https://sputnik.tj/20211103/mufti-maskav-masjid-muhojiron-1043249339.html
Муфтӣ: Дар Маскав масҷид барои муҳоҷирон намерасад
Муфтӣ: Дар Маскав масҷид барои муҳоҷирон намерасад
Sputnik Тоҷикистон
Муфтии вилояти Маскав вазъи шумори масоҷид дар пойтахтро мушкил номид ва гуфт, ки ҳатто бидуни муҳоҷирон барои намозхонаҳо намерасанд.
2021-11-03T10:16+0500
2021-11-03T10:16+0500
2021-11-03T12:02+0500
масҷид
маскав
намозгузорон
муфтӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102652/40/1026524000_0:198:3073:1926_1920x0_80_0_0_881e4c2bd3f595347d7f073c49f86e93.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, муфтии вилояти Маскав Рӯшан Аббясов гуфтааст, ки дар Маскав масҷидҳо барои мусалмонони маҳаллӣ, ҳатто бидуни ба назар гирифтани муҳоҷирон кофӣ нестанд, хабар медиҳад РИА "Новости".Аз ин рӯ бунёди маконҳои нави намозгузорӣ берун аз Маскав ва коҳиши намозгузорон дар масоҷиди шаҳр ба беҳбуди вазъ мусоидат мекунад, гуфтааст ӯ.Номбурда қайд кард, ки муҳоҷир пеш аз ҳама инсон аст, офаридаи Худост ва барои ӯ масҷид рафтан муҳим аст.Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Федератсияи Русия, дар Маскав масҷидҳо бо дарназардошти мардуми маҳаллӣ сохта шуда буданд ва ҳоло ҷой дар онҳо камӣ мекунад.Аббясов зикр кард, ки 15 сол пеш намояндагони ҷомеаи мусалмонон бо шаҳрдории Маскав тарҳи бунёди масҷидҳо дар навоҳии ин шаҳрро ба манзури рафъи сарборӣ дар пойтахт баррасӣ ва сипас шаҳрдорӣ "маконҳо барои сохтмон"-ро пешниҳод кард."Аммо дар ин муддат масъала ҳалли худро наёфт. Ҳангоме ки шумори муҳоҷирони корӣ дар пойтахт ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт ва чун онҳо, ки аксаран мусалмонанд, вазъи масоҷид хеле мушкил шуд", - хулоса кард муфтӣ.
https://sputnik.tj/20211022/masjid-maskav-koronavirus-faoliyat-1043027106.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102652/40/1026524000_163:0:2894:2048_1920x0_80_0_0_276e584495e8840592c9b31823d32919.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муфтӣ маскав масҷид муҳоҷирон
муфтӣ маскав масҷид муҳоҷирон
Муфтӣ: Дар Маскав масҷид барои муҳоҷирон намерасад
10:16 03.11.2021 (Навсозишуда: 12:02 03.11.2021) Муфти вилояти Маскав вазъи масоҷид дар пойтахтро мушкил хонд ва гуфт, ҳатто бидуни муҳоҷирон ҳам барои намозхонаҳо ҷой намерасад.
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, муфтии вилояти Маскав Рӯшан Аббясов гуфтааст, ки дар Маскав масҷидҳо барои мусалмонони маҳаллӣ, ҳатто бидуни ба назар гирифтани муҳоҷирон кофӣ нестанд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Аз ин рӯ бунёди маконҳои нави намозгузорӣ берун аз Маскав ва коҳиши намозгузорон дар масоҷиди шаҳр ба беҳбуди вазъ мусоидат мекунад, гуфтааст ӯ.
"Агар ин хушбинӣ сурат гирад ва муҳоҷирон кам шаванд, барои мо осонтар мешавад. Зеро дар Маскав иҷозаи бунёди масҷиди навро надорем, ҳарчанд мо пешниҳод кардем, ки барои сабук кардани маркази шаҳр дар навоҳӣ масҷид бунёд кунем, зеро масоҷиди мавҷуд бидуни ба назар гирифтани муҳоҷирон, ҳатто барои мусулмонони маҳаллӣ кофӣ нестанд”, - гуфт Рӯшан Аббясов.
Номбурда қайд кард, ки муҳоҷир пеш аз ҳама инсон аст, офаридаи Худост ва барои ӯ масҷид рафтан муҳим аст.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Федератсияи Русия, дар Маскав масҷидҳо бо дарназардошти мардуми маҳаллӣ сохта шуда буданд ва ҳоло ҷой дар онҳо камӣ мекунад.
Аббясов зикр кард, ки 15 сол пеш намояндагони ҷомеаи мусалмонон бо шаҳрдории Маскав тарҳи бунёди масҷидҳо дар навоҳии ин шаҳрро ба манзури рафъи сарборӣ дар пойтахт баррасӣ ва сипас шаҳрдорӣ "маконҳо барои сохтмон"-ро пешниҳод кард.
"Аммо дар ин муддат масъала ҳалли худро наёфт. Ҳангоме ки шумори муҳоҷирони корӣ дар пойтахт ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт ва чун онҳо, ки аксаран мусалмонанд, вазъи масоҷид хеле мушкил шуд", - хулоса кард муфтӣ.