https://sputnik.tj/20211118/tolibon-vurud-panjsher-man-1043619404.html
Толибон вуруди афроди ғайримасъулро ба Панҷшер манъ карданд
Толибон вуруди афроди ғайримасъулро ба Панҷшер манъ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Девони вазирон ба вазорати дифоъ дастур додааст, ки вуруди афроди ғайримасъулро ба Панҷшер манъ кунанд
2021-11-18T15:37+0500
2021-11-18T15:37+0500
2021-11-18T19:18+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
панҷшер
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102820/95/1028209551_0:322:3068:2048_1920x0_80_0_0_d83a4ff292357ccd5ca780a89f358dc5.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Кобинаи ҳукумати Толибон аз Вазорати дифои иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) хостааст, то аз вуруди афроди "ғайримасъул" ба вилояти Панҷшер ҷилавгирӣ кунад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.Гуфта мешавад, ин тасмимро ҷангҷӯён ба хотири беҳтар шудани вазъи амниятӣ гирифтаанд.Раёсати умури ҳукумати толибон имрӯз (панҷшанбе, 18 ноябр) дар хабарномае навиштааст: "Вазорати дифоъ муваззаф шудааст, то ба хотири беҳбуди вазъи амниятӣ дар Панҷшер аз вуруди афроди ғайримасъул дар тамоми дарвозаҳои вурудии ин вилоят тавассути талош муназзам ҷилавгирӣ кунад". Ин тасмим дар иҷлосияи даҳуми кобинаи иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) гирифта шудааст, афзуд манбаъ. Дар хабарнома Идораи маъмурияти толибон дар бораи киҳо будани афроди “ғайримасъул” ҷузъиёти бештар дода нашудааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, кобинаи толибон ҳамчунин вазорату идораҳоро муваззаф кардааст, ки дафтарҳои худро дар Панҷшер дубора фаъол ва афроди мариди "эътимод"-ро дар вазифаҳои холӣ таъйин кунанд. Чунин ба назар мерасад, ки ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҷонибдорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи толибон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд гирифта шудааст.Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА дар ин кишвар рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ыабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳолати ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи “Толибон*” ишғол нашудааст.
https://sputnik.tj/20211115/payom-registoni-hamvatanon-burunmarzi-jomea-jahoni-1043548960.html
https://sputnik.tj/20211113/talafot-tolibon-panjsher-1043527712.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102820/95/1028209551_197:0:2928:2048_1920x0_80_0_0_4619151b87175d99bd9fcb3c32af6f0d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон вуруд афрод ғайримасъул панҷшерро манъ
толибон вуруд афрод ғайримасъул панҷшерро манъ
Толибон вуруди афроди ғайримасъулро ба Панҷшер манъ карданд
15:37 18.11.2021 (Навсозишуда: 19:18 18.11.2021) Девони вазирон ба Вазорати дифоъ дастур додааст, ки вуруди афроди ғайримасъулро ба Панҷшер манъ кунанд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Кобинаи ҳукумати Толибон аз Вазорати дифои иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) хостааст, то аз вуруди афроди "ғайримасъул" ба вилояти Панҷшер ҷилавгирӣ кунад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Гуфта мешавад, ин тасмимро ҷангҷӯён ба хотири беҳтар шудани вазъи амниятӣ гирифтаанд.
Раёсати умури ҳукумати толибон имрӯз (панҷшанбе, 18 ноябр) дар хабарномае навиштааст: "Вазорати дифоъ муваззаф шудааст, то ба хотири беҳбуди вазъи амниятӣ дар Панҷшер аз вуруди афроди ғайримасъул дар тамоми дарвозаҳои вурудии ин вилоят тавассути талош муназзам ҷилавгирӣ кунад".
Ин тасмим дар иҷлосияи даҳуми кобинаи иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) гирифта шудааст, афзуд манбаъ.
Дар хабарнома Идораи маъмурияти толибон дар бораи киҳо будани афроди “ғайримасъул” ҷузъиёти бештар дода нашудааст.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, кобинаи толибон ҳамчунин вазорату идораҳоро муваззаф кардааст, ки дафтарҳои худро дар Панҷшер дубора фаъол ва афроди мариди "эътимод"-ро дар вазифаҳои холӣ таъйин кунанд.
Чунин ба назар мерасад, ки ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҷонибдорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи толибон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд гирифта шудааст.
Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА дар ин кишвар рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.
Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ыабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.
Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳолати ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи “Толибон*” ишғол нашудааст.