https://sputnik.tj/20211119/jazo-zuri-tarbiyai-kudak-taghyirot-qonunguzorii-tojikiston-1043638898.html
Ҷазо барои истифода аз зӯр дар тарбияи кӯдак — меъёри нав дар қонунгузории Тоҷикистон
Ҷазо барои истифода аз зӯр дар тарбияи кӯдак — меъёри нав дар қонунгузории Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонунгузории кишвар ҷазо барои иҷро накардани уҳдадорӣ дар парасторӣ, таълим ва тарбияи фарзандро пурзӯр карда, дар... 19.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-19T13:45+0500
2021-11-19T13:45+0500
2021-11-19T16:37+0500
дар тоҷикистон
ҷазо
латукӯб
кӯдак
тарбия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102874/79/1028747982_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_70861b418dc063390973c2943032fbe7.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мирзоамон Рофизода, ноиби додситони кулли Тоҷикистон, тағйироти ҷадид дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳуриро, ки марбути кӯдакон аст, шарҳ дод. Аз ҷумла барои истифодаи зӯроварӣ ё таҳдид дар тарбияи кӯдакон аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 300 - 420 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Рофизода дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, мақсади лоиҳаи қонун манъ кардани истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар зимни парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон мебошад.Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Рофизода хабар дод, ки дар моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ибораҳои ҳои "истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон" илова гардид. Ноиби додситони кулли Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар амалия кирдори зиддиҳуқуқӣ дар тарбияи ноболиғ мавҷуд мебошанд, ки аз рӯи хавфи ҷамъиятиашон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, ҳанӯз ҷиноят нестанд, вале ба ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон зарари муайян ворид сохта метавонанд.Инчунин эзоҳ дода шудааст, ки дар ин модда зери мафҳуми "истифодаи зӯроварӣ" ё "таҳдиди истифодаи зӯроварӣ", латукӯб ё ҳаракати дигари зӯроварие, ки хусусияти бисёркарата ва мунтазам надошта, ба ҷабрдида азобу уқубати дурудароз намерасонанд, фаҳмида мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи ноболиғон тайи солҳои 2019-2020 ҳудуди 26900 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. То тағйироти ахир дар қонунгузории Тоҷикистон барои ин аъмол аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Бо илова намудани тағйироти ҷадид, ҷазо аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин гардидааст.
https://sputnik.tj/20200523/Dodom-nazad-nagzash-mebinam-khabargirii-pisare-padarash-ro-kft-video-1031288226.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102874/79/1028747982_65:0:1778:1285_1920x0_80_0_0_6534eab3cd699b843ad3b3bf38c36e5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҷазо, латукӯб, кӯдак, тарбия
дар тоҷикистон, ҷазо, латукӯб, кӯдак, тарбия
Ҷазо барои истифода аз зӯр дар тарбияи кӯдак — меъёри нав дар қонунгузории Тоҷикистон
13:45 19.11.2021 (Навсозишуда: 16:37 19.11.2021) Парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонунгузории кишвар ҷазо барои иҷро накардани уҳдадорӣ дар парасторӣ, таълим ва тарбияи фарзандро пурзӯр карда, дар қонун банди нав ворид намудааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мирзоамон Рофизода, ноиби додситони кулли Тоҷикистон, тағйироти ҷадид дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳуриро, ки марбути кӯдакон аст, шарҳ дод. Аз ҷумла барои истифодаи зӯроварӣ ё таҳдид дар тарбияи кӯдакон аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 300 - 420 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Рофизода дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, мақсади лоиҳаи қонун манъ кардани истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар зимни парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон мебошад.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Рофизода хабар дод, ки дар моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ибораҳои ҳои "истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон" илова гардид.
Ноиби додситони кулли Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар амалия кирдори зиддиҳуқуқӣ дар тарбияи ноболиғ мавҷуд мебошанд, ки аз рӯи хавфи ҷамъиятиашон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, ҳанӯз ҷиноят нестанд, вале ба ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон зарари муайян ворид сохта метавонанд.
Инчунин эзоҳ дода шудааст, ки дар ин модда зери мафҳуми "истифодаи зӯроварӣ" ё "таҳдиди истифодаи зӯроварӣ", латукӯб ё ҳаракати дигари зӯроварие, ки хусусияти бисёркарата ва мунтазам надошта, ба ҷабрдида азобу уқубати дурудароз намерасонанд, фаҳмида мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи ноболиғон тайи солҳои 2019-2020 ҳудуди 26900 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. То тағйироти ахир дар қонунгузории Тоҷикистон барои ин аъмол аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.
Бо илова намудани тағйироти ҷадид, ҷазо аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин гардидааст.