https://sputnik.tj/20211121/didori-namoyandai-raisjumhuri-eron-bo-abdulloh-abdulloh-1043669883.html
Дидори намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Дидори намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон ва раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистон дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ карданд.
2021-11-21T09:45+0500
2021-11-21T09:45+0500
2021-11-22T15:22+0500
афғонистон
толибон
эрон
ҳамкорӣ
абдулло абдулло
абдуллоҳ абдуллоҳ
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503414_0:152:2925:1797_1920x0_80_0_0_2a90a0db52dc9a962cf84b2f6d5ebff9.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар сафари худ ба Кобул бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистон дидор кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо дар бораи вазъияти кунунии Афғонистон ва идомаи ҳамкории Теҳрон бо Кобул дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, башардӯстона, омӯзишӣ ва ғайра гуфтугӯ карданд.Манбаъ таъкид доштааст, намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон зимни мулоқот гуфт, бо ҳукумати нав ба тавофуқ расидем, ки кумитаҳои ҳамкории муштараки ду кишвар ташкил ва фароянди умур барои беҳбуди шароити миллати Афғонистон ба сурати муназзам пайгирӣ ва ба марҳалаи иҷро бирасад.Ҳамчунин илова карда шуд, ки зимни сафари намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон ба Кобул кумитаҳои ҳамкории муштараки миёни ду кишвар оғоз ба кор карданд.Намояндагони Эрон ва толибон дар кумитаҳои иқтисод, сӯхт, обу барқ, атбои хориҷӣ ва фарҳанг барномаҳои худро барои тавсеаи равобити байни Эрону Афғонистон ироа карданд.
https://sputnik.tj/20211117/tolibon-mujrimoni-karzay-abdulloh-afvi-umumi-1043593916.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503414_162:0:2761:1949_1920x0_80_0_0_bd662f8cc8da85d164b18795d4d5c09b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, эрон, ҳамкорӣ, толибон, дидор, абдуллоз абдуллоҳ
афғонистон, эрон, ҳамкорӣ, толибон, дидор, абдуллоз абдуллоҳ
Дидори намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ
09:45 21.11.2021 (Навсозишуда: 15:22 22.11.2021) Намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон ва раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистон дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ карданд. Зимни мулоқот Эрон бар идомаи ҳамкориҳо бо Афғонистон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар сафари худ ба Кобул бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистон дидор кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо дар бораи вазъияти кунунии Афғонистон ва идомаи ҳамкории Теҳрон бо Кобул дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, башардӯстона, омӯзишӣ ва ғайра гуфтугӯ карданд.
Манбаъ таъкид доштааст, намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон зимни мулоқот гуфт, бо ҳукумати нав ба тавофуқ расидем, ки кумитаҳои ҳамкории муштараки ду кишвар ташкил ва фароянди умур барои беҳбуди шароити миллати Афғонистон ба сурати муназзам пайгирӣ ва ба марҳалаи иҷро бирасад.
Ҳамчунин илова карда шуд, ки зимни сафари намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон ба Кобул кумитаҳои ҳамкории муштараки миёни ду кишвар оғоз ба кор карданд.
Намояндагони Эрон ва толибон дар кумитаҳои иқтисод, сӯхт, обу барқ, атбои хориҷӣ ва фарҳанг барномаҳои худро барои тавсеаи равобити байни Эрону Афғонистон ироа карданд.