Абдулқодирзода гуфт, имсол рафтан ба Ҳаҷ фарз нест

© Sputnik / Амир ИсаевМуфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода
Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Обуна шудан
Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, имсол рафтан ба Ҳаҷ фарз нест, зеро дар ин сафар хатар ва монеаҳои зиёд мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар робита ба маҳдудиятҳои ҷоринамудаи Арабистони Саудӣ бобати Ҳаҷ изҳор дошт, ки имсол барои тоҷикистониён адо намудани Ҳаҷ фарз нест, менависад агентии Ховар.
Абдулқодира далели ин гуфтаҳояшро чунин шарҳ дод, ки "дар ин сафар монеа ва хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Сотни мусульманских паломников окружают Каабу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Ҳаҷ - 2021 низ лағв шуд: мусалмонони тоҷикро ба зиёрати Хонаи Худо иҷозат намедиҳанд
Зимнан, ӯ тавҳеҳ дод, ки дар тӯли таърих маротибаи панҷум мешавад, ки ҳаҷ кардан барои мусалмонон дар ҳарам манъ кара мешавад.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳат дод, онҳое, ки нияти ҳаҷ намуда, сафархарҷиашонро ҷамъ намудаанд, хуб мешавад, агар он маблағро барои ободонии манзили зисти хеш ва атроф сарф намуда, ба оилаҳои камбизоату ниёзанд, инчунин шахсони маъюбу ятим дасти кӯмак дароз кунанд.
"Ман аз ҳамаи онҳое, ки азми сафари муборак карда буданд, хоҳиш мекунам маблағҳои пасандозашонро, ки дар даст доранд, барои ободонӣ ё корҳои хайр анҷом бидиҳанд ва фурсатро ғанимат дониста, аз ин савоб худро маҳрум насозанд", - таъкид намуд муфтӣ.
Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе, 12 июн эълом дошт, ки ба 60 ҳазор сокинони алайҳи Covid-19 эмгузаронишуда соли равон барои адои маросими ҳаҷ иҷозат медиҳад.
Аммо, соли дуюм аст, ки пайдарпай ба мусалмонони хориҷӣ барои адои маросими ҳаҷ иҷозат дода намешавад. Шоҳигарӣ изҳор доштааст, ки кишварҳои дигарро аз тасмимаш дар мавриди роҳ надодани зоирон аз кишварҳои хориҷӣ огоҳ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0