https://sputnik.tj/20211119/bayden-vakolat-kamala-1043653187.html
Байден ваколатҳояшро ба Камала Харрис супурд
Байден ваколатҳояшро ба Камала Харрис супурд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳангоми муолиҷаи Байден дар беморхона, ноиби президент корҳои сарвари давлатро идора хоҳад кард
2021-11-19T19:42+0500
2021-11-19T19:42+0500
2021-11-19T19:51+0500
има
ҷо байден
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0c/1032438243_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_15c6aff921ccd478ef621ea502fd4d72.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ваколатҳояшро ба ноиби президент Камала Харрис супурд. Дар ин бора дар Кохи Сафед хабар доданд. Сарвари давлат ба далели муоинаи тиббӣ чунин қарор кардааст. Ба гуфти манбаъ, феълан Байден дар бемористон таҳти наркоз қарор дорад ва дар он ҷо аз ташхиси колоноскопия мегузарад. Тибқи қавонини Амрико, ноиби президент ҳақ дорад, дар сурати аз уҳдаи иҷрои ваколатҳо набаромадани раҳбари кунунӣ, президенти нави иёлот шавад. Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи марти соли 2021 Байден як қисми ваколатҳояшро ба Ҳаррис супурда буд. Сухан дар бораи ӯҳдадориҳои гузаронидани гуфтушунидҳои байналмилалӣ бо Мексика ва дигар кишварҳо дар бораи "афзоиши ҷиддӣ" - и муҳоҷират ба ИМА меравад.Байден 3 ноябри соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Раҳбари кунунии Амрико номзад аз Ҳизби демократи ИМА буд. Рақиби аслии ӯ ҷумҳурихоҳ ва раиси ҷумҳур Доналд Трамп буд. Байден беш аз 81 миллион овоз гирифт.
https://sputnik.tj/20210321/Bayden-sarvazir-Kamala-Kharris-donotar-1033043520.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0c/1032438243_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_9f0abb09c2f6fbb7352cf721b76fc31a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
байден, ваколат, камала ҳаррис
байден, ваколат, камала ҳаррис
Байден ваколатҳояшро ба Камала Харрис супурд
19:42 19.11.2021 (Навсозишуда: 19:51 19.11.2021) Ҳангоми муолиҷаи Байден дар беморхона, ноиби президент корҳои сарвари давлатро идора хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ваколатҳояшро ба ноиби президент Камала Харрис супурд. Дар ин бора дар Кохи Сафед хабар доданд.
Сарвари давлат ба далели муоинаи тиббӣ чунин қарор кардааст.
Ба гуфти манбаъ, феълан Байден дар бемористон таҳти наркоз қарор дорад ва дар он ҷо аз ташхиси колоноскопия мегузарад.
"Чун раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш солҳои 2002 ва 2007 буд, тибқи тартиби муқарраркардаи Қонуни асосии ИМА, Байден қудратро ба муддати кӯтоҳ ба ноиби президент дар ҳоле вогузор хоҳад кард, ки ӯ зери наркоз аст", — гуфт сухангӯи Кохи Сафед.
Тибқи қавонини Амрико, ноиби президент ҳақ дорад, дар сурати аз уҳдаи иҷрои ваколатҳо набаромадани раҳбари кунунӣ, президенти нави иёлот шавад.
Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи марти соли 2021 Байден як қисми ваколатҳояшро ба Ҳаррис супурда буд.
Сухан дар бораи ӯҳдадориҳои гузаронидани гуфтушунидҳои байналмилалӣ бо Мексика ва дигар кишварҳо дар бораи "афзоиши ҷиддӣ" - и муҳоҷират ба ИМА меравад.
Байден 3 ноябри соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Раҳбари кунунии Амрико номзад аз Ҳизби демократи ИМА буд.
Рақиби аслии ӯ ҷумҳурихоҳ ва раиси ҷумҳур Доналд Трамп буд. Байден беш аз 81 миллион овоз гирифт.