https://sputnik.tj/20211114/nagaronii-maqomot-az-ziyodshavii-qarzi-barq-dar-kulob--1043536303.html
Нагаронии мақомот аз зиёдшавии қарзи барқ дар Кӯлоб
Нагаронии мақомот аз зиёдшавии қарзи барқ дар Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини ҶСК “Шабакаҳои барқ” дар шаҳри Кӯлоб хабар додааст, ки қарзи аҳолӣ аз барқ ба беш аз 214 миллион расидааст
2021-11-14T15:10+0500
2021-11-14T15:10+0500
2021-11-15T13:31+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
кӯлоб
қарзҳо
хатлон
аҳолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032629888_0:154:2948:1812_1920x0_80_0_0_4c4e7f8c37bf7f10d91caa7a34626206.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қарзи барқ аз муштариён ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ зиёда аз 336 миллиону 727 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст сомонаи ҳафтаномаи “Фараж”.Манбаъ иттилоъ додааст, ки аз ин арқом 214 миллиону 772 ҳазораш қарзи аҳолӣ мебошад, ки боиси нигаронии масъулони барқи минтақа шудааст.Масъулони ҶСК “Шабакаҳои барқ” дар шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, Кӯлоб 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ, Восеъ 57 миллиону 564 ҳазор сомонӣ, Фархор 27 миллиону 514 ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ 23 миллиону 469 ҳазор сомонӣ, Данғара 16 миллиону 584 ҳазор сомонӣ, Темурмалик 13 миллиону 120 ҳазор сомонӣ, Муъминобод беш аз 22 миллион сомонӣ ва Ховалинг 15 миллиону 986 ҳазор қарздор мебошанд.Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки қарзи барқи ду ноҳияи Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳо камтар будааст. Қарзи барқи ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин 6 миллиону 790 ҳазор сомонӣ ва Балҷувон 1 миллиону 720 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки қарзи истифодабарандагони саноат, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ ва ба онҳо баробаршуда наздики 56 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, соҳаҳои буҷет ва муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ 11 миллиону 675 ҳазор сомонӣ, дастгоҳ ва истгоҳҳои обкашӣ, мошинҳои обёрӣ ва нақлиётӣ беш аз 32 миллиону 390 ҳазор сомонӣ ва қарзҳои дигар сохторҳо аз солҳои пеш 20 миллиону 722 ҳазор сомонӣ аст.
https://sputnik.tj/20211107/hushdor-khatlon-zimiston-sardtar-1043300288.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032629888_164:0:2784:1965_1920x0_80_0_0_c49fde159bc927539870237694cafd66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯлоб, хатлон, қарз, барқ, аҳолӣ, энергетика
кӯлоб, хатлон, қарз, барқ, аҳолӣ, энергетика
Нагаронии мақомот аз зиёдшавии қарзи барқ дар Кӯлоб
15:10 14.11.2021 (Навсозишуда: 13:31 15.11.2021) Масъулини ҶСК “Шабакаҳои барқ” дар шаҳри Кӯлоб хабар додааст, ки қарзи аҳолӣ аз барқ ба беш аз 214 миллион расидааст
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қарзи барқ аз муштариён ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ зиёда аз 336 миллиону 727 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст сомонаи ҳафтаномаи “Фараж”.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки аз ин арқом 214 миллиону 772 ҳазораш қарзи аҳолӣ мебошад, ки боиси нигаронии масъулони барқи минтақа шудааст.
Масъулони ҶСК “Шабакаҳои барқ” дар шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, Кӯлоб 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ, Восеъ 57 миллиону 564 ҳазор сомонӣ, Фархор 27 миллиону 514 ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ 23 миллиону 469 ҳазор сомонӣ, Данғара 16 миллиону 584 ҳазор сомонӣ, Темурмалик 13 миллиону 120 ҳазор сомонӣ, Муъминобод беш аз 22 миллион сомонӣ ва Ховалинг 15 миллиону 986 ҳазор қарздор мебошанд.
Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки қарзи барқи ду ноҳияи Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳо камтар будааст. Қарзи барқи ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин 6 миллиону 790 ҳазор сомонӣ ва Балҷувон 1 миллиону 720 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки қарзи истифодабарандагони саноат, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ ва ба онҳо баробаршуда наздики 56 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, соҳаҳои буҷет ва муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ 11 миллиону 675 ҳазор сомонӣ, дастгоҳ ва истгоҳҳои обкашӣ, мошинҳои обёрӣ ва нақлиётӣ беш аз 32 миллиону 390 ҳазор сомонӣ ва қарзҳои дигар сохторҳо аз солҳои пеш 20 миллиону 722 ҳазор сомонӣ аст.