СММ: Толибон дар баробари густариши ДОИШ* дар Афғонистон нотавонанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкФлаг ООН
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Намояндагони Созмони Милал дар бораи қудрати толибон дар муқобила бо густариши гурӯҳи террористии ДИИШ* дар Афғонистонро гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дебора Лион, раиси намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон дар ҷаласаи Шӯрои Амният гуфт, толибон дар Афғонистон натавонистаанд ба густариши гурӯҳи “Давлати исломӣ”* дар ин кишвар монеъ шаванд.
Лион дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, "як падидаи дигари манфии умда ин нотавонии толибон дар кори ҷилавгирӣ аз густариши "Давлати исломӣ"* аст".
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Толибон"* ДОИШ-ро "дарди сар" гуфт
Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоле аз нотавонии толибон дар баробари густариши гурӯҳи террористии ДИИШ* ҳарф мезанад, ки дирӯз низ дар ғарби Кобул ду бомбгузориро анҷом додааст.
Ёдовар мешавем, нимаи моҳи октябр раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки дар шимоли Афғонистон ҳудуди 2000 террористи ДИИШ* ҳузур дорад ва раҳбарони онҳо қасд доранд, нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ ва Русия густариш диҳанд.
Қаблан толибон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда дода буданд, ки бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ* мубориза мебаранд, аммо ба гуфтаи коршиносон, таркишҳои пай дар пай ва террорҳо нишон медиҳанд, ки дасти ин гурӯҳ дар иҷрои тааҳҳудоташ кӯтоҳ аст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисҷумҳури фирории Афғонистон, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ худро роҳбари қонунии давлат медонад, иддао дар мавриди боздошти аъзои ДОИШ* аз сӯйи толибҳоро дурӯғ хонда буд.
Амруллоҳ Солеҳ бо нашри як изҳорот дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, афродеро, ки толибҳо террорист мехонанд, аслан низомиёни собиқ, ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифин мебошанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0