https://sputnik.tj/20211119/siroyatshinos-zamon-kohish-margumir-odamon-koronavirus-1043645443.html
Сироятшинос замони коҳиши маргумири инсон аз коронавирусро гуфт
Сироятшинос замони коҳиши маргумири инсон аз коронавирусро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вознесенский, мутахассиси бемориҳои сироятӣ пешгӯӣ намудааст, ки афзоиши мавориди фавт аз коронавирус дар Русия то ду ҳафтаи дигар мекунад
2021-11-19T17:00+0500
2021-11-19T17:00+0500
2021-11-19T18:08+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103115/56/1031155673_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_bf9473e9a9fd05ab12345e079ea76d20.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Афзоиши шумори фавти беморони гирифтори коронавирус дар Русия метавонад барои як ва ё ду ҳафтаи дигар идома ёбад ва пас аз он мизони марг рӯ ба коҳиш мениҳад.Чунин пешниҳодро номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи РУДН Сергей Вознесенский ироа намудааст, хабар медиҳад ТАСС.Пизишк афзуд, ки зичии аҳолӣ ва таҷҳизоти гуногуни муассисаҳои тиббии минтақаҳои Русия метавонад ба маргумир аз COVID-19 таъсир расонад. Қаблан доктори илмҳои тиб Владислав Жемчугов сатҳи баланди фавти беморони гирифтори COVID-19-ро бо таъхир дар табобат рабт дода будДар Русия се рӯз пайи ҳам омори фавт аз коронавирус рекордӣ шуд. Давоми як рӯзи ахир дастикам 1254 нафар гирифтори коронавирус ҷон бохт. Дар маҷмуъ аз ин маризӣ дар Русия 261 589 нафар фавтидааст.
https://sputnik.tj/20211119/bill-geyts-poyon-pandemiya-koronavirusro-1043637293.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103115/56/1031155673_278:0:3009:2048_1920x0_80_0_0_2c1156734cffd4ef6203054117a11a88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия коронавирус
Сироятшинос замони коҳиши маргумири инсон аз коронавирусро гуфт
17:00 19.11.2021 (Навсозишуда: 18:08 19.11.2021) Вознесенский, мутахассиси бемориҳои сироятӣ пешгӯӣ намудааст, ки афзоиши мавориди фавт аз коронавирус дар Русия то ду ҳафтаи дигар давом мекунад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Афзоиши шумори фавти беморони гирифтори коронавирус дар Русия метавонад барои як ва ё ду ҳафтаи дигар идома ёбад ва пас аз он мизони марг рӯ ба коҳиш мениҳад.
Чунин пешниҳодро номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи РУДН Сергей Вознесенский ироа намудааст, хабар медиҳад ТАСС.
"Аз ҳама таассуфовар дар ин вазъият ин аст, ки 90 дарсади ҳолатҳои нави гирифторӣ ба ин беморӣ дар минтақаҳо рух медиҳад ва дар он ҷо вазъи таҷҳизот таъминоти моддию техникии беморон бадтар аст", - гуфт ӯ.
Пизишк афзуд, ки зичии аҳолӣ ва таҷҳизоти гуногуни муассисаҳои тиббии минтақаҳои Русия метавонад ба маргумир аз COVID-19 таъсир расонад.
Қаблан доктори илмҳои тиб Владислав Жемчугов сатҳи баланди фавти беморони гирифтори COVID-19-ро бо таъхир дар табобат рабт дода буд
Дар Русия се рӯз пайи ҳам омори фавт аз коронавирус рекордӣ шуд. Давоми як рӯзи ахир дастикам 1254 нафар гирифтори коронавирус ҷон бохт. Дар маҷмуъ аз ин маризӣ дар Русия 261 589 нафар фавтидааст.