https://sputnik.tj/20211119/istehsol-mahsulot-sanoati-tojikiston-1043646149.html
Афзоиши рекордии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон
Афзоиши рекордии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Истехсоли махсулоти саноат дар Точикистон назар ба соли гузашта 22,9 фоиз афзудааст
2021-11-19T15:51+0500
2021-11-19T15:51+0500
2021-11-19T17:14+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
саноат
истеҳсолот
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_0:94:1819:1117_1920x0_80_0_0_8a234baa332b4606931458f917115b86.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллар маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст, хабар медиҳад хабаргузории “Авеста” бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар. Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои даҳ моҳи соли 2021, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 30,9 миллиард сомониро (беш аз 2,7 миллиард доллар) ташкил додааст.Афзоиши истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,9 фоизро гуфта мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 6,7 миллиард сомонӣ (беш аз 593 миллион доллар) зиёд аст. Афзоиши истеҳсолот аз ҳама бештар дар соҳаҳои саноати истихроҷи маъдан ва таъмини барқ ба қайд гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, қаблан ба Қонун “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” тағйирот ворид шуда буд, ки ба паркҳои саноатии кишвар дахл хоҳад дошт. Дар он ба тараққиёти ин саноат таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст. Тағйирот ба тадбирҳои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок тавассути бонкҳо ва дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар бахши саноат ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ таъсир мерасонад.
https://sputnik.tj/20211106/tojikiston-istikhroj-tillo-muvaffaq-1043292448.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_102:0:1717:1211_1920x0_80_0_0_f050bda3f1aa2f269b74c8c56771639a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш истеҳсол маҳсулот саноат тоҷикистон
афзоиш истеҳсол маҳсулот саноат тоҷикистон
Афзоиши рекордии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон
15:51 19.11.2021 (Навсозишуда: 17:14 19.11.2021) Истехсоли махсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта 22,9 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллар маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст, хабар медиҳад хабаргузории “Авеста” бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои даҳ моҳи соли 2021, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 30,9 миллиард сомониро (беш аз 2,7 миллиард доллар) ташкил додааст.
Афзоиши истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,9 фоизро гуфта мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 6,7 миллиард сомонӣ (беш аз 593 миллион доллар) зиёд аст.
Афзоиши истеҳсолот аз ҳама бештар дар соҳаҳои саноати истихроҷи маъдан ва таъмини барқ ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, қаблан ба Қонун “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” тағйирот ворид шуда буд, ки ба паркҳои саноатии кишвар дахл хоҳад дошт. Дар он ба тараққиёти ин саноат таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.
Тағйирот ба тадбирҳои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок тавассути бонкҳо ва дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар бахши саноат ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ таъсир мерасонад.