https://sputnik.tj/20211117/dehqone-safar-haj-darmongoh-sokht-1043590166.html
Деҳқоне бар ҷои сафар ба ҳаҷ дармонгоҳ сохт
Деҳқоне бар ҷои сафар ба ҳаҷ дармонгоҳ сохт
Sputnik Тоҷикистон
Зикриё Мадумаров дар яке аз деҳаҳои дурдасти шаҳри Турсунзода барои мардум бар ивази сафар ба ҳаҷ маркази саломатӣ сохт
2021-11-17T12:20+0500
2021-11-17T12:20+0500
2021-11-17T13:48+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
ҳаҷ
дармонгоҳ
маркази саломатӣ
деҳқон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041314192_0:134:2048:1286_1920x0_80_0_0_f32fde63fbacca4dd2cd8c63d06d5f4e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя - Sputnik. Зикриё Мадумаров, кишоварзи соҳибтаҷриба ва узви хоҷагии “Боғи Сомон” дар яке аз деҳаҳои дурдаст - деҳаи Адири ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода маркази саломатӣ сохтаааст, иттилоъ дод дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Турсунзода.Тибқи иттилои манбаъ, Зикриё Мадумаров яке аз кишоварзони соҳибтаҷриба ва узви хоҷагии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода буда, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ният намуд, ки бар ивази сафар ба ҳаҷ барои мардум хидмат кунад.“Бо ин нияти нек оғози соли равон дар яке аз деҳаҳои дурдаст ба бунёди маркази саломатии деҳот шуруъ намуд”, - таъкид кардааст манбаъ.Зикр шудааст, ки маркази саломатӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ буда, барои беш аз 700 нафар сокини деҳа пешбинӣ шудааст.Гуфта мешавад, роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар тантанаи ифтитоҳи муассисаи тиббӣ иштирок намуда, ба Зикриё Мадумаров изҳори сипос намудааст.
https://sputnik.tj/20210614/abdulqodirzoda-haj-farz-1040207157.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041314192_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_e7dc5953e9be12843e95baa07bd5877c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, турсунзода, сафар, ҳаҷ, маркази саломатӣ, дармонгоҳ
тоҷикистон, турсунзода, сафар, ҳаҷ, маркази саломатӣ, дармонгоҳ
Деҳқоне бар ҷои сафар ба ҳаҷ дармонгоҳ сохт
12:20 17.11.2021 (Навсозишуда: 13:48 17.11.2021) Зикриё Мадумаров дар яке аз деҳаҳои дурдасти шаҳри Турсунзода барои мардум ба ҷои сафар ба ҳаҷ як маркази саломатӣ сохт
ДУШАНБЕ, 17 ноя - Sputnik. Зикриё Мадумаров, кишоварзи соҳибтаҷриба ва узви хоҷагии “Боғи Сомон” дар яке аз деҳаҳои дурдаст - деҳаи Адири ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода маркази саломатӣ сохтаааст, иттилоъ дод дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Турсунзода.
Тибқи иттилои манбаъ, Зикриё Мадумаров яке аз кишоварзони соҳибтаҷриба ва узви хоҷагии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода буда, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ният намуд, ки бар ивази сафар ба ҳаҷ барои мардум хидмат кунад.
“Бо ин нияти нек оғози соли равон дар яке аз деҳаҳои дурдаст ба бунёди маркази саломатии деҳот шуруъ намуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Зикр шудааст, ки маркази саломатӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ буда, барои беш аз 700 нафар сокини деҳа пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар тантанаи ифтитоҳи муассисаи тиббӣ иштирок намуда, ба Зикриё Мадумаров изҳори сипос намудааст.