Кумитаи дини Тоҷикистон гузориши ИМА оид ба озодии диниро интиқод кард

© Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон  эътимоднокии гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба озодиҳои диниро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik.  Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтааст, гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба озодии динӣ аз воқеият дур аст, хабар медиҳад "Ховар".

Российский религиовед, публицист, руководитель Центра изучения проблем религии и общества Института Европы РАН Роман Лункин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Лункин: Озодии динӣ яке аз унсурҳои сиёсати бузурги ИМА дар Осиёи Марказӣ аст

Дар шарҳи ин ниҳоди динии кишвар гуфта мешавад,  гузориш на бар пояи хулосаҳо ва маълумоти оморӣ ва тасдиқшуда, балки ба иттилооти ВАО асос ёфтааст.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин мегӯяд, ки хулосаҳои гузориш вазъи воқеиро инъикос намекунанд.

Ин ниҳод алоҳида  ба масъалаи таблиғи либоси миллӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.

“Интиқоди Амрико аз фишор ба либоспӯшии мазҳабӣ дуруст нест. Чун дар кишвар ягон қонун барои шаҳрвандон пӯшидани либоси хосеро муқаррар накардааст. Ин ҳаққи конситутсионии ҳар шаҳрванд аст”, — гуфтааст Афшини.

Номбурда гуфтааст, ҳар гуна тарғиб барои пӯшидани либоси миллӣ танҳо ба хотири ҳифзи асолати фарҳанги миллӣ аст.

Амрико Тоҷикистонро ба нақзи озодиҳои динӣ муттаҳам мекунад

Ёдовар мешавем, ахиран Амрико Тоҷикистонро мувофиқи қонун "Дар бораи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ" аз соли 1998, ҳамчун кишвари ташвишовар эътироф кард.

 

Лентаи хабарҳо
0