https://sputnik.tj/20211118/rusiya-terrorizm-mavod-mukhaddir-afghoniston-1043611278.html
Ҳушдори Кремл дар бораи густариши терроризм ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон
Ҳушдори Кремл дар бораи густариши терроризм ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ гуфт, вазъ дар Афғонистон ба эътидол наомадааст ва дар баробари чолишҳои қаблӣ мушкилоти нав афзудааст
2021-11-18T12:05+0500
2021-11-18T12:05+0500
2021-11-18T16:54+0500
сиёсат
афғонистон
смм
шӯрои амнияти смм
василий небензя
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/98/1024379886_0:0:2947:1657_1920x0_80_0_0_c805cac48d44e8c2323f26faa88d17ec.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, воқеияти нав, ки пас аз 15 август дар Афғонистон пайдо шуд, на худи афғонистониҳо ва на ҷомеаи байналмилалиро ба эҷоди як кишвари осоишта ва ҷудонашавандаи озод аз маводи мухаддиру ҷиноят водор накардааст. Намояндаи доимии Русия дар СММ дар бораи хатари густариши таҳдиди террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳушдор дод. Небензя гуфтааст, ки имрӯз хатари воқеии фаъолиятҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла фаъолиятҳо бо номи ҷараёни муҳоҷират вуҷуд дорад. Мо аз толибон интизор дорем, ки ба ваъдаҳои худ барои аз байн бурдани ин чолишҳо амал мекунанд.Ӯ гуфт, Русия ҳамчунон аз таъсиси ҳукумати воқеии фарогир, ки манфиатҳои тамоми ақвоми кишвар ва нерӯҳои сиёсӣ, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон ва кӯдаконро ба таври кофӣ инъикос мекунад, дастгирӣ менамояд. Небензия гуфт, Русия мехоҳад ҳарчи зудтар конфронси байналмилалии Афғонистонро таҳти сарпарастии СММ баргузор кунад. "Мо чунин мешуморем, ки бояд ҳарчи зудтар конфронси байналмиллалии кумаки молиро таҳти сарпарастии СММ даъват ва эътироф кунем, бори умдаи барқарорсозӣ, рушди иқтисодию молии пас аз ҷанг дар Афғонистон бояд ба дӯши низомиёне, ки тӯли 20 сол дар ин кишвар буданд, гузошта шавад", - гуфт ӯ.Ҳамзамон дар ин нишасти амниятӣ Дебора Лион, раиси намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, аъзои толибон дар Афғонистон натавонистаанд ба густариши гурӯҳи “Давлати исломӣ”* дар ин кишвар монеъ шаванд.
https://sputnik.tj/20211118/smm-tolibon-doish-afghoniston-notavon-1043609013.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/98/1024379886_16:0:2745:2047_1920x0_80_0_0_dfb8220d0e2ec59a50c416ac83368a14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия терроризм маводи мухаддир афғонистон ҳушдор
русия терроризм маводи мухаддир афғонистон ҳушдор
Ҳушдори Кремл дар бораи густариши терроризм ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон
12:05 18.11.2021 (Навсозишуда: 16:54 18.11.2021) Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ гуфт, вазъ дар Афғонистон ба эътидол наомадааст ва бар чолишҳои қаблӣ мушкилоти нав афзудааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, воқеияти нав, ки пас аз 15 август дар Афғонистон пайдо шуд, на худи афғонистониҳо ва на ҷомеаи байналмилалиро ба эҷоди як кишвари осоишта ва ҷудонашавандаи озод аз маводи мухаддиру ҷиноят водор накардааст.
Намояндаи доимии Русия дар СММ дар бораи хатари густариши таҳдиди террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳушдор дод.
Небензя гуфтааст, ки имрӯз хатари воқеии фаъолиятҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла фаъолиятҳо бо номи ҷараёни муҳоҷират вуҷуд дорад. Мо аз толибон интизор дорем, ки ба ваъдаҳои худ барои аз байн бурдани ин чолишҳо амал мекунанд.
Ӯ гуфт, Русия ҳамчунон аз таъсиси ҳукумати воқеии фарогир, ки манфиатҳои тамоми ақвоми кишвар ва нерӯҳои сиёсӣ, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон ва кӯдаконро ба таври кофӣ инъикос мекунад, дастгирӣ менамояд.
Небензия гуфт, Русия мехоҳад ҳарчи зудтар конфронси байналмилалии Афғонистонро таҳти сарпарастии СММ баргузор кунад.
"Мо чунин мешуморем, ки бояд ҳарчи зудтар конфронси байналмиллалии кумаки молиро таҳти сарпарастии СММ даъват ва эътироф кунем, бори умдаи барқарорсозӣ, рушди иқтисодию молии пас аз ҷанг дар Афғонистон бояд ба дӯши низомиёне, ки тӯли 20 сол дар ин кишвар буданд, гузошта шавад", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон дар ин нишасти амниятӣ Дебора Лион, раиси намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, аъзои толибон дар Афғонистон натавонистаанд ба густариши гурӯҳи “Давлати исломӣ”* дар ин кишвар монеъ шаванд.