Таъкиди олимони ҷаҳон бар эҷоди ҳукумати фарогир дар Афғонистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкСоборная Ак-мечеть (Белая мечеть) , архивное фото
Соборная Ак-мечеть (Белая мечеть) , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Олимони динии ҷаҳони ислом бар эҷоди ҳукумати фарогир дар Афғонистон, ҳамчунин бар муттаҳид будани кишварҳои исломӣ дар мубориза бо ДИИШ (мамнуъ дар Русия) таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Олимони дини ҷаҳони ислом ва бархе аз чеҳраҳои сиёсии ҳафт кишвар ба шумули Афғонистон, Эрон, Покистон, Хорватия, Фаластин, Ироқ ва Ҳинд хоҳони ташкили давлати фарогир дар Афғонистон шуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба “TOLOnews”.
Онҳо дар як нишасти маҷозӣ рӯйи таҳавуллоти ахир дар Афғонистон гуфтугӯ ва таъкид карданд, ки толибон барои эҷоди давлати фарогир, сулҳомезу пойдор бояд гомҳои муҳимро бардоранд.
Онҳо ҳамчунон ба ваҳдати кишварҳои исломӣ дар мубориза бо ДИИШ (мамнуъ дар Русия) таъкид карданд. Ин олимон таъсиси ҳукумати фарогирро яке аз пояҳои асосии кишвари орому осоишта медонанд.
Оятуллоҳ Сайид Ёсин Мусавӣ, имоми ҷумъаи Бағдод аз Ироқ гуфт: "Имкон надорад, ки як қавм хос бошад ва бақияи ақвомро дар назар нагиред ва дар чунин ҳол ин ҷидол дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд. Зеро маълум аст, ки дар Афғонистон як қавм дар қудрат асту бақия ақвом ба дунболи ҳуқуқашон ҳастанд”.
Министр иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдумом Шахом Махмудом Куреши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Қурайшӣ: Ҷаҳон хоҳони як ҷанги дохилии дигар дар Афғонистон нест
Эҳтироми ҳуқуқи зан ва ҳифзи арзишҳои башарӣ масъалаи дигаре аст, ки уламои ҷаҳони исломи ҳафт кишвар ба он таъкид карданд.
Ҳуҷҷат-ул-ислом Сайид Зафар Нақавӣ, муовини раҳбари шиаҳои Покистон гуфт: "Толибон, ки ҳоло дар Афғонистон ҳукумат таъсис додаанд ва шиори онҳо ҳукумати исломӣ аст, мо аз ин истиқбол мекунем, аммо таъкид мекунем, ин гурӯҳ бояд таърихе дошта бошад. Дарси ибрат гиред ва хатоҳои гузаштаро такрор накунед”.
Шайх Азиз Ҳасанович, муфтии аъзами мусалмонон дар Хорватия гуфт: "Дари ҳукумати нав бояд ба рӯи тамоми мардуми Афғонистон боз бошад ва ҳуқуқи тамоми мардум, ҳуқуқи занон, дигар қавмҳо ба назар гирифта шавад. Агар онҳо (Толибон) худро узви уммати муттаҳидаи исломӣ медонанд, бояд ҳамин тавр бошад. Ман онҳоро ба ин даъват мекунам".
Раисҷумҳури пешини ин кишвар, ки бовар дорад, дар вазъияти кунунӣ ин сарзамин аз таъмини сулҳи домӣ ва таҳкими амнияту субот фосила дорад, аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳад содиқона дар баробари ҳаросафганӣ бо Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Сироҷиддин Муҳриддин хостори кумак ба мардуми Афғонистон шуд
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон гуфт: "Агар шумо воқеан дар бораи амнияти худу ҷаҳон нигарон бошед ва ба тааҳҳудоти онҳо дар баробари Афғонистону мардуми ин кишвар содиқ бошед, дар ин марҳилаи муҳими ҳаёт барои эҷоди сулҳ ва суботу убур аз вазъи шикананда, душвори кунунӣ бо мардуми Афғонистон ҳамкорӣ намоед”.
Сайид Юсуф Ҳусейни Надавӣ, мудири ҷамъияти Сайид Аҳмад Шаҳид Лакхнау дар Ҳинд гуфт: "Ҷомеаи байналмилалӣ низ шартҳои ин робитаро муқаррар кардааст". Аз ин рӯ мардум ва Ҳукумати Афғонистон агар мехоҳанд бо ҷаҳониён иртибот дошта бошанд, бояд ин шартҳоро риоя кунанд”.
Аз сӯйи дигар Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, кишварҳои ҷаҳон дар мавриди ба расмият шинохтани Афғонистон дидгоҳи рӯшан надоранд.
Қаблан бархе аз кишварҳои минтақа дар Ҳинд роҷеъ ба Афғонистон нишасте баргузор карданд ва ба муҳим будани ташкили ҳукумати фарогир таъкид намуданд.
Лентаи хабарҳо
0