https://sputnik.tj/20211123/myasnikov-guft-istifoda-chi-zukom-qatiyan-man-1043714758.html
Мясников гуфт, истифодаи як нӯшокии маъмул ҳангоми зуком қатъиян манъ аст
Мясников гуфт, истифодаи як нӯшокии маъмул ҳангоми зуком қатъиян манъ аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳолати ин беморӣ, парҳези махсус лозим аст, ки ба он дохил кардани яке аз маҳсулоти маъмул тавсия дода намешавад
2021-11-23T15:50+0500
2021-11-23T15:50+0500
2021-11-23T17:51+0500
тандурустӣ
тавсия
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Ҳангоми шамолкашӣ ва зуком нӯшокиҳои спиртӣ нахӯред. Дар ин бора духтур Александр Мясников дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 1" гуфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми чунин бемориҳо набояд ғизои худро маҳдуд кард, метавонед "ҳар чизе, ки ҳаст, бихӯред". Мясников инчунин тавсия дод, ки шӯрбои мурғ, ки аз рӯҳ ва магний бой аст, ба парҳез дохил карда шавад. Нӯшокиҳое аз қабили асалчой ва шарбат низ муфид буда метавонанд.Дар баробари ин беҳтар аст, аз истифодаи барзиёди витамини С худдорӣ кунем. Ин витамин бар хилофи стереотипҳои муқарраршуда, табобатро суръат намебахшад, хулоса Мясников. Қаблан маҷаллаи олмонии "Focus" чаҳор иштибоҳеро номбар карда буд, ки одамон ҳангоми муолиҷаи шамолхӯрӣ мувоҷеҳ мешаванд. Дар байни онҳо сӯистифода аз қатраҳо барои бинӣ номбар мешавад. Ҳангоми истифодаи тӯлонии ин қатраҳо луобпардаи бинӣ вайрон мешавад ва қатрачаконӣ барои шумо одат мешавад. Ба гуфтаи пизишкон, истифодаи қатраҳо барои бинӣ аз як ҳафта бештар набояд истифода шавад.Хатои дигар ин ҳароратро паст кардан аст. Коршиносон мегӯянд, ки ҳарорати баланд ба системаи масуният кумак мекунад, ки бо микроорганизмҳои патогенӣ беҳтар мубориза барад. Ҳарорати баланд реаксияҳои зарурии муҳофизатиро метезонад. Коршиносони "Focus" даъват карданд, ки набояд ҳарорати кӯдаконро аз 38 ва аз калонсолонро аз 38,5 дараҷа поин бурд. Хатои дигар зимни табобати шамолхӯрӣ ва зуком ин даст кашдиан аз истироҳат ва ба сауна рафтан аст.
https://sputnik.tj/20211119/sjb-durughgui-paydoish-koronavirusro-1043647623.html
https://sputnik.tj/20211101/olimon-garmi-dahshatbor-hushdor-1043202342.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маслиҳат, пизишк, хӯрдан, мумкин, нест
маслиҳат, пизишк, хӯрдан, мумкин, нест
Мясников гуфт, истифодаи як нӯшокии маъмул ҳангоми зуком қатъиян манъ аст
15:50 23.11.2021 (Навсозишуда: 17:51 23.11.2021) Дар ҳолати ин беморӣ парҳези махсус лозим аст, ки ба он дохил кардани яке аз маҳсулоти маъмул тавсия дода намешавад
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Ҳангоми шамолкашӣ ва зуком нӯшокиҳои спиртӣ нахӯред. Дар ин бора духтур Александр Мясников дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 1" гуфт.
"Истифодаи чӣ мумкин нест? Шароб мумкин нест. Ҳамин ки фикр кардед, ки "як пиёла бинӯшам?" ин маънои онро дорад, ки шумо сиҳат мешавед", - гуфт духтур.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми чунин бемориҳо набояд ғизои худро маҳдуд кард, метавонед "ҳар чизе, ки ҳаст, бихӯред".
Мясников инчунин тавсия дод, ки шӯрбои мурғ, ки аз рӯҳ ва магний бой аст, ба парҳез дохил карда шавад. Нӯшокиҳое аз қабили асалчой ва шарбат низ муфид буда метавонанд.
Дар баробари ин беҳтар аст, аз истифодаи барзиёди витамини С худдорӣ кунем. Ин витамин бар хилофи стереотипҳои муқарраршуда, табобатро суръат намебахшад, хулоса Мясников.
Қаблан маҷаллаи олмонии "Focus" чаҳор иштибоҳеро номбар карда буд, ки одамон ҳангоми муолиҷаи шамолхӯрӣ мувоҷеҳ мешаванд. Дар байни онҳо сӯистифода аз қатраҳо барои бинӣ номбар мешавад. Ҳангоми истифодаи тӯлонии ин қатраҳо луобпардаи бинӣ вайрон мешавад ва қатрачаконӣ барои шумо одат мешавад. Ба гуфтаи пизишкон, истифодаи қатраҳо барои бинӣ аз як ҳафта бештар набояд истифода шавад.
Хатои дигар ин ҳароратро паст кардан аст. Коршиносон мегӯянд, ки ҳарорати баланд ба системаи масуният кумак мекунад, ки бо микроорганизмҳои патогенӣ беҳтар мубориза барад. Ҳарорати баланд реаксияҳои зарурии муҳофизатиро метезонад.
Коршиносони "Focus" даъват карданд, ки набояд ҳарорати кӯдаконро аз 38 ва аз калонсолонро аз 38,5 дараҷа поин бурд.
Хатои дигар зимни табобати шамолхӯрӣ ва зуком ин даст кашдиан аз истироҳат ва ба сауна рафтан аст.