Сироҷиддин Муҳриддин хостори кумак ба мардуми Афғонистон шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон аз мавқеи ЮНЕСКО дар мавриди ҳифзи мероси таърихии Афғонистон пуштибонӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ба мардуми Афғонистон ба таври оҷил кумаки башардӯстона расонанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин вазорат.
Ҷаноби вазир ин дархостро дар сессияи 41-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Порис ироа кард.

"Вазири умури хориҷӣ пуштибонии Тоҷикистонро аз мавқеи ЮНЕСКО барои ҳифзи мероси таърихии ин кишвар эълом карда, даъвати ҷумҳуриро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба тамоми давлатҳои манфиатдор барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон тавассути созмонҳои байналмилалӣ ироа кард", - омадааст дар хабарнома.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз ташаббусҳои кишвар дар мавриди эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо пуштибонӣ кунад.
Аз 9 то 24 ноябри соли ҷорӣ дар Порис сессияи чилу якуми Конференсияи генералии ЮНЕСКО барпо мегардад.
Афганцы у центра выдачи паспортов в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико вахим шуд. То нимаи моҳи август, дар пасманзари хуруҷи контингенти низомии Амрико аз Афғонистон толибон ҳама шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Ҳамзамон ҷангҷӯён кафолат доданд, ки ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ нияти ҳамларо надоранд. Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис шуд, ки ба он вазири пешини умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард.
Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва ин ҷумҳуриро тарк кард.
Лентаи хабарҳо
0