Тоҷикистон дар истихроҷи тило муваффақ шуд: ҳисоботи Вазорати саноат

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкЗолотые слитки, архивное фото
Золотые слитки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Обуна шудан
Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Истеҳсоли тило дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 беш аз ҳашт дарсад афзоиш ёфтааст.
Чунин маълумотро Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ироа кардааст.
Вазорат мушаххас накардааст, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон чӣ миқдор тило ба даст омадааст.
Маълум аст, ки дар кишвар бештар металлҳои қиматбаҳо аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ, асосан чинӣ истихроҷ ва пардозиш мешаванд.
Истеҳсолкунандагони аслии тило дар Тоҷикистон "Зарафшон", "Покрӯд" ва "Таком голд" мебошанд. Аксари саҳмияҳои ин ширкатҳо ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд.
Добыча золота - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2020
Вазорати молия гуфт, ба чанд нафар барои истихроҷи тилло иҷозат дод
Дар Тоҷикистон ташкилоти "Апрелевка" низ амал мекунад. Қариб 50 дарсади саҳмияҳои ширкат ба соҳибкорони Канада тааллуқ доранд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2014 то 2019 истихроҷи тило дар Тоҷикистон беш аз чаҳор баробар: аз ду то ҳашт тонна афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол Вазорати саноат натоиҷи истихроҷи филизоти қиматбаҳоро дар соли 2020 эълон накардааст.
Гумон меравад, ки истихроҷ аз сабаби пандемия суст шудааст.
Золото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2019
Тоҷикистон иҷозаи истихроҷи тилло ба шаҳрвандонро барномарезӣ мекунад
Ҳоло дар кишвар қариб 140 кони тило мавҷуд аст. Ҳаҷми захираҳо қариб 500 тоннаро ташкил медиҳад. Аммо ҷумҳурӣ маҷбур шуд, ки як қисми захираҳоро аз сабаби нарасидани маблағ, дар натиҷаи кам шудани маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ ба фурӯш барорад.
Лентаи хабарҳо
0