https://sputnik.tj/20211123/gujurho-kushta-du-farmondehi-tolib-zodgohi-ahmadi-masud-1043723977.html
“Гуҷурҳо”: Кушта шудани ду фармондеҳи толиб дар зодгоҳи Аҳмади Масъуд
“Гуҷурҳо”: Кушта шудани ду фармондеҳи толиб дар зодгоҳи Аҳмади Масъуд
Sputnik Тоҷикистон
Ду фармондеҳи толиб дар пайи як инфиҷори минаи канориҷодаӣ дар вулусволии Варсаҷи вилояти Тахор ба ҳалокат расиданд
2021-11-23T20:50+0500
2021-11-23T20:50+0500
2021-11-23T20:50+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
тахор
инфиҷор
кушта шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042135723_0:0:3105:1748_1920x0_80_0_0_f4c2edb7e44062aafc75bb827a304d08.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя - Sputnik. Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ин кори размандагонаш нест. Толибон то ба ҳол чизе нагуфтаанд.Тамими Варсаҷӣ, як тан аз фаъолони мадании вилояти Тахор, зимни як тамоси телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳаволии чошти имрӯз, 23 ноябр, мошини ду фармондеҳи толибон ба номҳои Ҳамза ва Зариф, ки пас аз боздошти Мулло Сангин, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат аз рустои Эминди Варсаҷ бармегаштанд, ба як минаи канориҷодаӣ бархӯрдааст.“Ҳодиса дар минтақаи наздик ба ҷангали Миздашти вулусволии Варсаҷ, ки миёни рустои Таришта ва вулусволии Фархори вилояти Тахор доман густурдааст, иттифоқ афтодааст. Дар натиҷа Ҳамзаву Зариф, фармондеҳони толибон бо ду муҳофизашон ба ҳалокат расида, Мулло Сангини асир ва бақия се толиби сарнишини мошин захмӣ шудаанд”, - гуфт ӯ.Бино ба иттилои манбаъ, Ҳамзаву Зариф, зодаи вулусволии Ишкамиши Тахор ва аз қавми гуҷуранд, ки аз нерӯҳои зарбатии ин гурӯҳ ба шумор мераванд.Қаблан Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири собиқи адлияи Афғонистон низ зимни баррасии ҷангҳои Панҷшер навишта буд, ки гурӯҳи ӯ аз сӯйи гуҷурҳои толиб таъқиб мешуд. Гуҷурҳо як қавми на паштун ва на тоҷики Афғонистонанд, ки ба як забони наздик ба урду ҳарф мезананд ва асосан дар манотиқи қабоилии марзӣ бо Покистон зиндагӣ мекунанд.Дар шимоли Афғонистон асосан бо чӯпониву подабонии мардуми маҳаллӣ машғул буданд. Амини Варсаҷӣ мегӯяд, замони муқовимати аввал (1996 – 2001) яке аз ин чӯпонҳои гуҷур сари тайёраи Аҳмадшоҳи Масъуд тирандозӣ кард, аммо ӯ ба онҳо ғараз нагирифт.“Пас аз соли 2001 Довудхони шаҳид (Муҳаммад Довуди Довуд, собиқ муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон ва фармондеҳи Масъуд дар вулусволии Фархор) онҳоро комилан аз шимол пеш кард ва эшон ба манотиқи қабоилӣ рафтанд. Аммо дар замони Ҳомид Карзай ин қабила дубора ба шимол оварда шуданд ва ба масобаи пешмаргаҳои толибон шинохта мешаванд”, - гуфт ӯ.Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон даст доштани худро дар ин ҳамлаи террористӣ рад мекунад. Як манбаи Sputnik Тоҷикистон дар ҷабҳа гуфт, муқовиматгарон дар ин инфиҷор даст надоранд.Ин аввалин ҳодисаест, ки ба якборагӣ ду фармондеҳи ин гурӯҳ дар шимоли Афғонистон, он ҳам дар вулусволие, ки Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таваллуд шудааст, кушта мешавад.Толибон то ҳол кушта шудани фармондеҳони худро таъйид ё такзиб накардаанд. Варсаҷ як вулусволии вилояти Тахор буда, ҳанӯз 4 июли соли равон ба дасти нерӯҳои толибсуқут карда буд.Дар замони муқовимати аввал таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд (1996-2001) ин вулусволӣ таҳти идораи нерӯҳои муқовимат буд. Дар ҳамин ҳол, ин танҳо талафоти толибон дар рӯзҳои ахир нест.Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, дар ҷангҳои ахири минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон 21 ҷангии толиб кушта шуда, аҷсоди ҳамагӣ ба зодгоҳашон - вулусволии Чимтоли вилояти Балх интиқол ёфтанд.
