https://sputnik.tj/20211118/afsona-vaksinzani-koronavirus-1043625913.html
Чаро мардумро фиреб медиҳанд: панҷ афсона дар бораи ваксинзанӣ алайҳи коронавирус
Чаро мардумро фиреб медиҳанд: панҷ афсона дар бораи ваксинзанӣ алайҳи коронавирус
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос гуфт, ки чӣ бояд кард то ба таъсири афсонаҳои ваксинбадбинҳо дода нашуд ва ҳақиқатро дар бораи ваксинзанӣ аз афсона фарқ кард
2021-11-18T20:20+0500
2021-11-18T20:20+0500
2021-11-18T20:49+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
дору
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034451_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_fe135a7c83d13741d6288c306fc1ba8d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Пизишки шоистаи Русия, узви Кумитаи сиёсати иҷтимоии Шӯрои Федератсия Владимир Круглий панҷ афсонаи марбут ба ваксинзанӣ алайҳи коронавирусро ошкор кард. Аксари ҳукмҳое, ки ҳамчун далели зиддиваксинзанӣ оварда мешаванд, аз ҷониби ваксинабезорҳо паҳн мегарданд, аммо мутахассис шарҳ дод, ки ин гуна далелҳо беэътимод ва бемаънӣ мебошанд. Аввалин афсона дар бораи ваксина бар зидди COVID-19 ин аст, ки ваксинаҳо кам омӯхта шудаанд.Ба гуфтаи табиб, "Спутник V" дар асоси аденовируси инсон, ки муддати тӯлонӣ истифода мешавад, сохта шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ваксина озмуда шудааст ва бехатар аст. Дар мусоҳиба бо "Парламентская газета" ӯ қайд кард, ки вектор ҳамчун хаткашон хизмат мекунад, ки ба он гени рамзгузори сафедаи S-и коронавирус ворид карда мешавад. Баъзе одамон мегӯянд, ҳатто шахси ваксинашуда метавонад COVID-19-ро ба таври вазнин аз сар гузаронад.Ба гуфтаи табиби шоиста, эмкунӣ хатари сироятро аз байн намебарад, аммо омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, афроди ваксинашуда хеле камтар (аз ҳафт то даҳ дарсад) бемор мешаванд. Ва хатари марг камтар аз як фоиз аст. Пизишк гуфт, ақида дар бораи он ки ваксина инсонро аз ҷиҳати генетикӣ тағйир медиҳад, "бемаънӣ аст". Принсипи амали чунин доруҳо зиёда аз 200 сол боз маълум аст ва ҳама эпидемияҳо бо ёрии ваксинаҳо аз байн бурда шуданд. Аллергия аз ваксина воқеан имконпазир аст, аммо маълумот дар бораи таъсири он ҳамеша навишта мешавад.Таъсири манфӣ пас аз ваксина хеле кам ба назар мерасад. Гузашта аз ин, тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти сершумор, "Спутник V" бехатартарин ваксина аст, афзуд пизишк. Илова бар ин Круглий таъсири ваксинаро ба саломатии репродуктивии мардон ва занон рад мекунад. Гузашта аз ин худи коронавирус қодир аст, боиси безурётӣ гардад. Пизишк ҳамчунин таъкид кард, ки эмгузаронӣ дар масъалаи ҳомила шудани зан мушкиле ба бор намеорад.
https://sputnik.tj/20211024/olimon-chand-marotiba-koronavirus-giriftor-1043064886.html
https://sputnik.tj/20210821/olimon-roh-muhofizat-covid-19-1041809221.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034451_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_87f224f7234b476a0092f81d489cfcb9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мардум, афсона, коронавирус, тандурустӣ, духтур
мардум, афсона, коронавирус, тандурустӣ, духтур
Чаро мардумро фиреб медиҳанд: панҷ афсона дар бораи ваксинзанӣ алайҳи коронавирус
20:20 18.11.2021 (Навсозишуда: 20:49 18.11.2021) Коршинос гуфт, ки чӣ бояд кард, то ба таъсири афсонаҳои ваксинбадбинҳо дода нашуд ва ҳақиқатро дар бораи ваксинзанӣ аз афсона фарқ кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Пизишки шоистаи Русия, узви Кумитаи сиёсати иҷтимоии Шӯрои Федератсия Владимир Круглий панҷ афсонаи марбут ба ваксинзанӣ алайҳи коронавирусро ошкор кард.
Аксари ҳукмҳое, ки ҳамчун далели зиддиваксинзанӣ оварда мешаванд, аз ҷониби ваксинабезорҳо паҳн мегарданд, аммо мутахассис шарҳ дод, ки ин гуна далелҳо беэътимод ва бемаънӣ мебошанд.
Аввалин афсона дар бораи ваксина бар зидди COVID-19 ин аст, ки ваксинаҳо кам омӯхта шудаанд.
Ба гуфтаи табиб, "Спутник V" дар асоси аденовируси инсон, ки муддати тӯлонӣ истифода мешавад, сохта шудааст.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ваксина озмуда шудааст ва бехатар аст.
"Вектор як аденовирус аст, ки аз ген барои паҳншавӣ маҳрум аст. Он ба саломатӣ таҳдид намекунад", - таъкид кард Круглий.
Дар мусоҳиба бо "
Парламентская газета" ӯ қайд кард, ки вектор ҳамчун хаткашон хизмат мекунад, ки ба он гени рамзгузори сафедаи S-и коронавирус ворид карда мешавад.
Баъзе одамон мегӯянд, ҳатто шахси ваксинашуда метавонад COVID-19-ро ба таври вазнин аз сар гузаронад.
Ба гуфтаи табиби шоиста, эмкунӣ хатари сироятро аз байн намебарад, аммо омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, афроди ваксинашуда хеле камтар (аз ҳафт то даҳ дарсад) бемор мешаванд. Ва хатари марг камтар аз як фоиз аст.
Пизишк гуфт, ақида дар бораи он ки ваксина инсонро аз ҷиҳати генетикӣ тағйир медиҳад, "бемаънӣ аст". Принсипи амали чунин доруҳо зиёда аз 200 сол боз маълум аст ва ҳама эпидемияҳо бо ёрии ваксинаҳо аз байн бурда шуданд.
"Дар посух ба ворид кардани антигени сафедаи хориҷӣ дар бадан антителоҳои қатъии мушаххас тавлид мешаванд, ки ин антигени мушаххасро нест мекунанд. Ваксинаҳо ба ДНК таъсир намерасонанд", - таъкид кард Круглий.
Аллергия аз ваксина воқеан имконпазир аст, аммо маълумот дар бораи таъсири он ҳамеша навишта мешавад.
Таъсири манфӣ пас аз ваксина хеле кам ба назар мерасад. Гузашта аз ин, тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти сершумор, "Спутник V" бехатартарин ваксина аст, афзуд пизишк.
Илова бар ин Круглий таъсири ваксинаро ба саломатии репродуктивии мардон ва занон рад мекунад. Гузашта аз ин худи коронавирус қодир аст, боиси безурётӣ гардад. Пизишк ҳамчунин таъкид кард, ки эмгузаронӣ дар масъалаи ҳомила шудани зан мушкиле ба бор намеорад.