ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Илҳомҷон дар суҳбат бо Диловар Сафаров, блогери тоҷик, ки ба хабаргирияш рафт, дар шарҳи навори паҳншуда гуфт, чунин ҳолат як бор рух додааст.
Кӯдак мегӯяд, ҳолаш хуб аст, ҷое аз баданаш лат нахӯрдааст ва падарашро дӯст медорад. Модарбузурги кӯдакон низ дар навор суҳбат карда, изҳор медорад, ки чунин рафтори писараш ӯро дар ҳолати шок қарор дод. Ӯ гуфт, кор мекунад ва худаш тавони таъмину тарбияи набераҳояшро дорад.
Видеои хабаргирии кӯдаконро метавонед аз ин пайванд тамошо кунед.
Қаблан Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри навори латукӯби кӯдак аз ҷониби падар онро таҳқиқ карда, иттилоъ дод, ки Иномзода Фирдавси 34-сола аз сӯи кормандони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд бо гумони латукӯби ноболиғ боздошт гардид.
“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд сокини шаҳри Хуҷанд Иномзода Фирдав Аббос, соли таваллудаш 26.11.1986, ки қаблан бо моддаи 281 КЧ ЧТ маҳкум шудааст, боздошт шуд”,-иттилоъ дода буд Раёсати кофтукови ҷиноӣ.
Таъкид шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса, айни замон кормандони милитсияи вилояти Суғд тафтишот мебаранд.