Мақомоти Маскав идеяи ифтитоҳи намозгоҳҳоро дар метроро напазируфтанд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ки дар он ҷо одамони дорои ақидаҳои гуногуни мазҳабӣ зиёданд, утоқҳои махсус барои намоз ташкил кардан ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Раёсати нақлиёти Маскав аз ташкили утоқҳо барои намозгузорӣ дар нақлиёт худдорӣ кард.
Дар мусоҳиба бо РИА "Новости" як корманди шуъба қайд кард, ки ҷудо кардани бино ва ҷой барои ибодат барои афроди дорои ҳар гуна ақидаи мазҳабӣ ғайриимкон аст.
"Мо ба ҳиссиёти диндорон эҳтиром мегузорем, аммо дар нақлиёти ҷамъиятӣ барои иҷрои расму оинҳои динии ҳар гуна эътиқод шароити бехатар фароҳам овардан ғайриимкон аст", - гуфтанд дар Вазорати нақлиёт.
Қаблан муфтии Маскав аз Идораи мусалмонони Федератсияи Русия, моми масҷиди ҷомеи Маскав Илдар Аляутдинов гуфта буд, ки мусалмонон мехоҳанд дар метро ва марказҳои савдо намозгоҳ боз кунанд.
Ӯ қайд кард, ки дар фурудгоҳҳо, хосписҳо ва баъзе марказҳои тиббӣ утоқҳои махсус барои адои намоз пайдо шудаанд.
Намаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Даъвати боз кардани намозгоҳҳо дар метрои Маскав барои мусалмонон аз сӯйи муфтӣ
"Мо инчунин кӯшиш мекунем, ки бо марказҳои савдо ба созиш бирасем. Дар интернет дидан мумкин аст, ки диндорон дар гузаргоҳҳои метро чӣ гуна намоз мехонанд, аз ин рӯ мо дар бораи кушодани ҳуҷраҳо дар метрои Маскав музокира мекунем", - таъкид кард Аляутдинов.
Ба гуфтаи муфтӣ, мусалмонон ба далели набуди биноҳои вижа маҷбуранд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ин иқдомот даст зананд.
Чунин утоқҳо дар метро ва марказҳои тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки "бе хиҷолат аз шаҳрвандони дигар" намоз гузоранд ва ба муҳоҷирони муъмин барои беҳтар мутобиқ шудан кӯмак хоҳад кард.
Дархости мусалмонони Маскав барои сохтмони масҷидҳои бештар дар пойтахти Русия
Тибқи ҳисобҳои Аляутдинов, дар пойтахт ҳудуди 3-3,5 миллион мусалмон ба сар мебарад, ки 2 миллион нафарашон сокинони маҳаллӣ ва боқимонда муҳоҷиронанд.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои ҳамаи онҳо дар пойтахт ҳамагӣ 4 масҷид аст, ки ин кофӣ нест.
Лентаи хабарҳо
0