Оғози пардохти ҷубронпулӣ ба мизоҷони "Кафолатбонк"-и барҳам додашуда

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз оғози пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонки барҳам додашудаи "Кафолатбонк" хабар дод
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Пардохти ҷубронпулӣ аз тариқи ташкилоти қарзии "Ҳумо" сурат мегирад, ки саридорааш дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир аст, хабар додааст Хазинаи суғуртаи пасандозҳо.
Таъкид шудааст, ки ҳадди ниҳоии ҷубронпулӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 ҳазор сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад.

"Маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби барҳамдиҳандаи ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт хоҳад шуд", - омадааст дар иттилоия.

Тавзеҳ дода шудааст, ки пасандоздорон метавонанд маблағи ҷубронпулиро нақдӣ ё ғайринақдӣ, бо роҳи интиқол ба суратҳисоби бонкие, ки дар аризаашон нишон додаанд, гиранд.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Бонки миллӣ иҷозатномаи "Кафолатбонк"-ро бозхонд кард
Хазина илова намуд, ки ҷубронпулии суғурта бо пули миллӣ – сомонӣ пардохта шуда, қабули ариза барои пардохт давоми як сол аз таърихи фарорасии ҳолати суғуртавӣ амалӣ мегардад.
"Кафолатбонк" намояндагии Бонки тиҷорати Эрон дар Тоҷикистон буд, ки БМТ моҳи октябри соли равон иҷозатномаи фаъолияташро бозхонд намуд.
Лентаи хабарҳо
0