https://sputnik.tj/20211119/narkh-sabzi-poin-palav-arzon-1043640736.html
Нархи сабзӣ поин рафт: Палав арзон мешавад?
Нархи сабзӣ поин рафт: Палав арзон мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ӯзбекистон нархи сабзӣ поин рафт ва эҳтимол ин ба арзон шудани нархи палав анҷомад
2021-11-19T14:55+0500
2021-11-19T14:55+0500
2021-11-19T16:55+0500
иқтисод
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
нарх
ош
палав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039778134_400:0:3600:1800_1920x0_80_0_0_d571b90d1d09b59200242f1f22692028.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳосили нави сабзӣ дар дар Ӯзбекистон нархи ин сабзавотро поин бурдааст, навиштааст РИА "Новости".Нархи зардак қаблан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло рафта, аз ҷумла дар Ӯзбекистон низ 17 дарсад афзоиш ёфта буд. Дар пайи ин нархи палав низ, ки яке аз ғизоҳои калидӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, дар Ӯзбекистон ҳудуди 30 дарсад қимат шуд. Ба иттилои Кумитаи омори Ӯзбекистон, дар моҳи октябри соли 2021 палави арзонтарин дар вилояти Намангон фурӯхта мешуд, ки ҳудуди 1,4 долларро ташкил медод. Қиматтарин палав дар Тошканд сабт шудааст, ки 2,3 доллар нарх дошта, тайи як соли охир 29,3% афзоиш ёфтааст. Алишер Ҳамидов, иқтисоддони ӯзбек, тавзеҳ дод, ки нархи палав аз арзиши маҳсулоти асосии он, аз ҷумла сабзӣ вобастааст, аммо омилоҳои дигар, аз қабили нархи иҷораю интиқоли маҳсулот низ калидӣ мебошанд. Ӯ илова намуд, ки нарх дар минтақаҳо нисбат ба пойтахт арзонтар мебошад. Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон пешбинӣ кардааст, ки нархи як кило бехӣ дар Ӯзбекистон дар сатҳи 0,19 доллар то баҳори соли 2022 боқӣ хоҳад монд. Маврид ба зикр аст, ки моҳи январи соли 2020 Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон "шохиси палав" ва "шохиси бигмак" -ро таҳия карда, ки ба таври ғайрирасмӣ як навъ баҳогузории қобилияти харидории аҳолӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20211031/degi-oshi-palovi-buzurg-oshpaz-jashnvora-dushanbe--video-1043194421.html
ӯзбекистон
ош
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039778134_800:0:3200:1800_1920x0_80_0_0_2a9b595a4127df754aa62c6ef99aed76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, ош, палав, боло, сабзӣ, арзон, маҳсулот, ӯзбекистон
нарх, ош, палав, боло, сабзӣ, арзон, маҳсулот, ӯзбекистон
Нархи сабзӣ поин рафт: Палав арзон мешавад?
14:55 19.11.2021 (Навсозишуда: 16:55 19.11.2021) Дар Ӯзбекистон нархи сабзӣ поин рафт ва эҳтимол ин ба арзон шудани нархи палав анҷомад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳосили нави сабзӣ дар дар Ӯзбекистон нархи ин сабзавотро поин бурдааст, навиштааст РИА "Новости".
Нархи зардак қаблан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло рафта, аз ҷумла дар Ӯзбекистон низ 17 дарсад афзоиш ёфта буд. Дар пайи ин нархи палав низ, ки яке аз ғизоҳои калидӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, дар Ӯзбекистон ҳудуди 30 дарсад қимат шуд.
Ба иттилои Кумитаи омори Ӯзбекистон, дар моҳи октябри соли 2021 палави арзонтарин дар вилояти Намангон фурӯхта мешуд, ки ҳудуди 1,4 долларро ташкил медод.
Қиматтарин палав дар Тошканд сабт шудааст, ки 2,3 доллар нарх дошта, тайи як соли охир 29,3% афзоиш ёфтааст.
Алишер Ҳамидов, иқтисоддони ӯзбек, тавзеҳ дод, ки нархи палав аз арзиши маҳсулоти асосии он, аз ҷумла сабзӣ вобастааст, аммо омилоҳои дигар, аз қабили нархи иҷораю интиқоли маҳсулот низ калидӣ мебошанд. Ӯ илова намуд, ки нарх дар минтақаҳо нисбат ба пойтахт арзонтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон пешбинӣ кардааст, ки нархи як кило бехӣ дар Ӯзбекистон дар сатҳи 0,19 доллар то баҳори соли 2022 боқӣ хоҳад монд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи январи соли 2020 Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон "шохиси палав" ва "шохиси бигмак" -ро таҳия карда, ки ба таври ғайрирасмӣ як навъ баҳогузории қобилияти харидории аҳолӣ мебошад.