Бонки миллӣ иҷозатномаи "Кафолатбонк"-ро бозхонд кард

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ҶСП "Кафолатбонк"-ро бозхонд кардааст
ДУШАНБЕ, 28 окт - Sputnik. Бо қарори Раёсати БМТ. бо сабабҳои асоснок иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Кафолатбонк" сар аз 27 октябр бозхонд карда шуд, хабар медиҳад, дафтари матбуотии ин ниҳоди молии кишвар.
Аммо бо кадом сабаб бозхонд шудани иҷозатномаи "Кафолатбонк" аз сӯйи БМТ шарҳ дода нашудааст
Ба иттилои мабаъ, тадбири мазкур дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ва "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ" андешида шудааст.
Бизнес-центр Душанбе-Плаза. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”-ро бозхонд кард
БМТ гуфтааст, ки дар асоси қарор гузаронидани тамоми амалиёти хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб манъ аст.
Ҳамзамон интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки ҶСП "Кафолатбонк"-ро низ Бонки миллӣ манъ кардааст.
"Кафолатбонк" намояндагии Бонки тиҷорати Эрон дар Тоҷикистон ва аз бузургтарин ташкилоти қарзӣ дар кишвар буд.
Лентаи хабарҳо
0