https://sputnik.tj/20211119/bill-geyts-poyon-pandemiya-koronavirusro-1043637293.html
Билл Гейтс поёни пандемияи коронавирусро пешгӯӣ кард
Билл Гейтс поёни пандемияи коронавирусро пешгӯӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Муассиси Microsoft пешгӯӣ кардааст, ки ковид дар соли 2022 аз ҳисоби рушди масуният ва эҷоди доруҳои нав барои инсоният камтар хатарнок мешавад.
2021-11-19T12:55+0500
2021-11-19T12:55+0500
2021-11-19T16:19+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
билл гейтс
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0d/1043519831_0:0:1501:844_1920x0_80_0_0_78c56757da11868f496328b5dcdbfc7f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Соҳибкор ва арбоби ҷамъиятии амрикоӣ Билл Гейтс зимни суханронӣ дар Форуми нави иқтисодии Майкл Блумберг гуфт, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон кай ба поён мерасад. Вай гуфт, шумораи ҳолатҳои вазнини COVID-19 ва сатҳи марг аз ин беморӣ бояд то тобистони соли 2022 коҳиш ёбад. Гейтс бовар дорад, ки ба ин ташаккули масунияти табиӣ ва ваксина мусоидат хоҳад кард. Илова бар ин доруҳои шифобахш барои коронавирус низ натиҷаҳои хуб дорад.Аммо дар айни замон муассиси "Microsoft" тавзеҳ дод, ин имконпазир хоҳад буд, ба шарте ки навъҳои нави КОВИД дар ҷаҳон пайдо нашаванд.Дар маҷмуъ вай пешгӯӣ мекунад, ки сатҳи умумии сироят ва фавт аз COVID-19 метавонад ба ҳисоби миёнаи зукоми мавсимӣ бирасад. Норасоии ваксина низ то соли оянда пурра ҳал хоҳад шуд, гуфт Гейтс. Тибқи ҳисобҳои соҳибкор, талабот ба доруҳои ковидӣ дар Африқо метавонад афзоиш ёбад ва ин барои давлатҳо душвор хоҳад буд. Дар навбати худ Билл Гейтс ваъда дод, ки барои ҳалли ин мушкилот ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад ва гуфт, ки доруи зидди коронавирус аз "Merck" арзон хоҳад буд.Нархи пешакии он аз 8 доллар зиёд нест, ки ин дору барои ҳар касе, ки бо вирус дучор шудааст, дар дастрас қарор мегирад. Миллиардер инчунин аз ҷаҳониён даъват кард, барои коҳиши хатари пандемияҳои нав муборизаи ҷиддӣ баранд. Ёдовар мешавем, ки Билл Гейтс ва ҳамсари собиқи ӯ Мелинда як фонди хайрияро роҳбарӣ мекунанд, ки барои эҷоди ваксинаи зидди коронавирус миллионҳо доллар ҷудо кардааст.
https://sputnik.tj/20211118/afsona-vaksinzani-koronavirus-1043625913.html
https://sputnik.tj/20211113/bill-geyts-khatar-nav-peshgui-1043519993.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0d/1043519831_93:0:1218:844_1920x0_80_0_0_3e43173472eed6757cf68cc8d867a913.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
билл гейтс пандемия коронавирус пешгӯӣ
билл гейтс пандемия коронавирус пешгӯӣ
Билл Гейтс поёни пандемияи коронавирусро пешгӯӣ кард
12:55 19.11.2021 (Навсозишуда: 16:19 19.11.2021) Муассиси "Microsoft" пешгӯӣ кардааст, ки КОВИД дар соли 2022 аз ҳисоби рушди масуният ва эҷоди доруҳои нав барои инсоният камтар хатарнок мешавад.
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Соҳибкор ва арбоби ҷамъиятии амрикоӣ Билл Гейтс зимни суханронӣ дар Форуми нави иқтисодии Майкл Блумберг гуфт, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон кай ба поён мерасад.
Вай гуфт, шумораи ҳолатҳои вазнини COVID-19 ва сатҳи марг аз ин беморӣ бояд то тобистони соли 2022 коҳиш ёбад.
Гейтс бовар дорад, ки ба ин ташаккули масунияти табиӣ ва ваксина мусоидат хоҳад кард. Илова бар ин доруҳои шифобахш барои коронавирус низ натиҷаҳои хуб дорад.
Аммо дар айни замон муассиси "Microsoft" тавзеҳ дод, ин имконпазир хоҳад буд, ба шарте ки навъҳои нави КОВИД дар ҷаҳон пайдо нашаванд.
Дар маҷмуъ вай пешгӯӣ мекунад, ки сатҳи умумии сироят ва фавт аз COVID-19 метавонад ба ҳисоби миёнаи зукоми мавсимӣ бирасад.
Норасоии ваксина низ то соли оянда пурра ҳал хоҳад шуд, гуфт Гейтс.
Тибқи ҳисобҳои соҳибкор, талабот ба доруҳои ковидӣ дар Африқо метавонад афзоиш ёбад ва ин барои давлатҳо душвор хоҳад буд.
Дар навбати худ Билл Гейтс ваъда дод, ки барои ҳалли ин мушкилот ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад ва гуфт, ки доруи зидди коронавирус аз "Merck" арзон хоҳад буд.
Нархи пешакии он аз 8 доллар зиёд нест, ки ин дору барои ҳар касе, ки бо вирус дучор шудааст, дар дастрас қарор мегирад.
Миллиардер инчунин аз ҷаҳониён даъват кард, барои коҳиши хатари пандемияҳои нав муборизаи ҷиддӣ баранд.
Ёдовар мешавем, ки Билл Гейтс ва ҳамсари собиқи ӯ Мелинда як фонди хайрияро роҳбарӣ мекунанд, ки барои эҷоди ваксинаи зидди коронавирус миллионҳо доллар ҷудо кардааст.