https://sputnik.tj/20211119/namozgoh-metro-maskav-musulmonon-1043641366.html
Даъвати боз кардани намозгоҳҳо дар метрои Маскав барои мусалмонон аз сӯйи муфтӣ
Даъвати боз кардани намозгоҳҳо дар метрои Маскав барои мусалмонон аз сӯйи муфтӣ
Sputnik Тоҷикистон
Муфтии Маскав аз камбуди масоҷид дар пойтахт хабар дод ва роҳи ҳалли ин мушкилро пешниҳод кард
2021-11-19T14:35+0500
2021-11-19T14:35+0500
2021-11-19T16:51+0500
муҳоҷират
масҷид
мусалмонон
метро
намозгузорон
дар русия
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422330_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c71cb0e36b0acdd6858170103de5b2c6.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд дар якҷоягӣ бо ҷомеаи мусалмонон ба масъалаи мутобиқшавии муҳоҷирон дар пойтахт машғул шаванд. Дар ин бора муфтии Маскав, муовини раиси Идораи мусалмонони Русия Илдар Аляутдинов дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳори андеша кард.Вай гуфт, бештари намозгузорони масҷидҳои пойтахт аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Аляутдинов зарурати муайян кардани мушкилот ва эҳтиёҷоти одамонеро, ки барои кор ба Русия омадаанд, изҳор намуд.Вай таъкид кард, ки дар ин кор манфиати давлат, сафоратхонаҳо, ниҳодҳои динию миллӣ ва худи шаҳрвандон зарурист, зеро “ғамхорӣ кардан дар бораи ҷаҳони ботинии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои афзудани маънавиёт муҳим аст". "Ман борҳо ба сафирони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар ҷумҳуриҳо муроҷиат кардам, то дар ҳамкорӣ бо намояндагони давлатҳои худ дар қаламрави Русия дар робита ба ин масъала кумак кунанд", - афзуд ӯ.Муфтӣ таъкид кард, ки то имрӯз ин кор танҳо бо бахши дипломатии Қирғизистон роҳандозӣ шудааст. Тибқи ҳисобҳои Аляутдинов, дар пойтахт ҳудуди 3-3,5 миллион мусалмон ба сар мебарад, ки 2 миллион нафарашон сокинони маҳаллӣ ва боқимонда муҳоҷиронанд. Дархости мусалмонони Маскав барои сохтмони масҷидҳои бештар дар пойтахти РусияӮ ҳамчунин зикр кард, ки барои ҳамаи онҳо дар пойтахт ҳамагӣ 4 масҷид аст, ки кофӣ нест. Аляутдинов барои рафъи вазъ хостааст, ки дар маркази савдо ва метро намозгоҳҳо ва ҳамчунин марказҳои фарҳангии мусалмонон дар ҳар ноҳияи Маскав боз шавад.
https://sputnik.tj/20211103/mufti-maskav-masjid-muhojiron-1043249339.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422330_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_8be0ca81f030e18724134dee2750bda3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намозгоҳҳо метро маскав мусулмонон муфтӣ
намозгоҳҳо метро маскав мусулмонон муфтӣ
Даъвати боз кардани намозгоҳҳо дар метрои Маскав барои мусалмонон аз сӯйи муфтӣ
14:35 19.11.2021 (Навсозишуда: 16:51 19.11.2021) Муфтии Маскав аз камбуди масоҷид дар пойтахт хабар дод ва роҳи ҳалли ин мушкилро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд дар якҷоягӣ бо ҷомеаи мусалмонон ба масъалаи мутобиқшавии муҳоҷирон дар пойтахт машғул шаванд.
Дар ин бора муфтии Маскав, муовини раиси Идораи мусалмонони Русия Илдар Аляутдинов дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳори андеша кард.
Вай гуфт, бештари намозгузорони масҷидҳои пойтахт аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Аляутдинов зарурати муайян кардани мушкилот ва эҳтиёҷоти одамонеро, ки барои кор ба Русия омадаанд, изҳор намуд.
"Муҳоҷирон на ҳамеша вижагиҳои ҷомеаи Русияро дарку қабул мекунанд, на ҳама вақт қодир ба ҳамгироии дуруст ва саривақтӣ ҳастанд, баъзан кӯшиш мекунанд, ки исроркорона худашонро таҳмил кунанд. Вазифаи мо кумак кардан аст, ки онҳо ба як ҷузъи ҷомеа табдил ёбанд", — гуфт Аляутдинов.
Вай таъкид кард, ки дар ин кор манфиати давлат, сафоратхонаҳо, ниҳодҳои динию миллӣ ва худи шаҳрвандон зарурист, зеро “ғамхорӣ кардан дар бораи ҷаҳони ботинии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои афзудани маънавиёт муҳим аст".
"Ман борҳо ба сафирони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар ҷумҳуриҳо муроҷиат кардам, то дар ҳамкорӣ бо намояндагони давлатҳои худ дар қаламрави Русия дар робита ба ин масъала кумак кунанд", - афзуд ӯ.
Муфтӣ таъкид кард, ки то имрӯз ин кор танҳо бо бахши дипломатии Қирғизистон роҳандозӣ шудааст.
Тибқи ҳисобҳои Аляутдинов, дар пойтахт ҳудуди 3-3,5 миллион мусалмон ба сар мебарад, ки 2 миллион нафарашон сокинони маҳаллӣ ва боқимонда муҳоҷиронанд.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои ҳамаи онҳо дар пойтахт ҳамагӣ 4 масҷид аст, ки кофӣ нест.
Аляутдинов барои рафъи вазъ хостааст, ки дар маркази савдо ва метро намозгоҳҳо ва ҳамчунин марказҳои фарҳангии мусалмонон дар ҳар ноҳияи Маскав боз шавад.