https://sputnik.tj/20211118/tolibon-vurud-panjsher-man-1043619404.html
https://sputnik.tj/20211116/dargiri-tolibon-diish-qandahor-1043565239.html
https://sputnik.tj/20211113/talafot-tolibon-panjsher-1043527712.html
афғонистон
тахор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042135723_382:0:2990:1956_1920x0_80_0_0_5aca67d9e3bab753df000bcbe9a155d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, таркиш, инфиҷор, тахор, ҳалокат
афғонистон, толибон, таркиш, инфиҷор, тахор, ҳалокат
“Гуҷурҳо”: Кушта шудани ду фармондеҳи толиб дар зодгоҳи Аҳмади Масъуд
Ду фармондеҳи толиб дар пайи як инфиҷори минаи канориҷодаӣ дар вулусволии Варсаҷи вилояти Тахор ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 23 ноя - Sputnik. Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ин кори размандагонаш нест. Толибон то ба ҳол чизе нагуфтаанд.
Тамими Варсаҷӣ, як тан аз фаъолони мадании вилояти Тахор, зимни як тамоси телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳаволии чошти имрӯз, 23 ноябр, мошини ду фармондеҳи толибон ба номҳои Ҳамза ва Зариф, ки пас аз боздошти Мулло Сангин, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат аз рустои Эминди Варсаҷ бармегаштанд, ба як минаи канориҷодаӣ бархӯрдааст.
“Ҳодиса дар минтақаи наздик ба ҷангали Миздашти вулусволии Варсаҷ, ки миёни рустои Таришта ва вулусволии Фархори вилояти Тахор доман густурдааст, иттифоқ афтодааст. Дар натиҷа Ҳамзаву Зариф, фармондеҳони толибон бо ду муҳофизашон ба ҳалокат расида, Мулло Сангини асир ва бақия се толиби сарнишини мошин захмӣ шудаанд”, - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои манбаъ, Ҳамзаву Зариф, зодаи вулусволии Ишкамиши Тахор ва аз қавми гуҷуранд, ки аз нерӯҳои зарбатии ин гурӯҳ ба шумор мераванд.
Қаблан Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири собиқи адлияи Афғонистон низ зимни баррасии ҷангҳои Панҷшер навишта буд, ки гурӯҳи ӯ аз сӯйи гуҷурҳои толиб таъқиб мешуд. Гуҷурҳо як қавми на паштун ва на тоҷики Афғонистонанд, ки ба як забони наздик ба урду ҳарф мезананд ва асосан дар манотиқи қабоилии марзӣ бо Покистон зиндагӣ мекунанд.
Дар шимоли Афғонистон асосан бо чӯпониву подабонии мардуми маҳаллӣ машғул буданд. Амини Варсаҷӣ мегӯяд, замони муқовимати аввал (1996 – 2001) яке аз ин чӯпонҳои гуҷур сари тайёраи Аҳмадшоҳи Масъуд тирандозӣ кард, аммо ӯ ба онҳо ғараз нагирифт.
“Пас аз соли 2001 Довудхони шаҳид (Муҳаммад Довуди Довуд, собиқ муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон ва фармондеҳи Масъуд дар вулусволии Фархор) онҳоро комилан аз шимол пеш кард ва эшон ба манотиқи қабоилӣ рафтанд. Аммо дар замони Ҳомид Карзай ин қабила дубора ба шимол оварда шуданд ва ба масобаи пешмаргаҳои толибон шинохта мешаванд”, - гуфт ӯ.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон даст доштани худро дар ин ҳамлаи террористӣ рад мекунад. Як манбаи Sputnik Тоҷикистон дар ҷабҳа гуфт, муқовиматгарон дар ин инфиҷор даст надоранд.
“Ин қаламрави марбути худи толибон аст. Ҳар чӣ ҳаст, ба худи толибон маълум аст, ба мо маълум нест”, - гуфт манбаъ.
Ин аввалин ҳодисаест, ки ба якборагӣ ду фармондеҳи ин гурӯҳ дар шимоли Афғонистон, он ҳам дар вулусволие, ки Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таваллуд шудааст, кушта мешавад.
Толибон то ҳол кушта шудани фармондеҳони худро таъйид ё такзиб накардаанд. Варсаҷ як вулусволии вилояти Тахор буда, ҳанӯз 4 июли соли равон ба дасти нерӯҳои толибсуқут карда буд.
Дар замони муқовимати аввал таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд (1996-2001) ин вулусволӣ таҳти идораи нерӯҳои муқовимат буд. Дар ҳамин ҳол, ин танҳо талафоти толибон дар рӯзҳои ахир нест.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, дар ҷангҳои ахири минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон 21 ҷангии толиб кушта шуда, аҷсоди ҳамагӣ ба зодгоҳашон - вулусволии Чимтоли вилояти Балх интиқол ёфтанд.