Тоҷикистон барои нақзи озодиҳои динӣ боз дар феҳристи ИМА қарор гирифт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВерующий молится, архивное фото
Верующий молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии ИМА феҳристи кишварҳоеро, ки ба назари онҳо, озодиҳои динии мардумро нақз мекунанд, нав кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. ИМА феҳристи кишварҳоеро нав кард, ки дар "нақзи муназзам ва дағалона"-и озодиҳои мазҳабӣ даст доранд. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико дар бораи таҷдиди ин рӯйхат хабар дод.
Ба феҳрасти солонаи поймолкунандагони ҳуқуқи динӣ Тоҷикистон ҳам ворид шудааст.
Дар баробари Тоҷикистон, Туркманистон, Чин, Эрон ва Корея, инчунин Мянмар, Эритрея, Покистон, Арабистони Саудӣ низ дар ин рӯйхатанд.
Ба ҷои Нигерия Русия дар даҳгонаи аввал қарор гирифтааст, ки соли гузашта дар ин қатор набуд ва гуфта мешуд, нишонаҳои нақзи озодиҳои динӣ дар ин кишвар мушоҳида мешавад
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2020
Воқеият надорад! Вокуниши Кумитаи дин ба гузориши озодиҳои динии вазорати хориҷаи Амрико
Инчунин ИМА Алҷазоир, Ҷазираҳои Комор, Куба, Никарагуа ва илова бар ин толибону ДОИШ*-ро ба ин рӯйхат ворид кардааст.
Дар изҳороти котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ягон мисоли мушаххас, истинод ба гузоришҳо ё ягон пойгоҳи дигари далелҳо оварда нашудааст.
Бори аввал нест, ки Департаменти давлатии Амрико мақомоти тоҷикро барои нақзи озодиҳои динӣ танқид мекунад.
Аммо мақомоти кишвар дар гузашта гуфта буданд, ки ба интиқодҳои Департаменти давлатии Амрико розӣ шуда наметавонанд, зеро муаллифони гузориш ба маълумоти расонаҳо такя кардаанд, ки "на ҳамаашон асоси воқеӣ доранд".
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2020
Кумитаи дини Тоҷикистон гузориши ИМА оид ба озодии диниро интиқод кард
Ёдовар мешавем, бар асоси хулосаҳои дар гузориш овардашуда, котиби давлатии ИМА метавонад тавсия диҳад, ки баъзе кишварҳо ва созмонҳоро ба рӯйхати сиёҳ ворид карда, баъдан онҳоро таҳрим кунанд.
Дар соли 2020 намояндагони бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон гузориши Амрикоро ошкоро интиқод карда, қайд карданд, ки котиби департаменти давлатӣ на ба пажуҳишҳо, оморҳо ва ҳатто сафарҳои шахсӣ ба ҷумҳурӣ, балки бештар ба маълумоти расонаҳо такя кардааст ки "на ҳамаашон асоси воқеӣ доранд"
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0