Деги оши палови бузург ва 50 ошпаз: Ҷашнвораи “Оши палав” дар Душанбе -видео

Обуна шудан
Дар ҷашнвораи бошукӯҳи “Оши палав” аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон меҳмонон, ошпазон ва ҳатто аз хориҷи кишвар иштирок доштанд
Дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи "Оши палав" баргузор шуд.
Ошпазони тоҷик имсол дар як дег се тонна оши палав пухта, меҳмононро ба ҳайрат оварданд.
Ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 50 беҳтарин ошпазро аз тамоми кишвар, инчунин аз хориҷ, аз Ӯзбекистон, Русия ва Афғонистон ҷамъ оварданд.
Табиист, ки дар миёни меҳмонон мусобиқаи палавхӯрӣ барпо гардид: онро гарм ва бо даст мехӯрданд.
Ташкилкунандагон эълон карданд, ки имсол тамоми оши палави дар ин ҷашн пухташуда ба ятимхонаҳо ва хонаи пиронсолон тақсим карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0