https://sputnik.tj/20211121/sobiq-vaziri-eron-afghoniston-osiyoi-markazi-khatar-1043677053.html
Собиқ вазири Эрон гуфт, вазъи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад
Собиқ вазири Эрон гуфт, вазъи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазъи Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мухолифини ИМА дар минтақа таҳдид дорад, изҳор дошт вазири умури хориҷии пешини Эрон, Алӣ Акбар Солеҳӣ
2021-11-21T20:37+0500
2021-11-21T20:37+0500
2021-11-21T20:37+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
има
толибон
эрон
осиёи марказӣ
хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/15/1043676683_0:31:2273:1309_1920x0_80_0_0_183ce96316d5cf016f18c8706753dff8.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Фирори ИМА аз Афғонистон ба бесубботӣ дар Осиёи Марказӣ овард, таъкид намудаст Акбар Солеҳӣ дар суҳбат бо рӯзномаи Sharq.Вазири пешини умури хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки вазъи Афғонистон метавонад ба минтақаи Кашмири Ҳинд, Туркистони шарқӣ, минтақаҳои Пахтунхва ва Вазиристони Покистону марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ хатар эҷод кунад. Алӣ Акбар Солеҳӣ қайд кард, ки афзоиши ифротгароию миллатгароӣ ва инчунин дастгирии созмони террористии ДИИШ* низ барои икшвраҳои минтақа таҳдид доранд. Ӯ қайд кард, ки вазъи Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказиро водор месозад, ки хароҷот барои мудофиаро афзоиш диҳанд. Маврид ба зикр аст, ки вазъ дар Афғонистон моҳи июни соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар шиддат гирифта, толибҳо нахуст аз минтақаҳо ва нимаи моҳи август Кобулро ба зери итоати худ дароварданд. Инчунин ҷангҷӯён кафолат додаанд, ки нияти дахолат ба умури кишварҳои ҳамсоя ва убури марзи онҳоро надоранд. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар ба хориҷ фирор карда, сабаби ин амалашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар кӯчаҳои Кобул хонд. *-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211121/didori-namoyandai-raisjumhuri-eron-bo-abdulloh-abdulloh-1043669883.html
има
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/15/1043676683_22:0:2057:1526_1920x0_80_0_0_58666e963f5b3be96dd87f3b9c84944e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, эрон, хатар, таҳдид
вазир, эрон, хатар, таҳдид
Собиқ вазири Эрон гуфт, вазъи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад
Вазъи Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мухолифини ИМА дар минтақа таҳдид дорад, изҳор дошт вазири умури хориҷии пешини Эрон, Алӣ Акбар Солеҳӣ
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Фирори ИМА аз Афғонистон ба бесубботӣ дар Осиёи Марказӣ овард, таъкид намудаст Акбар Солеҳӣ дар суҳбат бо рӯзномаи Sharq.
Вазири пешини умури хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки вазъи Афғонистон метавонад ба минтақаи Кашмири Ҳинд, Туркистони шарқӣ, минтақаҳои Пахтунхва ва Вазиристони Покистону марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ хатар эҷод кунад.
Алӣ Акбар Солеҳӣ қайд кард, ки афзоиши ифротгароию миллатгароӣ ва инчунин дастгирии созмони террористии ДИИШ* низ барои икшвраҳои минтақа таҳдид доранд.
Ӯ қайд кард, ки вазъи Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказиро водор месозад, ки хароҷот барои мудофиаро афзоиш диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки вазъ дар Афғонистон моҳи июни соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар шиддат гирифта, толибҳо нахуст аз минтақаҳо ва нимаи моҳи август Кобулро ба зери итоати худ дароварданд.
Инчунин ҷангҷӯён кафолат додаанд, ки нияти дахолат ба умури кишварҳои ҳамсоя ва убури марзи онҳоро надоранд. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар ба хориҷ фирор карда, сабаби ин амалашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар кӯчаҳои Кобул хонд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар