https://sputnik.tj/20211116/dargiri-tolibon-diish-qandahor-1043565239.html
Даргирӣ миёни толибон ва ДИИШ* дар шаҳри Қандаҳор
Даргирӣ миёни толибон ва ДИИШ* дар шаҳри Қандаҳор
Sputnik Тоҷикистон
Толибон мегуянд, ки дар даргирӣ миёни нерӯҳои ин гурӯҳ ва нерӯҳои гурӯҳи ДИИШ* дар маркази шаҳри Қандаҳор се узви ДИИШ* ва ду ғайринизомӣ кушта шуд
2021-11-16T09:00+0500
2021-11-16T09:00+0500
2021-11-16T12:40+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
даргирӣ
дииш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434637_0:160:3071:1887_1920x0_80_0_0_46c3d951fd6005ee82c1e42af3c43b51.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон дар "Твиттер" навиштааст, ки нерӯҳои ин гурӯҳ як паноҳгоҳи ДИИШ*-ро дар минтақаи шифохонаи Сидоли ҳавзаи чаҳоруми амниятии Қандаҳор ҳадаф қарор додаанд.Самангонӣ ҳамчунин навиштааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт паноҳгоҳи ДИИШ* тахриб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин амалиёт ба нерӯҳои толибон осеб нарасидааст.Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Ал-рӯз" навиштааст, ки нерӯҳои вижаи толибон ахиран алайҳи шаш паноҳгоҳи ДИИШ* амалиёт анҷом доданд. Вай аз қавли масъулони идораи иттилоот ва фарҳанги Ҳирот гуфтааст, ки дар ин амалиёт чаҳор узви ДИИШ* кушта ва ҳашт нафари дигар боздошт шудаанд.Вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ҷойгир аст. Ҳукумати қаблӣ аз фаъолияти ДИИШ* дар ин вилоят камтар гузориш медод, аммо бо омадани толибон дар Афғонистон ба сари қудрат ДИИШ* ҳузури худро дар вилоятҳои мухталиф, аз ҷумла Урузгон, вилояти ҳамсояи Қандаҳор густариш додааст. Ахиран як масҷиди шиаҳо дар шаҳри Қандаҳор ҳадафи ҳамлаи маргбор қарор гирифт, ки ДИИШ* гуфт, ҳамларо аъзои ин гурӯҳ анҷом додаанд.ДИИШ* то ҳол дар бораи даргирии ахир бо Толибон дар Қандаҳор чизе нагуфтааст, вале дар бархе маворид шаҳрвандон толибонро ба куштани мухолифонашон зери ниқоби ДИИШ муттаҳам мекунанд.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211026/barafroshta-shudani-parchami-siyohi-diish-uruzgon-1043101775.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434637_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_3418fac86b231b210b4ffeeb9189ddaf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, дииш, террористон, даргирӣ, қандаҳор
афғонистон, толибон, дииш, террористон, даргирӣ, қандаҳор
Даргирӣ миёни толибон ва ДИИШ* дар шаҳри Қандаҳор
09:00 16.11.2021 (Навсозишуда: 12:40 16.11.2021) Толибон мегӯянд, ки дар даргирии миёни нерӯҳои ин гурӯҳ ва нерӯҳои ДИИШ* дар маркази шаҳри Қандаҳор се узви "Давлати исломӣ"* ва ду ғайринизомӣ кушта шуд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон дар "Твиттер" навиштааст, ки нерӯҳои ин гурӯҳ як паноҳгоҳи ДИИШ*-ро дар минтақаи шифохонаи Сидоли ҳавзаи чаҳоруми амниятии Қандаҳор ҳадаф қарор додаанд.
Самангонӣ ҳамчунин навиштааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт паноҳгоҳи ДИИШ* тахриб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин амалиёт ба нерӯҳои толибон осеб нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Ал-рӯз" навиштааст, ки нерӯҳои вижаи толибон ахиран алайҳи шаш паноҳгоҳи ДИИШ* амалиёт анҷом доданд. Вай аз қавли масъулони идораи иттилоот ва фарҳанги Ҳирот гуфтааст, ки дар ин амалиёт чаҳор узви ДИИШ* кушта ва ҳашт нафари дигар боздошт шудаанд.
Вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ҷойгир аст. Ҳукумати қаблӣ аз фаъолияти ДИИШ* дар ин вилоят камтар гузориш медод, аммо бо омадани толибон дар Афғонистон ба сари қудрат ДИИШ* ҳузури худро дар вилоятҳои мухталиф, аз ҷумла Урузгон, вилояти ҳамсояи Қандаҳор густариш додааст. Ахиран як масҷиди шиаҳо дар шаҳри Қандаҳор ҳадафи ҳамлаи маргбор қарор гирифт, ки ДИИШ* гуфт, ҳамларо аъзои ин гурӯҳ анҷом додаанд.
ДИИШ* то ҳол дар бораи даргирии ахир бо Толибон дар Қандаҳор чизе нагуфтааст, вале дар бархе маворид шаҳрвандон толибонро ба куштани мухолифонашон зери ниқоби ДИИШ муттаҳам мекунанд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон