Автобуссавории вазири тоҷик: Ӯ аз танбакунӣ гуфт - на ҳурмати зану на мӯйсафед

© Фото : Иззат ЛатифАвтобус №8 в Душанбе, архивное фото
Автобус №8 в Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, мушкили нақлиёти мусофирбарро дар Душанбе танҳо бо зӯру қамчин ҳал кардан намешавад ва боло бардоштани фарҳангро муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо нишон додани ду корти нақлиётияш гуфт, худаш аз хизматрасонии автобусҳо истифода мебараду рафтору суҳбати мусофиронро мушоҳида мекунад.
“Мегардам дар автобусҳо, гӯш мекунам. Бовар кунед, баъзан вақт ҳамин хел бефарҳангие эҳсос мешавад, ҳайрон мешавед”, - изҳор дошт вазир.
Ба гуфтаи Азим Иброҳим баъзан дар нақлиёт чунон танба мешаванд, ки на занро нигоҳ мекунанду на мӯйсафедро.

“Ғунҷоиши автобус мерасад. Лекин ҳатман дар як ҷо бояд танба кунанд, занҳо ҳастанд он ҷо мӯйсафедҳо ҳастанд. Ин чизҳоро ман аз дохил мебинам. Аз касе намепурсам, худам мегардам”, - таъкид намуд ӯ.

Ба гуфтаи Иброҳим, мушкили нақлиёт бо садҳо милисаю Хадамот ҳал намегардад, то фарҳанг тағйир наёбад.
Ӯ муътақид аст, ки нақлиёт кофист ва боз интизор меравад, ки нақлиёти мусофирбар таъмин карда шавад.
Министр транспорта Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Сабукӣ ба бадахшониҳо: Вазир гуфт, Президент хоҳони рушди баробари ҳамаи минтақаҳо мебошад
Вазири нақлиёт истифодаи зӯриро, ки масъулин қамчина гиранду намонанд мусофирон зиёд савор шаванд, роҳи ҳалли хирадмандона намедонад. Ӯ гуфт, бояд илман анбуҳи мусофирони ҳаррӯза, ҳармоҳа ва мавсимӣ омӯхта шавад. Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ анбуҳи мусофиронро меомӯзанду барои ҳалли мушкилот боз чораандешӣ мекунанд.
Ин назари вазир дар ҳолест, ки мусофирон дар Душанбе аз камбуди мусофирбарҳо шикоят мекунанд, ки боиси танбашавии мусофирон мегардад, ки дар шароити пандемияи коронавирус махсус хатарнок арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0