Рондани ронандаи автобус аз кор барои дағалӣ нисбати мусофир: Ҳушдор ба дигарон

© © Sputnik / Амир ИсаевАвтобусы в Душанбе, украшенные в преддверии праздника Навруз
Автобусы в Душанбе, украшенные в преддверии праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз ронда шудани як ронандаи автобус аз кор барои дағалӣ нисбати мусофир хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 – Sputnik. Зани мусофире ба идораи милиса дар шаҳри Душанбе арз кардааст, ки ронандаи автобуси хатсайри №8 хилофи меъёрҳои хизматрасонӣ нисбати мусофир дағалӣ намудааст.
Муроҷиаткунанда гуфтааст, ронандаи автобус барои ба таври нақдӣ насупоридани роҳкиро ва истифодаи корти нақлиётӣ аз ҷониби як ҷавондухтари тахминан 12-13-сола ба ғазаб омадааст.
Таъкид шудааст, ки сипас ронанда нисбати ноболиғ хилофи маданияти ронандагӣ бо садои баланд дағалрафторӣ намуда, оромии дигар мусофиронро халалдор кардааст.
Автобус №8 в Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Автобуссавории вазири тоҷик: Ӯ аз танбакунӣ гуфт - на ҳурмати зану на мӯйсафед
Раёсати умури дохилӣ мегӯяд, дар пайи таҳқиқи шикоят муайян шудааст, ки ронанда сокини 44-солаи шаҳри Душанбе будааст ва зимни пурсиши шоҳидон гуноҳи содирнамудааш тасдиқ шудааст.
Додгоҳ дар пайи баррасии қазия ронандаро ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 420 сомонӣ ҷарима намудааст. Инчунин ӯ аз ҳаққи фаъолият дар нақлиёти мусофирбарӣ маҳрум шудааст.
Мақомоти умури дохилии Душанбе мегӯянд, дар доираи муроҷиати мазкур барои аз байн бурдани рафтори дағалонаи ронандагон бо мусофирон кормандони милиса дар нисбати ронандагону кормандони ККВД "Автобус-1" иқдомотеро дар ҷиҳати риояи меъёрҳои ахлоқӣ барои пешгирӣ аз чунин бархӯрдҳо пиёда кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0