз тариқи нерӯгоҳи “Қайроққум” барқ тақсим карда мешавад, ки он иқтидори таъмини 20 дарсади вилоятро дораду халос.
Ёдгорӣ дар посух ба суоле ки ҳамарӯза ва ҳамагонро нигарон кардааст - "кай маҳдудият ба анҷом мерасад?", мегӯяд, “феълан кам шуда истодааст маҳдудият ва дар назар аст, ки то давраи оғози зимистон таъмир ба анҷом расида, аҳолӣ пурра бо барқ таъмин шавад”.
"Барқи тоҷик" феълан барои рафъи маҳдудият дар интиқоли барқ ба коркарди тамоми роҳҳо омодааст. Ёдгорӣ мегӯяд, “агар ширкате ё соҳибкори инфиродие барои бунёди нерӯҳои бодӣ ё офтобӣ камар бандад, “Барқи тоҷик” ӯро дастгирӣ хоҳад кард”.
Ёдорвар мешавем, аз 1 январи соли равон, мувофиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, шикати “Барқи тоҷик” ба се корхона - ширкати “Барқи тоҷик”, ки масъули истеҳсоли барқ аст, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” тақсим шуд.
Ёдгорӣ мегӯяд, мақсад аз ин иқдом беҳтару хубтар ба роҳ мондани кор буд ва натиҷаҳои он дар ҷамъбасти сол, баъди як соли фаъолият маълум хоҳад шуд.
Тоҷикистон ба толибҳо барқ мефурӯшад?
Тоҷикистон яке аз кишварҳои содиркунандаи барқ ба ҳисоб меравад. Кишвар бо Ӯзбекистону Афғонистону Қирғизистон ҳамкориҳои танготанги энержӣ дорад.
Ба қавли намояндаи ширкати “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон дар ҳақиқат бо ҳамсояҳо энержӣ додугирифт мекунад, вале он танҳо дар тобистон сурат мегирад, ки аҳолӣ то 35 дарсади барқи истеҳсолшударо истифода мебараду бештар аз он ба хориҷ меравад.
“Мо бо Қирғизистону Ӯзбекистон додугирифти барқ дорем. Яъне барқро намефурӯшем, балки барқ медиҳему барқ мегирем. Масалан, аввали рӯз мо ба Ӯзбекистон як миқдор барқ медиҳем, ки ин барои ба танзим даровардани система лозим аст, ҳамин қадар барқро боз ҳамон рӯз ё рӯзи дигар мегирем”, - таъкид мекунад вай.
Дар мавриди Афғонистон бошад, Тоҷикистон чанд сол аст, ки бо ширкати “Брешно” шартнома дорад, на бо толибҳо, қайд мекунад ӯ.
“Ба Афғонистон дар тобистон то 500 мегаватт ва зиёда аз он барқ интиқол медиҳем, ҳоло бошад, ҳамагӣ 25-30 мегаватт интиқол дода мешавад, то таҷҳизоти энергетикӣ намонад. Ин ба таъмини як ноҳияи кишвар ҳам намерасад”,- мегӯяд вай.
Ёдгорӣ ба суоли он ки "оё Афғонистон аз “Барқи тоҷик” қарзе дорад?", гуфт, “ширкате, ки мо ҳамкорӣ дорем ва шартнома дорем, ба мо ваъда додааст, ки маблағи онро пардохт мекунад”.
Дар ҳамин ҳол аввали моҳ хабар дода шуд, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон барқ хариданист ва барои ин як ҳайат ба Тоҷикистон сафар кардааст.
Нозирҷон Ёдгорӣ дар бораи натиҷаҳои ин гуфтушунид изҳор дошт, ки “ягон санаде имзо нашудааст, зеро Тоҷикистон иқтидори дар зимистон фурӯхтани барқро надорад ва дар фасли сармо пеш аз ҳама талаботи дохилиро таъмин мекунад”.
Ин фармони ҳукумати кишвар аст, меафзояд ӯ.